Салафӣ
Бахше аз маҷмӯъаи мақолаҳои: |
Шахсиятҳо
|
Идҳо ва маворид
|
Салафӣ (ар. سلفي) ба гурӯҳи аз мусалмонони аҳли суннат гуфта мешавад, ки ду аср пеш аз ҷониби мустаъмирот эҷод гардид. Онҳо танҳо роҳи наҷоти мусалмононро бозгашт ба қавонини Қуръон ва суннат тибқи фаҳм "Салафи Солеҳ" медонанд. Ин гурӯҳ бо ҳар гуна пайравӣ аз шохаҳои гуногуни дин ва кешгари мухолифанд ва мӯътақиданд, ки ҳар мусалмон ба роҳатӣ метавонад бо муроҷеаи мустақим ба Қуръон ва суннати динишро биомузад.
Ҳадафи аслии ин ҷараёни ифротгаро миёни муслимин барангехтани низоъ аст ва нобуд кардани тамоми арзишҳои исломӣ ва миллии ҳар миллатҳост. [2]
Салафиҳо, ки бисёри онҳоро ба тундрави мутаҳам мекунанд, пойтахти алиашон Макка ва Мадина аст. Гоҳҳо ба онон Ваҳҳобӣ гуфта мешавад агарчи касоне, ки худро салафӣ мехонанд мункар вуҷуди гурӯҳи ба номи ваҳҳоби ҳастанд.
Имрӯза гурӯҳе аз касоне, ки кишварҳои ғарбӣ ба Ислом мегироянд ба афкори ин равиш фикри-ақидатӣ гироиш пайдо мекунанд. Имрӯза салафиҳоро метавон ба ду шохаи аслӣ тақсим кард.
Додгоҳи олии кишвари Тоҷикистон фаъолияти ҷараёни ифротии салафияро мамнуъэълон дошт ва афроди дар ин ҷараён бударо ба маҳкама кашид. Додгоҳ яке аз фаъолони ин гурӯҳ Домулло Сироҷиддинро барои ҳафт сол равонаи зиндон намуд. Афроди дар ин ҷараёнбуда мавриди пайгири ниҳодҳои қудратии Тоҷикистон мебошанд.
- Салафии муҳофизакор ва дарборӣ
- Салафии сиёсӣ родиколӣ ҷиҳодӣ
Аз ҷумла ба салафиҳои маъруф метавон Усома бини Лодан, роҳбари Алқоидаро ном бурд. [1]
Нигаред низ
[вироиш | вироиши манбаъ]Адабиёт
[вироиш | вироиши манбаъ]ЧЕҲРАИ ВОҚЕИИ ВАҲҲОБИЙЯТ (САЛАФИЙЯ)
Манбаъ
[вироиш | вироиши манбаъ][2] Д-р Джон Колеман КОМИТЕТ 300 Бойгонӣ шудааст 26 Декабри 2012 сол.