Jump to content

Кафшиёти бузурги ҷуғрофиёӣ

Мавод аз Википедиа — донишномаи озод
Планисфераи Кантино (1502), кадимтарин диаграммаи навигатсионӣ дар Португалия, ки натиҷаҳои экспедитсияҳои Васко да Гама, Кристофер Колумб ва дигар муҳаққиқонро нишон медиҳад. Он инчунин меридианеро тасвир мекунад, ки мувофиқи Аҳдномаи Тордесилла нисфи қисмҳои португалӣ ва испании ҷаҳонро аз ҳам ҷудо кардааст.

Кашфиёти бузурги ҷуғрофӣ — номи умуми кашфиёти бузургу бесобиқаи ҷуғрофии  шарқиёну аврупоиён аз миёнаҳои асри 15 то миёнаҳои асри 17. Ин кашфиётҳо бо шарофати сохта шудани киштиҳои бодбонии мустаҳкам, такмил додани дастгоҳҳои идораи киштиҳо ва сохта шудани харитаҳои баҳрии нав, мутолиаву баррасии осори ҷуғрофидонини арабу форс, инчунин паҳн кардани назарияи куррашаклии Замин ба вуҷуд омаданд. Комёбии бузурги Кашфиёти бузурги ҷуғроф кашфи Дунёи Нав  – материкҳо ва шумораи зиёди ҷазираҳо дар фазои уқёнусҳо ва ёфтани роҳҳои нави баҳрӣ мебошад. Ин кашфиётҳо ба тараққиёти минбаъдаи илму техника таъсири бузург расонида, дар санъату адабиёт инъикоси ҳамаҷониба ёфтаанд.

Роҳи Абрешим ва Роҳи Спайс дар соли 1453 аз ҷониби Империяи Усмонӣ баста шуда буд ва ин боиси ҷустуҷӯи роҳҳои нави тиҷоратии баҳрӣ гардид.

То асри 15 муҳимтарин роҳе, ки тавассути он тиҷорат миёни мамлакатҳои Шарқу Ғарб сурат мегирифт, Роҳи бузурги абрешим буд. Кишварҳои Шарқ аз ҳисоби ин роҳ даромади зиёд ба даст меоварданд ва барои дар зери тасарруфи худ нигаҳ доштани он мекӯшиданд. Барои ҳукуматдорони аврупоӣ яке аз сабабҳои асосии ташкил кардани экспедиятсияҳои баҳрии дур, забткориҳои ҳукуматҳои исломӣ дар Шарқи Наздик ва Аврупои Шарқӣ буд, ки роҳҳои асосии баҳрии ба самти Осиёи Шарқӣ ва Ҷанубиро зери қудрати худ қарор доданд. Аввалин кӯшишҳои  ташкили сафарҳои бузурги баҳрӣ дар Аврупо ба самти бойгариҳои Шарқ ба португалиҳо тааллуқ дорад. Онҳо бори аввал ба соҳилҳои Саҳрои Ғарбӣ шино карданд, ки дар он ҷо қабилаҳои  сиёҳпӯст зиндагӣ мекарданд. Натиҷаи ин сафар дар таърихи инсоният саҳифаи наверо дар ғуломфурӯшӣ ва ҷустуҷӯи «моли зинда»  боз кард. Дар нимаи дуввуми асри 15 Догу Кан ба масофаи 2500 км сафари баҳрӣ карда, ба Намибияи имрӯза расид. Баҳрнаварди дигари португалӣ Б. Диаш соли 1488 димоғаи Орзуи Некро гузашта, ба фазои уқёнуси Ҳинд баромад. Давоми ин ҷустуҷӯҳо сабаби экспедитсияи Васко да Гама гардид, ки соли 1498 маҳз бо роҳбаладии баҳранварди машҳури мусулмон  Ибни Маҷид ба соҳилҳои Ҳиндустон расид ва оғози экспедитсияи портуғалиҳо дар уқ. Ҳиндро асос гузошт. Дар асри 16 ин уқёнусро «баҳрӣ португалӣ» низ ном мебурданд.

