Jump to content

Хондамир

Мавод аз Википедиа — донишномаи озод
Хондамир
Таърихи таваллуд тақрибан 1475
Зодгоҳ
Таърихи даргузашт тақрибан 1534
Маҳалли даргузашт
Кишвар
 Парвандаҳо дар Викианбор

Ғиёсуддин ибни Ҳумомуддин (форсӣ: غیاث‌الدین بن همام‌الدین‎, маъруф ба Хондамир, форсӣ: خواندمیر‎; тақрибан 1475, Ҳироттақрибан 1534, Деҳлӣ) — таърихнигори форс-тоҷик, набераи Мирхонд.

Зиндагинома

[вироиш | вироиши манбаъ]

Аввалҳо дар дарбори Темуриён — Ҳирот хизмат кардааст. Баъди сарнагун шудани сулолаи Темуриён дар Ҳирот, Xондамир муддате дар дарбори Исмоили Сафавӣ хидмат карда, соли 1528 ба маркази Империяи Темуриёни Ҳинд — шаҳри Деҳлӣ рафт. Дар замони ҳукмронии Бобур ва писари ў — Ҳумоюн зиндагӣ ва хизмат кардааст. Xондамир дар юришҳои Ҳумоюн иштирок карда, шоҳиди бисёр воқеаҳои таърихӣ буд. Дар Ҳиндустон асари сеҷилдаи худ «Ҳабибу-с-сияр»-ро навиштааст, ки он таърихи Эрон, Осиёи Миёна ва дигар мамлакатҳои Шарқи охири қарни 15 — аввали қарни 16-ро дар бар мегирад. Xондамир инчунин муаллифи асарҳои «Дастуру-л-вузаро», «Ҳумоюннома» ё «Қонуни Ҳумоюн» буда, ҷилди 7-ум ва хотимаи «Равзату-с-сафо»-и Мирхондро низ навиштааст.

Нигаред низ

[вироиш | вироиши манбаъ]
  • Хондамир / Л. Валиев // Ховалинг — Ҷӯяк. — Д. : СИЭСТ, 1988. — (Энциклопедияи Советии Тоҷик : [дар 8 ҷ.] / сармуҳаррир М. Д. Диноршоев ; 1978—1988, ҷ. 8).