Jump to content

Абуҷаъфар Хозини Хуросонӣ

Мавод аз Википедиа — донишномаи озод
Абуҷаъфар Хозини Хуросонӣ
форсӣ: ابوجعفر خازن خراسانی
Таърихи таваллуд тақрибан 900[1]
Зодгоҳ
Таърихи даргузашт тақрибан 971[2][1]
Маҳалли даргузашт
Фазои илмӣ ахтаршиносӣ ва риёзиёт

Абуҷаъфари Хозин Муҳаммад ибни Ҳусайни Соғонии Хуросонӣ (форсӣ: ابوجعفر خازن خراسانی‎; 930971) — файласуф, риёзидон ва мунаҷҷими форс-тоҷик.

Зиндагинома

[вироиш | вироиши манбаъ]

Абуҷаъфари Хозин дар Соғон — қарияе аз ҳаволии Марв ба дунё омадааст. Соли 959 дар расадхонае, ки Абулфазли Ҳиравӣ дар Рай бино карда буд, фаъолият дошт.

Аз Абуҷаъфари Хозин осори зерин боқӣ мондааст: «Рисолатун фӣ иншо-ил-мусалласот-ил-қоимат-из-завоё-ил-мантиқ-ил-азлоъ», «Ислоҳу китоб-ил-махрубот», «Ал-бурҳон ало аш-шакл-ис-собеъи мин китоби Бани Мусо», «Тафсиру садр-ил-мақолат-ил-ошира мин китоби Уқлидус», «Фӣ истихроҷи хаттайни байна хаттайни мутаволиятайна мутаносибатайни мин-тариқ-ил-ҳандасат-ис-собитати» Абурайҳони Берунӣ дар «Осор-ул-боқия» ва Насируддини Тусӣ дар «Шакл-ул-қитъа» аз асарҳои нуҷумии Абуҷаъфари Хозин сухан рондаанд. Хайём дар «Ал-ҷабр ва-ал-муқобала» қайд мекунад, ки Абуҷаъфари Хозин бори аввал муодилаҳои кубии навъи x3+a  cx2-ро бо ёрии буришҳои махрутӣ ҳал намудааст. Инчунин «Китоб зиҷ-ис-сафоиҳ» («Китоби зиҷи сатҳҳо»), «Китоб-ул-масоил-ил-ададийя» («Китоби масъалаҳои ҳисоб») ном осори Абуҷаъфари Хозин дар таърихи илм маълуманд.