Jump to content

Википедиа:Мақолаҳои баргузида

Мавод аз Википедиа — донишномаи озод
↱ ВП:БАРГ
✯
Пиктограммаи мақолаи баргузида
Мақолаи баргузидаМақола
Календарь

Мақолаҳои ба наздикӣ баргузида

[вироиши манбаъ]
Мақбара ва осорхонаи Мавлонои Балхӣ дар Куния
Мавлоно Ҷалолуддин Муҳаммади Балхӣ (форсӣ: محمد ابن محمد ابن حسین حسینی خطیبی بکری بلخی‎; 30 сентябр 1207, Балх, Давлати Хоразмшоҳиён17 декабри 1273, Қуния) маъруф ба Румӣ, Мавлоно ва Мавлавӣ — ориф ва адабиёти форс-тоҷик.

Зиндагинома

[вироиши манбаъ]

Мавлоно Ҷалолуддини Балхӣ (Румӣ) тахминан соли 1207 дар Вахш (дар ҳудуди Тоҷикистони ҳозира) ба дунё омадааст. Маълумоти ибтидоиро дар зодгоҳаш гирифтааст. Номаш Аҳмад Ҷалолуддин тахаллусаш бо Мавлавӣ машҳур аст. Падараш аз олимони Балх буд. Дар ибтидои ҳуҷуми муғулҳо ӯ бо волидайни худ аз Вахш ба Балху Самарқанд ва Нишопур сафар кардааст. Баъдан оилаи онҳо аз Нишопур ба Ҳиҷоз мекӯчанд. Соли 1232 дар Куния, назди Сайид Бурҳонуддин Муҳаққиқи Тирмизӣ илми тасаввуфро азхуд мекунад. Мавлоно Балхӣ соли 1273 дар Кунияи Рум вафот кардааст. Бузургтарин асари у "Маснавии Мавлавӣ", ки соли 1259 ба навиштан ин асар сар кардааст ва зиёда аз 10-сол ба эҷоди ин асар машғул гаштааст. Мавзӯи асосии ин асар масъалаҳои тасаввуф мебошад. Аз шоир ба мо 50-ҳазор байт, 1600 рубоӣ боқӣ мондааст. ...Дар Қуния Мавлоно ҳурмату ҳишмати тамом дошт. Подшоҳони салҷуқии Рум, хосса, Иззуддини Кайковус ва Рукнуддини Қалиҷ Арслон нисбат ба ӯ иродат меварзиданд. Муъинуддини Парвона ба маҷлиси ӯ рафту омад мекард ва ҳадяву ниёз медод. Садруддини Қунавӣ — орифи номдори вилоят дар ҳаққи вай такрими бисёр мекард. Сироҷуддини Армавӣ, ки аз донишмандони баноми аср буд, дар вай ба чашми бузургӣ медид. Фахруддини Ироқӣ ва Наҷмуддини Розӣ суҳбати вайро муғтанам мешумурданд. Ҳатто, қавле ҳаст, ки Шайх Саъдӣ низ ҷиҳати дарки суҳбати ӯ аз Форс ба Рум омад. Ба ҳар ҳол, шак нест, ки дар Қуния Мавлавӣ ному овозаи баланд дошт ва маҷлиси ӯ гузашта аз муридону шогирдони бисёр ҳозирону мустамеъони номовару муҳташами дигар низ меёфт. Бо ин ҳама Ҷалолуддин марди бетакаллуф, сода ва некмаҳзар буд. Бештар бо дарвешону пешаварон нишасту бархост дошт ва дар муомила бо муҳташамон густоху бепарво буд. Бо вуҷуди лоғариву зардрӯй ҳишмату маҳобати қавӣ дошт. Агарчи либоси содаи сӯфиёна мепӯшид, мардум дар вай ба чашми аҳли ҳишмат медиданд. Бо ин ҳама, дар маҷлиси ӯ аз ҳар дастаи мардум роҳ доштанд. Ҳатто, як тарсои маст метавонист дар самоъи ӯ ҳозир шавад ва шӯру арбада кунад. Ва қассоби арманӣ, агар ба вай бармехӯрд, аз вай тавозӯъҳои шигифт медид. Дар бурдбориву шикебоӣ ҳавсалаи каммонанд дошт.

Толибилме, ки бо сӯфия душманӣ дошт, дар сари ҷамъ бо вай гуфт: «Аз Мавлоно нақл кунанд, ки ҷое гуфтааст «ман бо ҳафтоду се мазҳаб якеам», оё ин сухан Мавлоно гуфтааст?», гуфт: «Оре, гуфтаам». Он мард забони таън бигшод ва Мавлоноро дашном дод. Мавлоно бихандид ва гуфт: «Бо ин низ, ки ту мегӯӣ, якеам», якрангиву сулҳҷӯии ӯ то бад-ин ҳадд буд ва бо ринду зоҳид ва габру тарсо чунин мезист. (бештар...)



