Jump to content

Матйас Сурёш

Мавод аз Википедиа — донишномаи озод
Матйас Сурёш
маҷорӣ: Szűrös Mátyás
28 июн 1985 — 1 май 1990
1975 — 1978
1978 — 1982
2 май 1990 — 17 июн 1998
18 июн 1998 — 14 май 2002
23 октябр 1989 — 1 май 1990
Ҷонишин Арпад Гёнтс
20 апрел 1978 — 7 октябр 1989

Таваллуд 11 сентябр 1933(1933-09-11)[1][2] (91 сол)
Ҳизб
Таҳсилот
Фаъолият social policy[d][3] ва диплумосӣ[3]
Ҷоизаҳо
 Парвандаҳо дар Викианбор

Матйас Сурёш (маҷорӣ: Szűrös Mátyás (ˈmaːcaːʃ ˈsyːrøʃ); тав. 11 сентябр 1933 Пушпекладан) — сиёсатмадори Маҷористон, 23 октябри соли 1989 Маҷористонро ҷумҳури [4] (ба ҷои ҷумҳурии халқӣ) эълон кард. Аввалин президенти Маҷористон аз 23 октябри соли 1989 то 2 майи соли 1990.

Ӯ дар Донишкадаи давлатии равобити байналмилалии Маскав ва Донишгоҳи иқтисодии ба номи Карл Маркси Будапешт таҳсил кардааст. Солҳои 1978-82 сафири Ҷумҳурии Халқии Маҷористон дар ИҶШС буд. Ӯ аъзои КМ Ҳизби сотсиалистии коргарии Маҷористон буда, ба ташкилоти реформистй мансуб буд. Аз соли 1985 - вакили парлумони Маҷористон ; мохи марти соли 1989 маърузачй шуд. 23 октябрь вай Маҷористонро ҷумҳури эълон кард ва худи хамон рӯз ба вазифаи ичрокунандаи вазифаи президент шуруъ намуд. 2 май соли 1990 аз вазифааш истеъфо дод.

Вай пайваста дар сафҳои Ҳизби коргарии Маҷористон ва давомдихандаи он — Ҳизби сотсиалистии коргарии Маҷористон буд. Аз соли 1989 то соли 2002 узви Ҳизби сотсиалистии Маҷористон буд ва пайваста дубора интихоб мешуд. Солҳои 2003-05 раҳбари ҳизби хурди сотсиал-демократӣ буд.