Jump to content

Камол Пошозода

Мавод аз Википедиа — донишномаи озод
Камол Пошозода
сурат
Иттилооти инфиродӣ
Касб, шуғл: муаррих, шоир, нависанда
Таърихи таваллуд: 15 май 1469(1469-05-15)[1]
Зодгоҳ:
Таърихи даргузашт: 16 апрел 1534(1534-04-16)[1][2] (64 сол)
Маҳалли даргузашт:
Маҳалли дафн:
Кишвар:
Эътиқод: ислом
Вироиши Викидода

Шамсуддин Аҳмад ибни Сулаймон ибни Камол Пошозода (15 май 1469[1], Адирна16 апрел 1534[1][2], Истанбул) — муҳаддис, фақеҳи машҳури ҳанафӣ ва муфтии Оситона.

Зиндагинома

[вироиш | вироиши манбаъ]

Дар ибтидо аскари салтанатӣ буд ва дар сафаре султон Боязидро ҳамроҳӣ кардааст. Вақте таваҷҷуҳи амирон, вазирон ва лашкариёнро ба уламои дин дид, ба касби илм рӯй овард. Таҳсилоти диниро дар Адерна фаро гирифт ва ба рутбаи шайхулисломӣ расид. Сипас дар чанд мадрасаи умумӣ ва подшоҳии Адерна ба тадрис пардохт ва муддате қозии он шаҳр буд. Аз соли 1520 то поёни умр муфтии Оситона ва бо номи «Муфтии сақалайн» (инсу ҷин) машҳур буд. Ибни Камол донишманди донишномаӣ буд ва дар аксари фанҳо асар тасниф кардааст. Илова бар туркӣ, забонҳои арабӣ ва форсиро низ медонист ва бо ҳар се забон асарҳо навиштааст. Шумораи осори ӯро 125 номгӯй баршумурдаанд. «Табақоту-л-фуқаҳо» (дар баёни табақот ва сатҳи илмии фақеҳони ҳанафӣ), «Табақоту-л-муҷтаҳидин», «Тафсиру-л-Қуръон» (то сураи Соффот; нотамом), «Шарҳу-л-Ҳидоя» (шарҳи қисматҳое аз «Ҳидоя»), «Маҷмӯату расоил» (шомили 36 рисола), «Тағйиру-т-Танқеҳ» (дар усули фиқҳ), «Таъриху оли Усмон», «ал-Муҳиммот» (дар фурӯи фиқҳи ҳанафӣ), «Дақоиқу-л-ҳақоиқ» (ба туркӣ; дар таҳқиқи баъзе вожаҳои форсӣ), «Нигористон» (ба форсӣ; ба сабки «Гулистон») ва ғ. аз ҷумлаи осори ӯст.

  1. 1.0 1.1 1.2 1.3 Bibliothèque nationale de France идентификатор BNF (фр.): платформаи додаҳои боз — 2011.
  2. 2.0 2.1 Encyclopædia Britannica (ингл.)