Акси С. Айнӣ ва Б. Ғафуров

Садриддин Айнӣ (Садриддин Сайидмуродзода Айнӣ, форсӣ: صدرالدین عینی‎) — бунёдгузори адабиёти шуравии тоҷик, нависанда, олим, академик ва нахустин Президенти Академияи илмҳои Тоҷикистон (1951- 1954), Ходими хизматнишондодаи илми ҶШС Тоҷикистон, академики фахрии Академияи илмҳои ҶШС Ӯзбекистон. Қаҳрамони Тоҷикистон(1997).[1] Сардафтари адабиёти навини тоҷик ва Қаҳрамони миллии Тоҷикистон Садриддин Сайидмуродзода Айнӣ 27 (15) апрел 1878 дар деҳаи Соктареи тумани Ғиждувони Аморати Бухоро (дар ноҳияи Ғиждувони вилояти Бухорои Ўзбекистон) ба дунё омадааст. Фарзандаш ховаршиноси барҷастаи Тоҷикистон Айнӣ Камол. Падараш Саидмуродхоҷа кишоварз буд, аммо чун худ соҳиби хату савод буд, кӯшиш мекард, ки фарзандонаш низ донишомӯхтаву донишманд бошанд. Аз ин рӯ, писараш Садриддин Айниро дар шашсолагӣ (6) ба мадрасаи рустояшон дод. Устод Айнӣ донишомӯзияшро дар он мадраса дар достони «Мактаби кӯҳна» тасвир карда ва дар «Ёддоштҳо» мегӯяд: «Чунон ки падарам дид, дар он мактаб ман саводи амиқ гирифта натавонистам ва маро ба мактаби духтарона дод». Дар мактаби духтарона Садриддин чанд ҷузъ аз Бедил ва чанд ҷузъ аз ғазалиёти Соибро хонда дар даҳсолагӣ мактабро хатм мекунад. Аммо бачагии Садриддин Айнӣ дар оғӯши падару модар дер давом накард. Вабое, ки соли 1889 Бухоро ва атрофи онро фаро гирифт, дар чиҳил рӯз ӯро ҳам аз падар ва ҳам аз модар ҷудо кард. Орзую ҳаваси илму шеър Айниро дар 12-солагӣ ба Бухоро овард. Ба мадрасаҳои Бухоро дохил шудан ва дониш гирифтан барои Айнӣ барин фақирзодагони илмҷӯ хеле мушкил буд. Вале ӯ ба шарофати ҳавасмандӣ ва толиби илм буданаш тамоми душвориҳои рӯзгор ва омӯзишро паси сар карда, 16 сол дар мадрасаҳои Бухоро таҳсил намудааст. Айнӣ дар мадрасаҳои мири Араб, Олимҷон, Бадалбек, Ҳоҷӣ Зоҳид ва Кӯкалдош таҳсил карда, соли 1908 онро хатм мекунад. Муддати 27 соли зиндагӣ дар Бухоро Айнӣ боз аз ду мактаби дигар гузаштааст: яке мактаби меҳнат ва дигаре мактаби ҳаёт. Барои ёфтани қути лоямуташ ӯ аз ҳеҷ кору заҳмат даст накашидааст: гоҳ фарроши мадраса, гоҳ ошпаз, гоҳ ҷомашуй, гоҳ мардикор буд. (бештар...)

Абӯбакр Муҳаммад ибни Закариёи Розӣ (форсӣ: زکریای رازی‎) (англ. Abu Bakr Muhammad ibn Zakariya ar-Raziy) — олим, кимиёгар, файласуф, табиб табиатшиноси машҳури асрҳои VIII – IX – и аҳли форсу тоҷик. Арабҳо ӯро «табибу-л-муслимин» ва ба муносибати ба забони арабӣ будани китобҳояш ӯро «Ҷолинусу-л-араб» номидаанд.

