Jump to content

Луқо

Мавод аз Википедиа — донишномаи озод
Луқо
Сурат
Таърихи таваллуд номаълум
Зодгоҳ
Таърихи даргузашт 84
Маҳалли даргузашт
Пеша пизишк, рассом, нависанда, Four Evangelists, iconographer, evangelist
 Парвандаҳо дар Викианбор

Луқо لوقا (ибрӣ ар. לוקא‎, юнонӣ Λουκᾶς, русӣ Лука; фавт 84, Фива, Юнон) — муаллифи саввумин Инҷил ва китоби «Корномаи ҳавориён», пизишки юнонӣ ё сурёнӣ, ки дар Антиохия мезист; дар масеҳият дар шумори ҳафтод тан аз шогирдони Исо муқаддас дониста мешавад.

Бо китобҳои муқаддаси яҳудӣ ошноии хуб дошт, фалсафаи юнонӣ, илми пизишкӣ ва ҳунари тасвириро омӯхта буд. Луқо аз ёрони Исо ва шоҳидони зиндагии заминии ӯ набуд. Аз рӯи анъана, бо Луқо шахсияти инҷилӣ — яке аз равандагон ба Эммаус (Инҷили Луқо, 24:13-35) айният дода мешавад, аммо ин бо маълумоти худи китоб (1:2) мутобиқат надорад. Эҳтимол, Луқо ҳангоми сафари таблиғии дуввуми Павели ҳаворӣ ба масеҳият гаравида, аз ҳамкорони наздиктарини ӯ гардидааст (Колоссиён, 4:14; Филимон, 24:2; Тимофей, 4:10). Луқо овозаи Исои Масеҳро шунида, ба Фаластин омад ва таълимоти ӯро пазируфт. Аз рӯи ривояти калисоӣ, баъди шаҳодати Павели ҳаворӣ дар Рим Луқо он ҷоро тарк кард ва ба қасди таблиғ ба Ахайя, Либия, Миср ва Фиваида ба сафар баромад. Барои таблиғи Инҷил дар ш. Фива ба дор кашида шуд.

Луқо тимсолҳои «Модархудо бо Кӯдак», ҳавориён Петр ва Павелро нигошт ва нахустин пайкарнигор гардид. Инҷилро солҳои 62-63 дар Рим зери роҳбарии Павели ҳаворӣ ва китоби «Корномаи ҳавориён»-ро низ, ки идомаи Инҷилҳои чоргона аст, ҳамон солҳо дар ҳамон ҷо навишт. Дар Инҷили Луқо ишорае ба муаллифи китоб нашуда, вале номи ӯ, бар асоси ривояти калисоӣ, бори нахуст дар папируси фарогири матни он (навиштаи байни солҳои 175—225) сабт шудааст. Бештари донишмандон таърихи эҷоди Инҷили Луқоро солҳои 70-80-уми асри 1 гуфта, пажӯҳишгарон бар ин назаранд, ки он на дар Фаластин, балки дар Антиохия ва ё яке аз вилоятҳои Юнон (Ахайя, Беотия) ба забони юнонӣ навишта шудааст. То Замони Нав нуқтаи назаре роиҷ буд, ки Инҷили Луқо пас аз Инҷилҳои Матто ва Марқус бо истифода аз маводди онҳо таълиф шудааст. Алҳол назарияи ба ном «ду маъхаз» нуфузи бештар дорад, ки аз рӯи он, Луқо ҳангоми навиштани асари худ аз Инҷили Марқус (ё матни то замони мо нарасидаи Нахустинҷили Марқус) ва ба ном «маъхази Q» истифода кардааст. Рӯзҳои ёдбуди Луқо аз рӯи тақвими Калисои православии рус: 22-юми апрел (5-уми май), 18(31)-уми октябр, 4(17)-уми январ-дар Калисои ҷомеъи 70 расул; дар Калисои католикии римӣ: 18-уми октябр.

  • Луқо // Энсиклопедияи Миллии Тоҷик. — Д. : СИЭМТ, 2011—2023. — С. * Китоби Муқаддас. Аҳди Қадим ва Аҳди Ҷадид. Стокголм, 1999;
  • Кассиан (Безобразов). Христос и первое христианское поколение. М., 2006.. — (Энсиклопедияи Миллии Тоҷик : [тахм. 25 ҷ.] / сармуҳаррир Н. Амиршоҳӣ ; 2011—2023).