Шартномаи меҳнатӣ
Зоҳир
Шартномаи меҳнатӣ (қарордоди меҳнатӣ) — мазмуни шартномаи (қарордоди) меҳнатиро созишномаи тарафҳо, инчунин асноди қонунгузорӣ ва дигар асноди меъёрии ҳуқуқӣ оид ба меҳнат, аз ҷумла созишномаи генералӣ ва шартномаи коллективӣ, муайян мекунанд. Дар матни шартномаи (қарордоди) меҳнатӣ бояд ҷои кор (корхона ва ё воҳидҳои муайян), вазифаи кории корманд, рӯзи оғози кор, муҳлати амали шартномаи (қарордоди) меҳнатӣ, ҳаҷми музди меҳнат, давомнокӣ ва низоми вақти корй, давомнокии рухсатии меҳнатӣ ва дигар шароити меҳнат нишон дода шавад. Ҳолати ҳуқуқӣ ва кафолатҳои кории кормандро, ки асноди қонунгузорӣ ва дигар асноди меъёрии хуқуқӣ муқаррар намудаанд, ҳангоми басгани шартномаи (қарордоди) меҳнатӣ паст кардан мумкин нест.[1]
Нигаред низ
[вироиш | вироиши манбаъ]Эзоҳ
[вироиш | вироиши манбаъ]- ↑ Фарҳанги истилоҳоти ҳуқуқ / Зери таҳрири Маҳмудов М.А. — Душанбе: ЭР-граф, 2009. — с. 269
Ин мақолаи хурд аст. Бо густариши он ба Википедия кӯмак кунед. Дар сурати имкон ин ёддошт бояд дақиқтар ҷойгузин шавад. |