Абӯбакр Муҳаммад ибни Закариё ибни Яҳёи Розӣ дар шаҳри Рай 28 августи соли 865 мелодӣ (соли 251 ҳиҷрӣ) дар оилаи косиб таваллуд шудааст. Солҳои тифлию айёми ҷавонии ӯ дар зодгоҳаш мегузарад. Аз маълумоте, ки дар «Китоб-ут-тиб – ул – Мансурӣ» мавҷуд аст, бармеояд, ки донишманд дар аввалҳои умр бо касби заргариву саррофӣ шуғл варзида, дар як давраи муайян ба ҳаваси кимиёгарӣ дар пайи омӯхтани илми кимиё мегардад. Абӯрайҳони Берунӣ (973 -1048) дар «Феҳрасти майлу рағбат доштани Закариёи Розӣ» ном асараш дар бобати ба илми кимиё шавқу ҳавас доштани Закариёи Розӣ чунин гуфтааст: «Наздикӣ ба оташ ва бӯйҳои тунд чашми ӯро маъюб сохт ва ӯ ба сӯи муолиҷа ва мудово ва сипас ба илми пизишкӣ кашонид». Розӣ аз овони ҷавонӣ бо омӯхтани илму адаб ба василаи китобу навиштаҷот, маҳфилҳо ва баҳсу мунозирот дилбастагии махсусе доштааст. Ҳисси кунҷковию кӯшиши донишандӯзии ӯро дақиқае тарк нанамуданд. Тазаккур бояд дод, ки Муҳаммад Закариёи Розӣ дар овони ҷавонӣ монанди дигар кимиёгарон аз пайи орзуи ёфтани иксир шуда буд, ки ба воситаи он маъданҳоро ба тилло баргардонад, валекин баъдтар аз ин амал даст кашид ва ҷилави истеъдоди донишро бар сӯйи майдони илми тиб, ҳикмат, риёзиёт, фалакиёт ва адабиёт баргардонид. Закариёи Розӣ аввал ба хидмати ҳокими Рай – Мансур ибни Исҳоқ ибни Аҳмад ибни Асад, ки солҳои 290 – 296 ҳиҷрӣ (902-908) ҳукуматдорӣ кардааст, ба вазифаи сарвари бемористон адои вазифа намуда, баъд аз чанд соли хидмат ин мутафаккири барҷаставу табиби ҳозиқро ҳокими Бағдод ба дарбори худ даъват мекунад. Дар сарчашмаҳо оид ба сарвари бемористони Бағдод таъин шудани Закариёи Розӣ ривоятҳои зиёд оварда шудаанд. Закариёи Розӣ баъд аз солҳои зиёд дар бемористони Бағдод хидмат намудан ва соҳиби тахаллуси «табиби мористонӣ» шудан ба зодгоҳаш бармегардад. Ӯ як қисми умрашро дар Мовароуннаҳр гузаронида ва бо доираҳои илмии ин кишвар робитаҳо дошта аст. Дар охири умри худ нобино шуда, дасташ аз кор монда будааст. Файласуф ва табиби мушкилкушо, кимиёгари маъруф Закариёи Розӣ дар байни солҳои 320 ҳиҷрӣ (25 октябри соли 925 мелодӣ) аз олам чашм пӯшидааст. Аз оғози ҷавонӣ ва таҳсилоти ӯ иттилое дақиқ ҷуз он чӣ тазкиранависон навиштаанд, дар даст нест. Дар бархе аз сарчашмаҳои асримиёнагӣ омадааст, ки Закариёи Розӣ гӯё Мансур ибни Нӯҳ ибни Насрро (ҳукмрониаш с-ҳои 961 – 976) табобат кардааст. Бархе гуфтаанд, ки ӯ дар айёми ҷавонӣ заргарӣ мекардааст ва баъзе навиштаанд, ки ӯ дар оғоз сарроф будааст. Пешаи заргарӣ ва саррофӣ таваҷҷӯҳи ӯро ба самти илми кимиё равона кардааст, то ки битавонад гавҳари филизотро дигаргун созад. Дар натиҷаи шуғли пайвастааш бо ин фан, наздикӣ ба оташ ва бӯйҳои тунд чашмҳои ӯ дучори беморӣ гардиданд ва ӯ аввал ба муолиҷа пардохта, сипас ба тиб рӯй овардааст.(бештар...)


Дастархони наврӯзӣ
Сумалак

Наврӯз (порсӣ: نوروز , курдӣ: Newroz) — Иди баҳор ва Соли Нав. Ҷашни қадими ва анъанавии мардуми эронинажод, аз ҷумла тоҷикон (баъдтар дар байни дигар халқҳои ғайриэронӣ низ расм шудааст), ки ба рӯзи аввали солшумории шамсӣ-1-уми аввали ҳамал ё 21-уми марти солшумории милодӣ рост меояд. Наврӯзро дар баъзе ноҳияҳо "Иди сари сол" низ меноманд. Тақрибан зиёда аз 3 ҳазор сол қабл Наврӯз марбути кори деҳқонӣ пайдо шуда, минбаъд такмил ёфтааст. Таърихи ташаккули Наврӯз бо эҳё гардидани табиат дар баҳорон, ки пас аз зимистон фаро мерасад, вобаста аст.