Бо вуҷуди ин,  оғози кашфиёти бузурги ҷуғрофӣро ба номи Х. Колумб (1451–1506)  пайванд медонанд. Ӯ бо мақсади кашф кардани Ҳиндустону Чин, бо дастгирии хонадони шоҳони испанӣ баъди ду моҳи сафари баҳрӣ – 12.10. 1492 ба хушкиҳои номаълуми уқ. Атлантик мерасад. Колумб он ҷазираро Сан-Салвадор ном мегузорад, ки ҳоло бо ҳамин ном дар ҳайати архипелаги ҷаз-ҳои Багам вуҷуд дорад. Ин ҳодиса оғози омӯзиш ва азхудкунии Дунёи Нав гардид. Вале ҳанӯз 400 сол пеш аз Колумб олим ва донишманди ҷомеъулулми тоҷик Абурайҳони Берунӣ дар осораш перомуни мавҷуд будани хушкии бузурге дар моварои уқёнуси Атлантик хабар дода буд. Курашаклии Замин, дар атрофи меҳвари худ ва дар гирди Офтоб давр задани он, ҳисоб кардани масоҳати Замин, ки дар Аврупо бо номи «қоидаи Берунӣ» машҳур аст, маҳз ба Абурайҳони Бернуӣ вобастаанд. Аввал будани «кашфи» Амрико аз ҷониби Колумб аз сабаби дар асрҳои 9-10 сафари баҳрӣ доштани скандинавиҳо ба соҳилҳои Амрикои Шимолӣ ва Гренландия баҳсталаб мемонад.  Колумб то охирин нафас фикр мекард, ки Ҳиндустонро кашф кардааст. Дар он вақт Колумб ду ҷазираи бузург аз ҳайати ҷазираҳои Антил – Куба ва Эспанол (ҳоло Гаити)-ро кашф кард. Дар се экспедитсияи баъдӣ Колумб таҳқиқи ҷаз-ҳои Антилро давом дода, ба соҳилҳои Амрикои Марказӣ ва Ҷанубӣ расид, ки бо ин роҳ мақоми Испанияро дар азхудкунии ҳудуди нав дар нимкураи Ғарбӣ мустаҳкам кард. Ҳамзамон дар баробари Колумб ба таҳқиқи соҳилҳои шимолии Амрикои Ҷанубӣ экспедитсияи Алонсо де Охеди испанӣ ва Гонсало Куэлюи португалӣ машғул буданд, ки дар ҳайати онҳо А. Веспучии флоренсӣ низ  дохил буд. Хаританигори олмонӣ Мартин Валдземюллер, ки номаҳои Веспучиро нашр карда буд,  пешниҳод кард, ки заминҳои кашфшударо ба шарафи ӯ Америго ё Америко ном гузоранд. Соли 1519–22 экпедитсияи испанӣ бо роҳбарии баҳрнавардӣ португалӣ Ф. Магеллан аввалин сафари дарёии даври оламро анҷом доданд. Баҳрнавардони фаронсавӣ Ҷ. Верратсано (соли 1524) ва Ж. Карте (солҳои 1534–1535) соҳилҳои шимолии Амрикои Шимолӣ ва д. Лавренти Муқаддасро кашф карданд. Баъди чанд вақт ба кашфиётҳои ҷуғрофӣ намояндагони дигари қудратҳои аврупоӣ низ даст заданд. Солҳои 1576–1631 англисҳо ба соҳилҳои Гренландия шино карда, замини Боффинро кашф карданд. Фаронсавиҳо дар Амрикои Шимолӣ силсилакӯҳҳои Аппалачи ва Кӯли Бузургро ёфтанд. Баҳрнаварди ҳоландӣ В. Баренс соли 1594 ба соҳилҳои шимолии Замини Нав ва соли 1596 ба Шпитсберген шино кард. Оғози азхудкунии заминҳои Сибир ва Шарқи Дур аз ҷониби русҳо ба сафарҳои ҳарбии Ермак Тимофеевич ба Сибири Ғарбӣ алоқаманд аст (1581–1584). Дар миёнаҳои асри 17 ҷараёни ҳама дарёҳои бузурги Сибир ва Амур таҳқиқ шуданд. Ф. Попов ва С. Дежнёв ба воситаи гулӯгоҳи Берринг ба уқ. Ором баромада, исбот карданд, ки Осиё ба Амрико пайваст нест.

Дар канораҳои шарқии уқ. Ҳинд баҳрнавардони ҳоландӣ бо роҳбарии В. Янзон ва А. Тасман соҳилҳои шимолӣ, ғарбӣ ва ҷанубии Австралия, Тасмания ва Зеландияи Навро кашф карданд. Ҳарчанд ки дар миёнаҳои асри 17 дар натиҷаи кашфиёти бузурги ҷуғрофӣ. тарҳи материкҳои маскуни Дунёи Нав сохта шуд ва дар харитаи ҷаҳон ҳудудҳои фарохи уқ-ҳои Атлантик, Ором ва Ҳинд ворид шуданд, вале Антрактида, инчунин соҳилҳои шимолу ғарбии Амрико, соҳили шарқии Австралия ва шумораи зиёди ҷазираҳои уқ. Яхбастаи Шимолӣ номаълум боқӣ монданд.

Первоисточники
Исследования
Интернет-источники