Jump to content

Абдуллатифи Ҳисорӣ

Мавод аз Википедиа — донишномаи озод
Абдуллатифи Балхӣ
Зодгоҳ: Ҳисор
Навъи фаъолият: хушнавис, хаттот

Абдуллати́фи Ҳисорӣ (қарни XIX) — хушнавис ва хаттоти тоҷик.

Зиндагинома

[вироиш | вироиши манбаъ]

Зодгоҳаш Ҳисор. Бештар ба сайёҳӣ шуғл варзидааст. Дар шаҳрҳои гуногун аз устодони хушнавис таълим гирифтааст. Абдуллатифи Ҳисорӣ дар ибтидо услуби хати ороишии Намадии Ҳиндиро пазируфта, онро ба хубӣ омӯхтааст. Баъдтар услуби хатти Зиёи Хуҷандиро қабул кард. Китобати Абдуллатифи Ҳисорӣ хеле эътибор доштааст, ки хушнависи хуҷандӣ Мирзо Ҳошими Хуҷандӣ ба он баҳои баланд додаст. Хаттотони маъруфи он замон Абдулғаффор Махдуми Булбул ва Турдиалӣ аз ҷумлаи шогирдони Абдуллатифи Ҳисорӣ мебошад. Хати зебо ва моҳирона китобатшудаи сақфи бинои ҳозираи Музейи Қӯқанд (арки собиқ) ба қалами ӯ тааллуқ дорад.