Ҳонс Гейгер
олмонӣ: Hans Geiger | |
Таърихи таваллуд | 30 сентябр 1882[1][2][3][…] |
Зодгоҳ | |
Таърихи даргузашт | 24 сентябр 1945[1][3][4][…] (62 сол) |
Маҳалли даргузашт | |
Кишвар | |
Фазои илмӣ | физик |
Ҷойҳои кор | |
Дараҷаи илмӣ: | Ph.D. in applied mathematics[d] (1906) ва Doctor of Science[d][8] (1906) |
Алма-матер | |
Роҳбари илмӣ | Eilhard Wiedemann[d] ва Эрнест Резерфорд |
Ҷоизаҳо | |
Парвандаҳо дар Викианбор |
Ҳонс Вилҳелм Гейгер (олмонӣ: Johannes "Hans" Wilhelm Geiger; 30 сентябри 1882, Нойштадт — 24 сентябри 1945, Потсдам) — физикдони озмоишгари олмонӣ, узви АИ Берлин (1937).
Зиндагинома
[вироиш | вироиши манбаъ]Хатмкардаи Донишгоҳи Эрланген (1906). Солҳои 1906−1922 дар Донишгоҳи Манчестер, 1912-1914 ва 1918-1924 дар Донишкадаи техникии Берлин кор кардааст. Профессори донишгоҳҳои Кил (1925), Тюбинген (1929-36) ва Берлин (1936) буд. Таҳқиқоти Ҳонс Гейгер, асосан, ба соҳаҳои физикаи ҳаста, атом ва нурҳои кайҳонӣ бахшида шудаанд. Соли 1908 барқаи электронро чен карда, ҳамроҳи Э. Резерфорд асбоберо барои заррачаҳои алоҳида ихтироъ намуд. Соли 1928 ҳамроҳи В. Мюллер ин асбобро такмил дод (ҳисобгираки Гейгер-Мюллер). Солҳои 1909-10 ҳамроҳи Э. Марсден пароканиши алфа-зарраро дар лавҳаҳои тунуки филиззӣ санҷида, бо ёрии усули синтилятсия муқаррар кард, ки миқдори ками зарраҳо ба кунҷҳои калон (аз 8000 зарра 1 зарра ба кунҷи калонтар аз 90о) пароканда мешаванд. Ин санҷишҳо барои кашфиёти ҳастаи атом аз ҷониби Э. Резерфорд нақши ҳалкунанда бозиданд. Ҳонс Гейгер якҷо бо физики англис Ҷ. М. Неттол соли 1911 формулаи таҷрибавиеро пешниҳод кард, ки он собитаи коҳиши радиоактивиро бо қувваи алфа-зарра (қонуни Гейгер-Неттол) алоқаманд мекард. Ҳонс Гейгер ҳамроҳи олими олмонӣ В. Боте қонунҳои нигаҳдории энергия ва импулсро ҳангоми вокуниши атомҳо дар эффекти Комптон ба таври таҷрибавӣ исбот намудааст. Ҳонс Гейгер узви Академияи «Леополдина» (1935) буд. Дорандаи ҷоизаи Нобел. Бо медали Д. Юз (1929) сарфароз гардидааст.
Эзоҳ
[вироиш | вироиши манбаъ]- ↑ 1.0 1.1 Bibliothèque nationale de France идентификатор BNF (фр.): платформаи додаҳои боз — 2011.
- ↑ Encyclopædia Universalis (фр.) — Encyclopædia Britannica, 1968.
- ↑ 3.0 3.1 Энциклопедия Брокгауз (нем.)
- ↑ Gran Enciclopèdia Catalana (кат.) — Grup Enciclopèdia, 1968.
- ↑ 5.0 5.1 Deutsche Nationalbibliothek Record #118538144 // Общий нормативный контроль (GND) (нем.) — 2012—2016.
- ↑ https://www.tu.berlin/ueber-die-tu-berlin/geschichte/persoenlichkeiten/hans-geiger/
- ↑ https://www.manchester.ac.uk/discover/history-heritage/history/buildings/rutherford/
- ↑ https://www.fau.de/?s=Hans+Geiger&se=0
Сарчашма
[вироиш | вироиши манбаъ]- Гейгер Ҳанс / Ф.Саидбекова // Вичлас — Гӯянда. — Д. : СИЭМТ, 2015. — (Энсиклопедияи Миллии Тоҷик : [тахм. 25 ҷ.] / сармуҳаррир Н. Амиршоҳӣ ; 2011—2023, ҷ. 4). — ISBN 978-99947-33-77-4.
- Pages using the JsonConfig extension
- Зодагони 30 сентябр
- Зодагони соли 1882
- Даргузаштагони 24 сентябр
- Даргузаштагони соли 1945
- Википедия:Саҳифаҳо бо занҷираи ҷуғрофии гуногунмаъно
- Википедия:Статьи со ссылками на элементы Викиданных без русской подписи
- Шахсиятҳо аз рӯи алифбо
- Олимон аз рӯи алифбо
- Физикдонон аз рӯи алифбо