Абдулбоқии Табрезӣ
Зоҳир
Таърихи таваллуд: | асри XVI |
---|---|
Зодгоҳ: | |
Таърихи даргузашт: | 1629 |
Маҳалли даргузашт: | |
Шаҳрвандӣ (табаият): | |
Навъи фаъолият: | хушнавис, шоир |
Парвандаҳо дар Викианбор |
Абдулбоқи́и Табрезӣ (форсӣ: عبدالباقی تبریزی; асри XVI, Табрез — 1629, Исфаҳон) — хаттот ва шоири форс-тоҷик.
Зиндагинома
[вироиш | вироиши манбаъ]Давраи ҷавониаш дар зодгоҳаш Табрез гузаштааст. Баъд барои касби камол ба Бағдод рафта, бо китобат машғул шудааст. Дар навиштани хатҳои сулс, насх, риқоъ ва ғайра устод будааст. Аз осори ӯ катибаҳои масҷиди Шоҳ Сулаймон (шаҳри Исфаҳон) боқӣ мондааст. Бо тахаллуси «Боқӣ» шеър низ месурудааст. Аз ашъори ӯ чизе дастрас нест.
Эзоҳ
[вироиш | вироиши манбаъ]Адабиёт
[вироиш | вироиши манбаъ]- Абдулбоқии Табрезӣ // А — Асос. — Д. : СИЭМТ, 2011. — (Энсиклопедияи Миллии Тоҷик : [тахм. 25 ҷ.] / сармуҳаррир А. Қурбонов ; 2011—2023, ҷ. 1). — ISBN 978-99947-33-45-3.