Марселен Бертло
фр. Marcellin Berthelot[1] | |
Таърихи таваллуд | 25 октябр 1827[2][3][4][…] |
Зодгоҳ | |
Таърихи даргузашт | 18 март 1907[5][3][4][…] (79 сол) |
Маҳалли даргузашт | |
Кишвар | |
Фазои илмӣ | шимии физик[d], кимиё[8], organic chemistry[d][8], organic compound[d][8] ва сиёсат[8] |
Ҷойҳои кор | |
Алма-матер | |
Ҷоизаҳо | |
Парвандаҳо дар Викианбор |
Пйер Эже́н Марселе́н Бертло́ (фр. Marcellin Berthelot; 25 октябр 1827, Порис — 18 марти 1907, ҳамон ҷо) — кимиёшиноси фаронсавӣ. Профессор кимиёи Мактаби олии фарматсевтии Париж (1859) ва Коллеҷ де Франс (1864), узви АИ Париж (1873), узви вобастаи АИ Петербург (1876), вазири маориф (1886—1887) ва корҳои хориҷии Фаронса (1895).
Пажӯҳишҳо
[вироиш | вироиши манбаъ]Бертло оид ба кимиёи органикӣ, термокимиё, таърихи кимиё ва ғ. пажӯҳишҳои назаррас анҷом додааст. Ӯ дар натиҷаи таъсири ҳамдигарии кислотаҳои чарб ва глитсерин (1853—1854) чарб ҳосил намуда, имконияти бо роҳи синтез ба даст овардани онҳоро исбот намуд; спирти сеатома будани глитсеринро муайян намуда, бо роҳи гидрататсияи этилен зери таъсири кислотаи сулфат (1854) спирти этилро ҳосил кард. Корҳои минбаъдаи Бертло ба синтези карбогидридҳо — метан, этилен, атсетилен, бензол бахшида шудаанд. Соли 1867 усули умумии бо йодиди гидроген барқарор намудани моддаҳои органикиро пешниҳод намуд. Солҳои 1861—1863 якҷоя бо кимиёшиноси фаронсавӣ Л. Пеан де Сен-Жил (1832—1863) суръати реаксияи аз спиртҳо ва кислотаҳо ҳосил шудани эфирҳои мураккабро исбот кард. Минбаъд Бертло чандин таҳқиқоти колориметрӣ гузаронд, ки онҳо соли 1881 ба ихтирои бомбаи колориметрӣ сабаб шуданд. Бертло мафҳуми «реаксияҳои экзотермӣ ва эндотермӣ»-ро ба илм дохил, аҳаммияти карбон, гидроген, нитроген ва диг. унсурҳоро барои рустанӣ муайян кард. Соли 1885 асари Бертло «Пайдоиши кимиё» ба табъ расид; солҳои 1887—1893 ӯ маҷмуъи дастнависҳои кимиёгарони Юнони Қадим, Аврупои Ғарбӣ, Сирия ва Арабро бо тарҷимаю тафсир ва тақриз аз чоп баровард. Бутлеров А. М., Менделеев Д. И., Лучинин В. Ф., Марковников В. В. ва дигар олимони рус бо Бертло алоқа дошта, дар лабораторияи ӯ кор кардаанд.
-
La Révolution chimique, 1890
Эзоҳ
[вироиш | вироиши манбаъ]- ↑ Bibliothèque nationale de France идентификатор BNF (фр.): платформаи додаҳои боз — 2011.
- ↑ Бертело, Пьер-Эжен-Марселен (рус.) // Энциклопедический словарь / под ред. И. Е. Андреевский — СПб.: Брокгауз — Ефрон, 1892. — Т. IIIа. — С. 587—589.
- ↑ 3.0 3.1 https://www.senat.fr/senateur-3eme-republique/berthelot_marcellin1436r3.html (фр.)
- ↑ 4.0 4.1 Bibliothèque nationale de France идентификатор BNF (фр.): платформаи додаҳои боз — 2011.
- ↑ 5.0 5.1 Berthelot, Marcellin Pierre Eugène (ингл.) // Encyclopædia Britannica: a dictionary of arts, sciences, literature and general information / H. Chisholm — 11 — New York, Cambridge, England: University Press, 1911. — Vol. 3. — P. 811.
- ↑ база данных Léonore (фр.) — ministère de la Culture. — P. 24.
- ↑ https://www.accademiadellescienze.it/accademia/soci/pierre-eugene-marcelin-berthelot (итол.)
- ↑ 8.0 8.1 8.2 8.3 Чешская национальная авторитетная база данных
- ↑ Список профессоров Коллеж де Франс
Адабиёт
[вироиш | вироиши манбаъ]- Бертло // Асос — Боз. — Д. : СИЭМТ, 2013. — (Энсиклопедияи Миллии Тоҷик : [тахм. 25 ҷ.] / сармуҳаррир Н. Амиршоҳӣ ; 2011—2023, ҷ. 2). — ISBN 978-99947-33-52-4.