Jump to content

Руал Амундсен

Мавод аз Википедиа — донишномаи озод
Руал Амундсен
норвегӣ: Roald Amundsen
Сурат
Ном ҳангоми таваллуд букмул Roald Engelbregt Gravning Amundsen
Таърихи таваллуд 16 июл 1872(1872-07-16)[1][2][3][…]
Зодгоҳ
Таърихи даргузашт тахм. 18 июн 1928(1928-06-18)[4][2][5][…] (55 сол)
Маҳалли даргузашт
Кишвар
Пеша гардишгар, нависанда, дарёнавард, пажӯҳишгар, polar explorer, халабон, мусофир, naval aviator, коргардони филм
Падар Jens Amundsen[d]
Ҷоизаҳо
Имзо
 Парвандаҳо дар Викианбор

Ру́аль Э́нгелбрегт Гра́внинг А́мундсен (норвегӣ: Roald Engelbregt Gravning Amundsen; 16 июли 1872 — 18 июни 1928) — қутбнавард ва тадқиқотчии норвежӣ.

Бори аввал (1903—1906) дар киштии «Йоа» ба воситаи гузаргоҳи Шим. Ғарбӣ аз Гренландия ба Аляска шино кард. Дар давоми ду сол дар ҷазираи Кинг-Вилями Арктикии Канада тадқиқоти муҳими геомагнитӣ гузаронд. Руал Амундсен соли 1904 дар нимҷаз. Бутия-Феликс Қутби магнитии шимолиро омӯхт ва аввалин шуда қариб 100 ҷазираи атрофи онро ба харита дохил кард. Соли 1911 бо киштии «Фрам» ба экспедитсияи антарктикӣ баромад; 14 — 16 декабр, 1 моҳ пеш аз экспедитсияи тадқиқотчии англис Р. Скотт ба Қутби Ҷанубӣ расид ва дар бозгашт қаторкӯҳи Маликаи Муд (баландиаш 4500 м)-ро кашф намуд. Баъди аз Антарктика баргаштан Руал Амундсен дрейфи Ф. Нансенро такрор карданӣ шуда, с-ҳои 1918 — 20 бо киштии «Мод» аз Норвегия қад-қади материки Авруосиё то гул. Беринг шино кард. Соли 1926 ба якумин парвози трансарктикии Шписберген — Қутби Шимолӣ — Аляска (ба тавассути дирижабли «Норвегия») роҳбарӣ намуд.

Соли 1928 ҳангоми ҷустуҷӯи экспедитсияи италиявии У. Нобиле дар Арктика ҳалок гардид.

Руал Амундсен дар бораи саёҳатҳои худ якчанд асар навиштааст: «Парвоз аз болои Уқёнуси Яхбаста» (1927, бо ҳамроҳии Л. Элсварт таълиф шудааст), «Экспедитсия дар киштии „Мод“ қад-қади соҳилҳои шимолии Осиё» (1929), «Қутби Ҷанубӣ» (1937). Асарҳои мунтахаб (5 ҷилд, 1936 — 39) ва «Ҳаёти ман» (1959) ба забони русӣ тарҷума шудаанд. Баҳр дар наздикии Антарктида, кӯҳ ва пойгоҳи қутбии америкоӣ (Амундсен — Скотт), инчунин халиҷ дар Уқёнуси Яхбастаи Шимолӣ ба номи Амундсен гузошта шудаанд.