Интихоби табиӣ
Интихоби табиӣ — механизме мебошад, ки дар мубориза барои ҳаёт фардҳои кам мутобиқшударо нест карда, фардҳои мутобиқаташон беҳтарро нигоҳ медорад. Қайд кардан лозим аст, ки интихоби табиӣ фенотипҳо ва генотипҳои навро ба вуҷуд намеорад.[1]
Интихоби табиӣ бо шарофати тараққиёти илми генетика, корҳои И. И. Шмалгаузен, С. С. Четвертиков ва олимони дигар васеъ ва чуқур омӯхта шуд. Интихоби табииро аз назари имрӯза дида мебароем. Ба таъсири интихоб метавонанд ҳам фардҳои ҷудогона ва ҳам популятсияи бутун гирифтор шаванд. Дар ҳар маврид интихоб фардҳоеро нигоҳ медорад, ки ба шароити муҳити зист беҳтар мутобиқ шудаанд. Ба омилҳои интихоби табиӣ шароитҳои муҳити беруна мансуб аст. Вобаста ба он интихоб ба таври гуногун амал карда, боиси натиҷаҳои эволютсионии мухталиф мешавад.
Шаклҳои интихоби табиӣ
[вироиш | вироиши манбаъ]Чанд шакли интихоби табиӣ вуҷуд дорад.
Интихоби пешбаранда
[вироиш | вироиши манбаъ]Ин шакли интихоб ба тағйирёбии фенотипҳо боис мешавад. Интихоби пешбаранда бо тағйирёбии шароити муҳити беруна амал мекунад. Масалан, паҳншавии шабпараки сиёҳчатоби дарахти тӯс дар Англия, натиҷаи интихоби пешбаранда мебошад. Мутобиқати бисёр ҳайвонот бо таъсири моддаҳои заҳрнок низ натиҷаи интихоби пешбаранда аст. Интихоб ҳамон аломат ва хосиятҳоеро нигоҳ доштааст, ки ба зинда мондани ҳайвон аз таъсири моддаҳои заҳрнок мусоидат кардаанд. Масалан, калламушҳои хокистаранг ба заҳрҳое, ки хунравиро ба вуҷуд меоваранд, тез мутобиқ шудаанд. Ҳоло онҳо ғизои бо ин заҳрҳо олударо хӯранд ҳам, зиён намебинанд. Истифодаи доруҳои химиявӣ ба муқобили ҳашароти зараррасон низ ба ҳамин гуна натиҷа овард. Пас аз таъсири заҳр ҳамон фардҳое зинда мемонанд, ки нисбат ба заҳр тасодуфан устувор буданд. Ин фардҳо дар афзоиш нисбат ба фардҳои дигар бартарӣ доранд, зеро дар онҳо аломати ба заҳр устувор ҳосил шудааст. Фардҳои барандаи чунин аломат, дар байни фардҳои ҳамин намуд бартарӣ доранд. Ҳамин тавр, дар паҳншавии аломатҳои нави дохилинамудӣ, ки бо тағйирёбии шароити муҳити беруна ба амал меояд, интихоби пешбаранда нақши муҳим мебозад. Тағйирёбии аломат дар шакли зиёд шудан, намоён гаштан ё кам ва ё пурра нест шудан падид меояд. Дар ҳайвоноти зери хок кӯрмуш (крот) ва ғорҳо (кӯршабпарак) чашм барҳам хӯрдааст; дар баъзе паррандаҳо ва ҳашарот бол нест шудааст; дар рустаниҳои паразит реша ва барг аз байн рафтааст. Дар тасмакирмҳои паразит узвҳои ҳозима барҳам хӯрдааст. Боз бисёр далелҳои дигар мавҷуданд, ки мисоли нест шудани аломат буда, натиҷаи фаъолияти интихоби пешбаранда мебошад. Интихоби табиӣ маънои нест кардани аломатҳои алоҳидаеро надорад, ки қобилияти ҳаёт ё рақобати организмҳоро суст мекунад. Интихоб самти эволютсияро муайян месозад. Фаромӯш кардан лозим нест, ки дар табиат интихоб на аломатҳои алоҳида, балки фенотип ё ҷамъи аломатҳо, яъне комбинатсияи генҳои муайянро, ки бо организм мансубанд, нигоҳ медорад. Интихобро баъзан ба фаъолияти ҳайкалтарош муқоиса мекунанд. Чи тавре ӯ аз гач ё санги хоро ҳайкале месозад, ки ҳамаи қисмҳо ва хислатҳои шахсро инъикос мекунанд, интихоби табиӣ низ мутобиқат ва намудҳои навро пайдо мекунад, фардҳои кам мутобиқшударо аз афзоиш бозмедорад, ё ба таври дигар гӯем, комбинатсияи генҳои хуб мутобиқнашударо нест менамояд. Аҳамияти эҷодии интихоби табиӣ низ дар ҳамин аст, зеро дар натиҷаи фаъолияти он намуду шаклҳои нави организм пайдо мешаванд.
Интихоби устувор
[вироиш | вироиши манбаъ]Баъзан интихоби табиӣ ба нигоҳ доштани фенотипҳои вуҷуддошта равона аст. Инро интихоби доимӣ, ё устувор меноманд, ки шакли дигари интихоби табиӣ аст. Он дар ҷойҳое муқаррарӣ аст, ки шароити ҳаёти организмҳо муддати дуру дароз тағйир намеёбад, масалан, дар арзҳои шимол, қаъри уқёнус ва ғайраҳо. Дар ин ҷойҳо дар бадали даҳҳо ва садҳо миллион сол ягон тағйироти назаррас ба амал намеояд, организмҳо ба ин гуна шароит пурра мутобиқ шудаанд. Яъне, ин шакли интихоби табиӣ, дар шароити ҳамеша якхела амал мекунад. Аҳамияти интихоби устуворро олими рус И. И. Шмалгаузен нишон додааст. Интихоби устувор ба нигоҳ доштани аломатҳо ва хосиятҳои пеш пайдошуда равона шудааст: андозаи бадан ё қисмҳои алоҳидаи он дар ҳайвонот, андоза ва шакли гул дар рустанӣ, консентратсияи ҳормон ё глюкоза дар хуни ҳайвоноти муҳрадор ва ғайраҳо. Интихоби устувор мутобиқати намудро нигоҳ медорад ва аломатҳои ба ҷониби калонӣ ё хурдӣ, сабукӣ ё вазнинӣ майлкардаро нест мекунад. Масалан, дар рустаниҳои тавассути ҳашарот гардолудшаванда андоза ва шакли гул доимӣ шудааст, зеро он бояд ба сохт ва андозаи ҳашорот мувофиқ бошад. Говзанбӯр ба тоҷгули борик даромада наметавонад. Агар узвҳои гардбаргҳои гул кