Jump to content

Рене Декарт

Мавод аз Википедиа — донишномаи озод
Рене Декарт
фр. René Descartes
лот. Renatus Cartesius
Таърихи таваллуд 31 март 1596(1596-03-31)[1][2][3][…]
Зодгоҳ
Таърихи даргузашт 11 феврал 1650(1650-02-11)[1][2][3][…] (53 сол)
Маҳалли даргузашт
Кишвар
Фазои илмӣ фалсафа[6], метафизик, эпистемология[6], риёзиёт[6], механика, Cartesianism[d][6], rationalism[d][6], физик[6], нуршиносӣ[6], назарияи мусиқӣ[d][6] ва sound[d][6]
Алма-матер
Роҳбари илмӣ Isaac Beeckman[d][7] ва Jacobus Golius[d][7]
Шогирдон Gilles-François Boulduc[d] ва René Fédé[d]
Имзо Имзо
Логотипи Викигуфтовард Гуфтовардҳо дар Викигуфтовард
Логотипи Викитека Осор дар Викитека
 Парвандаҳо дар Викианбор

Рене́ Дека́рт (фр. René Descartes [ʁəˈne deˈkaʁt], лот. Renatus Cartesius — Картезий; 31 марти 1596, Лаэ (устони Турен), ҳозира Декарт (департаменти Эндр ва Луара) — 11 феврали 1650, Стокҳолм) — файласуф , риёзидон, механик, физикдон ва корандомшиноси фаронсавӣ, бунёдгузори ҳандасаи таҳлилӣ.

Зиндагинома

[вироиш | вироиши манбаъ]

Мактаби иезуитии Ла Флешро (1612) хатм карда, дар артиши Нидерланд (1617—1619) ва Олмон (1618—1621) хидмат кардааст. Баъд ба сафари Аврупо баромад. Дар Нидерландия зиндагӣ мекард ва дар он ҷо асарҳои асосии худ - «Олам ё рисола дар бораи нур», «Мулоҳизаҳо дар бораи метод», «Мадхали асосии фалсафа»-ро навишт. Дар фалсафаи Рене Декарт қоидаву усулҳое, ки бар асоси риёзӣ ва мантиқ қомат афрохта буданд, ба вуҷуд омад.

Рене Декапт яке аз саромадони «фалсафаи нав» ва илми навине мебошад, ки таҷдиди назар кардан ба тамоми анъанаи гузаштаро тақозо мекард. Ба фикри ӯ, дониши дорои аҳаммияти фалсафӣ бояд аз тариқи худшиносии «Ман»-и фикркунанда офарида шавад. Аз ин рӯ, Рене Декарт бори аввал дар таърихи фалсафа роҳнамоии ақлро ба миён гузошта, озод шудани динро аз хурофотҳои пешина ва баҳо додан ба онро танҳо дар ҷаҳорчӯбаи ақлу хирад ҷоиз медонад. Ақлро Рене Декарт шомили ду восита ё худ абзори маърифат-интуитсия ва дедуксия медонад. Аввалӣ дарку фаҳмиши дурусту боэътимоди ақл аст. Як амали одӣ билофосила бо нури ақл фурӯзон хоҳад шуд. Дар ҳолати интуитсия мафҳуми фикршавандаро аз мавҷудот ҷудо кардан мумкин нест. Мафҳуми пайдошуда минбаъд аз тариқи дедуксия, аналогия ва ғ. такмил меёбад. Ин воситаи маърифат методи дуруст ё худ интихоби роҳи дурусти дарки мавҷудотро талаб мекунад. Яке аз ин роҳҳо анализи мавриди истифода дар геометрия мебошад.

Риёзӣ ҳамчун дониши саҳеҳ ин роҳро нишон медиҳад ва тартибу ҳудуди ашёи мавриди таҳқиқро муайян мекунад. Тартиби дуруст истифода аз дедуксия мебошад, ки ҳолатҳои мушкилу мураккабро ба ҳолати содаю одӣ медарорад. Минбаъд бо роҳи муқоиса ва усули айният фарқияти мавҷудотро муайян мекунанд.

Дар асоси ин метод Рене Декарт сохтори муқадимотии фалсафаро созмон медиҳад. Ӯ фалсафаро шабеҳи дарахте медонад, ки онро ба метафизика, физика ва дигар бахшҳои илмӣ тақсим намудан мумкин аст. Метафизика, ба фикри Рене Декарт бахши аввали фалсафа аст, ки асосҳои он ҳамчун решаи дарахт ба воситаи идроки ақлӣ дарк мешавад. Нахустмояи он иборат аст аз (1) мавҷудияти дақиқ, шубҳанок, дорои қобилияти фикр ва бидуни ҷисм; (2) мавҷудияти Худо. Эътиқоди муқаддамотӣ маҳз ба боварии экзистенсиалӣ (вуҷудӣ) ишора мекунад. Ба ибораи дигар, аз худбоварии экзистенсиалӣ мавҷудияти Худо собит карда мешавад: «Ман вуҷуд дорам, пас Худо низ вуҷуд дорад». Аз ин қазия муҳокимаҳои дигарро низ баровардан мумкин аст: «Ман фикр мекунам, пас ман вуҷуд дорам» ва «Ман мефаҳмам, пас ман дорои фикр мебошам, ки аз ҷисм фарқ мекунад».

Ин нуктаи таълимоти ба ғояи дини масеҳӣ роҷеъ ба мавҷудияти воқеии Худованд асос ёфтааст, зеро ӯ таъкид мекунад, ки «Худо вуҷуд дорад, пас мо низ вуҷуд дорем ва вуҷуди мо аз вуҷуди ӯ вобаста аст». Аз назари ҳастӣ собит намудани мавҷудияти Худо дар таълимоти Рене Декарт ду ҷанбаъ дорад. Ҷанбаи аввал ғояи ҳифзи ҳаёти инсон дар лаҳзаҳои муайян, яъне «ҳар чизе, ки бо қувваи худ моро нигоҳ медорад»-Худо аст. Ҷанбаи дуюм дар асоси дарки беохири «Ман»-и Рене Декарт Худо шинохта мешавад. Яъне ӯ Худоро дар худ ба таври субъект (на субъективӣ) ниҳон дорад. Назарияи Рене Декарт ду фалсафаю табиатшиносӣ таъсири амиқ гузошта, дертар дар таълимоти Спиноза ташаккул ёфт.

  1. 1.0 1.1 1.2 W. W.; X. Descartes, René (ингл.) // Encyclopædia Britannica: a dictionary of arts, sciences, literature and general information / H. Chisholm — 11 — New York, Cambridge, England: University Press, 1911. — Vol. 8. — P. 79—90.
  2. 2.0 2.1 Bibliothèque nationale de France идентификатор BNF (фр.): платформаи додаҳои боз — 2011.
  3. 3.0 3.1 Архив по истории математики Мактьютор — 1994.
  4. 4.0 4.1 Renatus Cartesius (швед.) — 1917.
  5. Декарт Рене // Большая советская энциклопедия (рус.): [в 30 т.] / под ред. А. М. Прохорова — 3-е изд. — М.: Советская энциклопедия, 1969.
  6. 6.0 6.1 6.2 6.3 6.4 6.5 6.6 6.7 6.8 Чешская национальная авторитетная база данных
  7. 7.0 7.1 Математическая генеалогия (ингл.) — 1997.