Фердинанд Вюстенфелд
Таърихи таваллуд | 31 июл 1808[1] |
---|---|
Зодгоҳ | |
Таърихи даргузашт | 8 феврал 1899[1] (90 сол) |
Маҳалли даргузашт | |
Кишвар | |
Ҷойҳои кор | |
Парвандаҳо дар Викианбор |
Ҳенрих Фердинанд Вюстенфелд (олмонӣ: Heinrich Ferdinand Wüstenfeld; 31 июл 1808[1], Ҳонн. Мунден[d] — 8 феврал 1899[1], Ҳаннофер, Подшоҳии Пруссия[d]) — шарқшиноси олмонӣ, ҳамчун таърихшиноси адабии адабиёти арабӣ маъруф буд, дар шаҳраки Мюндени шаҳри Ҳановер таваллуд шудааст.
Зиндагинома
[вироиш | вироиши манбаъ]Дар донишгоҳи Гёттинген ва Берлин забонҳои арабӣ, ибрӣ, суриёнӣ, форсӣ ва санскритро омӯхт. Пас аз хатми таҳсил дипломи докториро дар Донишгоҳи Гёттинген гирифт (1831). Фаъолияти илмию эҷодии Фердинанд Вюстенфелд дар Донишгоҳи Гёттинген ҷараён дошт. Дар китобхонаи Донишгоҳи Гёттинген кор мекард, дар айни замон аз забонҳои сомӣ, мас., забон ва адабиёти арабӣ дарс мегуфт. Беш аз 200 дастнависи китобҳои арабиро веросторӣ карда, ба табъ расонидааст, ки «Табақоту-л-ҳифоз»-и Заҳабӣ, «Вафёту-л-аъён»-и Ибни Халликон, «Муъҷаму-л-булдон»-и Ёқути Ҳамавӣ, «Аҷоибу-л-булдон ва аҷоибу-л-махлуқот»-и Қазвинӣ, «Сираи Ибни Ҳишом» намунае аз онҳоянд. Ба қалами Фердинанд Вюстенфелд инчунин асарҳои «Татбиқи солҳои милодӣ ва ҳиҷрии қамарӣ», «Ҷадовили ансоби қабоил ва хонадонҳои араб» ва ғ. тааллуқ доранд. Фердинанд Вюстенфелд бар асари пуркорӣ, хониши дастнависҳо, нусхабардориҳо дар охири умр нобино шуд.
Эзоҳ
[вироиш | вироиши манбаъ]- ↑ 1.0 1.1 1.2 1.3 Bibliothèque nationale de France идентификатор BNF (фр.): платформаи додаҳои боз — 2011.
Адабиёт
[вироиш | вироиши манбаъ]- Вустенфилд Ҳенри // Вичлас — Гӯянда. — Д. : СИЭМТ, 2015. — (Энсиклопедияи Миллии Тоҷик : [тахм. 25 ҷ.] / сармуҳаррир Н. Амиршоҳӣ ; 2011—2023, ҷ. 4). — ISBN 978-99947-33-77-4.