Ноҳияи Фархор
Кишвар | Тоҷикистон |
---|---|
Тобеъи | Вилояти Хатлон |
Маркази маъмурӣ | Фархор |
Таърих ва ҷуғрофиё | |
Таърихи таъсис | 23 ноябр 1930 |
Масоҳат |
|
Вақти минтақавӣ | UTC+05:00 |
Аҳолӣ | |
Аҳолӣ | 179 100[2] нафар (2022) |
Миллият | тоҷикон, узбакҳо |
Мазҳаб | мусулмонон |
Забони расмӣ | тоҷикӣ |
Шиносаҳои ададӣ | |
Коди телефон | 3316 |
Нишонаи почта | 735140 |
Ноҳияи Фархор (форсӣ: ناحیۀ فرخار) — яке аз ноҳияҳои идории вилояти Хатлон аст ва дар ҷануби Ҷумҳурии Тоҷикистон ҷой дорад.
Ин ноҳия 23 ноябри соли 1930[3] дар бахше аз вилояти Кӯлоб дар Ҷумҳурии Шӯравии Сосиалистии Тоҷикистон таъсис ёфта аст[4].
Маркази ин ноҳия шаҳраки Фархор аст
Ҷойгоҳ
[вироиш | вироиши манбаъ]Ноҳияи Фархор бо сарзамине 1183,1 км² дар дараи рӯди Панҷ дар марз бо Афғонистон ҷой дорад. Дар шимол бо ноҳияҳои Данғара ва Восеъ, дар шарқ — бо ноҳияи Ҳамадонӣ, дар ғарб — бо ноҳияҳои Вахш ва Румӣ ва дар ҷануб — бо ноҳияи Панҷ аз ноҳияҳои вилояти Хатлон ва вулусволии Дарқад аз бахшҳои Вилояти Тахор дар Афғонистон ҳаммарз аст.
Таърих
[вироиш | вироиши манбаъ]Дар сарзамини Фархор осори бисёре аз гаҳи бостон мавҷуд аст, ки куҳантаринашон аз асри санг бозмондааст[5]. Аз осори садаҳои миёна дар ин сарзамин вайронаҳои Шӯртеппа ё Мазортеппа аст, ки 3 км шимолтар аз Фархор ҷой доранд.
Сарзамини кунунии ноҳияи Фархор дар садаҳои миёна бахше аз вилояти торихии Хутталон буд. Номи Фархор дар манобеъи садаҳои миёна ба гунаҳои «Форғар» (форсӣ: فارغر) ё «Борғар» (форсӣ: بارغر) омада [6] ва дар он замон сарзаминеро меномиданд ки миёни рӯдҳои Порғар и Ахшу ҷой дошт. Ин ҷойном дар асл «Порғар» (форсӣ: پارغر) буда ва «Форғар» (форсӣ: فارغر) ва «Борғар» (форсӣ: بارغر) арабишудааш аст.
Ҳаким Абулқосим Фирдавсӣ дар «Шоҳнома» аз ҷойноми «Форғар» дар достони ҷангҳои подшоҳи Турон Афросиёб ёд мекунад[7].
Дар садаи X м. Фархор сарзамине ободон ва дорои кишту барзи фаровон ва мардуми бисёр буд[8]. Дар садаи XVII м. ин сарзаминро «Форхар» (форсӣ: «فارخر») мехондаанд[9].
Пас аз инқилоби Бухоро дар соли 1920 ва таъсиси Ҷумҳурии Мухтори Шӯравии Сотсиалистии Тоҷикистон Фархор бахше аз вилояти Кӯлоб гардид.
Мардум
[вироиш | вироиши манбаъ]Бар пояи омори соли 2016, ноҳияи Фархор 155,7 ҳаз. тан ҷамъият дошт.[10]. Мардуми Фархор ба забони тоҷикӣ ва узбакӣ сухан мегӯянд.
Сол | 2021 | 2022 |
Аҳолӣ, ҳазор наф. |
175,7 | 179,1 |
Бахшбандӣ
[вироиш | вироиши манбаъ]Бар асоси Қонуни тақсимоти кишварӣ, ноҳияи Фархор 1 шаҳрак ва 8 ҷамоат[11] дорад:
Ҷамоатҳои ноҳияи Фархор | |||||||||||
Ҷамоат | Аҳолӣ | ||||||||||
---|---|---|---|---|---|---|---|---|---|---|---|
Фархор, шаҳрак | 19 338 | ||||||||||
Ватан | 16 749 | ||||||||||
Хутан | 9 263 | ||||||||||
Гулшан | 9 066 | ||||||||||
Дарқад | 9 270 | ||||||||||
Деҳқонобод | 9 076 | ||||||||||
Зафар | 9 263 | ||||||||||
Истиқлол | 10 358 | ||||||||||
Хуросон | 15 000 |
Ҳукумат
[вироиш | вироиши манбаъ]Сарвари ноҳияи Фархор Раиси Ҳукумати он аст, ки вайро Раиси Ҷумҳурии Тоҷикистон таъйин мекунад. Ниҳоди қонунгузори ноҳияи Фархор Маҷлиси намояндагони халқӣ мебошад ки онро раъйдиҳандагони ноҳияи Фархор барои 5 сол интихоб мекунанд.