Тибқи маълумоти расмӣ Наврӯз ҳоло дар 11 кишвари ҷаҳон ҷашни расмии миллӣ бо рӯзҳои истироҳат ба шумор меравад. Афғонистон - 21 март; Эрон - аз 20 то 23 март; Озарбойҷон - аз 20 то 26 март; Қазоқистон - аз 21 то 24 март; Туркманистон - аз 20 то 23 март; Қирғизистон ва Курдистон - 21 март; Албания (Рӯзи Баҳор) - аз 20 то 23 март; Косово - 21 март рӯзҳои истироҳат аст.[2] Дар Тоҷикистон ҷашни Иди байналмилалии Наврӯз - 21 март-24 мартбаргузор мегардад.[3]

Бояд гуфт ки манша ва замони пайдоиши Наврӯз, ба дурустӣ маълум нест. Аммо ин ҷашн таърихи зиёда аз сеҳазорсола дорад ва куҳантарин оини миллӣ дар ҷаҳон ба шумор меравад. Абурайҳони Берунӣ донишманд ва олими қарни даҳум дар китоби машҳури худ «Осор-ул-боқия» аз забони Алӣ бинни Яҳё навиштааст, ки «Рӯзи Наврӯз ягона рӯзест, ки тағирнопазир аст» ва дар китобаш «Ал-тафҳим» менигорад ки «нахустин рӯз аст аз Фарвардинмоҳ ва аз ин ҷиҳат рӯзи нав карданд, зеро ки нишонии соли нав аст».

Ҳикояту ривоятҳо дар бораи иди Наврӯз хеле бисёранд. Абурайҳони Берунӣ дар китоби «Ал-тафҳим» овардааст, ки
«чун Ҷамшед ба подшоҳӣ расид, динҳо аз нав кард ва ин кори хеле бузург ба назар омад ва он рӯзро, ки рӯзи тоза буд, Чамшед ид гирифтӣ, агарчи пеш аз он ҳам Наврӯз бузургу муаззам буд»
. (бештар...)
География
География

Ҷуғрофия

[вироиши манбаъ]
Мазараҳои Тоҷикистон
Мазараҳои Тоҷикистон

Кишварҳо ва қаламравҳо: Бангладеш ТоҷикистонБаҳрайнАфғонистонАвстралияГуам
Маҳалҳои аҳолинишин: БангкокСамарқандТошкандБағдодАммонБейрутБалхГулистон (шаҳр)ҚандаҳорБохтарТурсунзодаҲисор‎ Хуҷанд
Ҷазираҳо: Пуэрто РикоБали ВирҷинияҶазираҳои Шимолии МарианаБалеар
Кӯлҳо ва рӯдҳо: ПанҷЗарафшондарёОмударёСарезСирдарё
Объектҳо: Бешаи палангонБоғи А. РӯдакӣБоғи ПойтахтБоғи ИрамБоғи ботаникии ПомирБоғи миллии Тоҷикистон
Вожаҳо: Ёдгориҳои табиатШаршараПирях
Халқҳо: инглисҳотоҷикон

Кӯҳои Мазори Шариф (Панҷакент
Кӯҳои Мазори Шариф (Панҷакент
Нормандское вторжение в Англию. Фрагмент ковра из Байё, конец XI века
Нормандское вторжение в Англию. Фрагмент ковра из Байё, конец XI века

Дунёи қадим: Асри биринҷӣШоҳаншоҳии ҲахоманишиҳоТахти ҶамшедАхарунСаразмИлиадаОдиссея
Асрҳои миёна: ВизантияИмперотурии УсмонӣХилофати АрабХилофатХилофати УмавиёнХилофати АббосиёнИсъёни Муқаннаъ
Давраи нав: МанғитияМаорифпарварӣАштархониёнБа Русия ҳамроҳ гардидани Осиёи Миёна
Давраи навтарин: Амир ОлимхонҶХШ БухороВладимир ЛенинҶМШС ТоҷикистонҶШС ТоҷикистонБорис ЕлтсинМаҳатма ГандӣБобоҷон ҒафуровИслом Каримов
Таърихи давлатҳо, маҳалҳо ва давлатҳои таърихӣ: ВизантияМулки Истравшан (Усрушана)Давлати СомониёнАморати БухороТаърихи Тоҷикистон

Иқтисод ва молия

[вироиши манбаъ]

Фарҳанг ва ҷомеъа

[вироиши манбаъ]

Варзиш ва дилхушӣ

[вироиши манбаъ]


Наука
Наука


Шахсиятҳо

[вироиши манбаъ]


Дар бораи муаллифон
Дар бораи муаллифон

Дар бораи муаллифон

[вироиши манбаъ]
  1. Нависандагон,Садриддин Айнӣ
  2. Сайри ҷаҳонии Наврӯз.//Ба қуллаҳои дониш.Нашрияи ДМТ. - 2013, № 6 (1333), 15 марти 2013
  3. Қонунҳо ва қарорҳо.Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон