Яхдон
Яхдон — дастгоҳе мебошад, ки ҳарорати пастро дар хоначаи гарминогузар нигоҳ медорад. Асосан барои нигоҳдории ғизо ва дигар чизҳо, ки дар сард нигоҳдориро талаб мекунанд, истифода мешавад. Дар кишварҳои пешрафта, қариб ҳамаи оилаҳо дорои яхдон мебошанд. Кори яхдон ба истифодаи таҷҳизоти хунуккунанда, ки гармиро аз хоначаи кории яхдон ба берун интиқол мекунад, асоснок карда мешавад. Инчунин яхдонҳои тиҷоратӣ вуҷуд доранд, ки сардии бештар мебароранд. Ин намуди яхдонҳо дар ширкатҳои ғизои ҷамъиятӣ ва мағозаю фурӯшгоҳҳо истифода бурда мешаванд. Яхдонҳои саноатӣ, ки ҳаҷми хоначаи кориашон ба даҳҳо, садҳо метри мураббаъ мерасад, дар комбинатҳои гӯштбарорӣ ва истеҳсолоти саноатӣ истифода бурда мешаванд. Яхдонҳо метавонанд ба ду намуд ҷудо карда шаванд: хоначаҳои ҳарораташон миёна барои нигоҳдории маҳсулот ва сармодони дорои ҳарорати паст. Сармодон - дастгоҳи алоҳида ё қисм, хоначаи махсуси яхдон барои ях кунондани озуқаҳои зуд вайроншаванда, мас. гӯшт, моҳӣ ва ғайра) кор бурда мешавад. Одатан ҳарорати сардмодон то ба -18°С мерасад. Дар вақтҳои охир яхдонҳои духоначадор бо ҳар ду қисмат паҳн шуданд. Бори аввал яхдонҳои духоначадорро корхонаи General Electric пешкаши ҳамагон намуданд.