Иқтисодиёт
[вироиш | вироиши манбаъ]Ин зерсаҳифа ҳанӯз нонавишта аст. Мувофиқи фикри яке аз корбарони Википедиа, дар ин ҷо бояд мавзӯъи хусусии зерсаҳифа бошад. Шумо метавонед кӯмак расонед ва ин зерсаҳифаро эҷод кунед. |
Маориф ва фарҳанг
[вироиш | вироиши манбаъ]Ин зерсаҳифа ҳанӯз нонавишта аст. Мувофиқи фикри яке аз корбарони Википедиа, дар ин ҷо бояд мавзӯъи хусусии зерсаҳифа бошад. Шумо метавонед кӯмак расонед ва ин зерсаҳифаро эҷод кунед. |
Беҳдошту беҳзистӣ
[вироиш | вироиши манбаъ]Ин зерсаҳифа ҳанӯз нонавишта аст. Мувофиқи фикри яке аз корбарони Википедиа, дар ин ҷо бояд мавзӯъи хусусии зерсаҳифа бошад. Шумо метавонед кӯмак расонед ва ин зерсаҳифаро эҷод кунед. |
Адабиёт
[вироиш | вироиши манбаъ]- Абулькасим Фирдоуси. Шах-наме. Критический текст, в 9 томах. — М.: Наука, 1966—1971. Т.4.
- «Ҳудуд ул-олам мин ал-Машриқ илал-Мағриб» (соли 372 ҳиҷрии қамарӣ = 982 милодӣ). Вироиши доктор Манучеҳр Сутуда. – Теҳрон: Интишороти китобхонаи Таҳурӣ, 1362 ҳ.ш. / 1983 м.
- Махмуд ибн Вали. Море тайн относительно доблестей благородных (География). Введение, перевод, примечания, указатели Б. А. Ахмедова. — Ташкент: Фан, 1977. — 166 с. и 16 с. текста факсимиле.
- Окладников А. П. Исследования памятников каменного века Таджикистана. Труды Таджикской археологической экспедиции. Т. 3. — М.-Л.. 1958.
- Shamsaddin Abu Abdullah Mohammad ibn Ahmad al-Moqaddasi. Descriptio Imperii moslemici. Ed. M. J. de Goeje. Bibliotheca geographorum arabicorum. Pars 3. — Lugduni-Batavorum, 1967. — 498 p.
Эзоҳ
[вироиш | вироиши манбаъ]- ↑ 1.0 1.1 https://stat.tj/storage//1.01.2022.pdf
- ↑ Агентии омори назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон. ШУМОРАИ АҲОЛИИ ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН ТО 1 ЯНВАРИ СОЛИ 2022. 22 ноябри 2022 санҷида шуд. Баргирифта аз сарчашмаи аввал 10 октябри 2022.
- ↑ Фархорский район
- ↑ КУЛЯБСКИЙ РАЙОН. 5 марти 2011 санҷида шуд. Баргирифта аз сарчашмаи аввал 25 июли 2010.
- ↑ Окладников А. П. Исследования памятников каменного века Таджикистана. Труды Таджикской археологической экспедиции. Т. 3. — М.-Л.. 1958. — с. 12
- ↑ Shamsaddin Abu Abdullah Mohammad ibn Ahmad al-Moqaddasi. Descriptio Imperii moslemici. Ed. M. J. de Goeje. Bibliotheca geographorum arabicorum. Pars 3. — Lugduni-Batavorum, 1967. — 498 p. — с. 49, 284
- ↑ Абулькасим Фирдоуси. Шах-наме. Критический текст, в 9 томах. — М.: Наука, 1966—1971. Т.4, с. 279, 282
- ↑ «Ҳудуд ул-олам мин ал-Машриқ илал-Мағриб» (соли 372 ҳиҷрии қамарӣ = 982 милодӣ). Вироиши доктор Манучеҳр Сутуда. – Теҳрон: Интишороти китобхонаи Таҳурӣ, 1362 ҳ.ш. / 1983 м. — саҳ. 119
- ↑ Махмуд ибн Вали. Море тайн относительно доблестей благородных (География). Введение, перевод, примечания, указатели Б. А. Ахмедова. — Ташкент: Фан, 1977. — 166 с. и 16 с. текста факсимиле. с. 64
- ↑ Численность населения Республики Таджикистан на 1 января 2016 года. Сообщение Агентства по статистике при Президенте Республики Таджикистан.. 2 октябри 2016 санҷида шуд. Баргирифта аз сарчашмаи аввал 2 июли 2015.
- ↑ Феҳристи номи маҳалҳои Тоҷикистон. — Душанбе: Сарредаксияи илмии Энсиклопедияи Миллии Тоҷик, 2013. — 99-100 с.