Jump to content

Ато ибни Абирабоҳ

Мавод аз Википедиа — донишномаи озод


Ато ибни Абирабоҳ
عطاء بن أبي رباح
Сурат
Таърихи таваллуд 647[1]
Зодгоҳ Ҷанади Яман
Таърихи даргузашт 732(0732)
Маҳалли даргузашт
Пеша муҳаддис, фақеҳ, муфтӣ

АТÓ ЍБНИ АБИРАБÓҲ (ар. عطاء بن أبي رباح‎‎, 647–648 милодӣ, Ҷанади Яман – 732 милодӣ, Макка), Абумуҳам­мад Ато ибни Абирабоҳ ибни Аслами Қурайшии Маккӣ — фақеҳи маъруф, мавлои Қурайш ва аз тобеини ҷалил, муфтӣ ва муҳаддиси аҳли Макка, ки аз ҳар чаҳор Абдуллоҳ ва аз Оиша (раз) ҳадис ривоят кардааст ва имом Абуҳанифа ва дигарон аз ӯ ҳадис шунидаанд. Аз ҷумлаи шогирдони забардасти Ибни Аббос (раз.) дар илми фиқҳ, ҳадис ва тафсир мебошад. Имоми фуқаҳо Абуҳанифа дар бораи Ато ибни Абирабоҳ гуфтааст: «Касеро бофазлтар аз Ато ибни Абирабоҳ надидам». Ато ибни Абирабоҳ шоҳиди бевоситаи тамоми рӯйдодҳои иҷтимоӣ, низоъҳои сиёсӣ ва ҳаводиси талхе буд, ки пас аз қатли халифаи сеюм Усмон (раз) рух дода буданд ва аз ин рӯ аз афкори сиёсӣ ва моҳияти тафриқаафканонаи иҷтимоии фирқаҳои навзуҳур ва дурнамои онҳо хуб огоҳ буд.[2]

  1. 1.0 1.1 арабская Википедия — 2003.
  2. Энсиклопедияи Миллии Тоҷик, Ҷилди 2. АСОС-БОЗ – Душанбе: Сарредаксияи илмии Энсиклопедияи Миллии Тоҷик, 2013, - с.69 / А. Боқизода, С. Шаҳобуддинов.
  • Муҳаммад ибни Исо ат-Тирмизӣ. Шамоилу-н-набӣ. Душанбе, 2010
  • عبدالواحدبکرابراهیمعابد. عطاابنابیرباحوتلاشهایتفسیرئاو. ۱۹۹۲؛
  • دانشنامۀجهاناسلام. جلد۳. تهران،۲۰۰۴؛
  • .دائرةالمعارفبزرگاسلامی. تهران،۲۰۰۶.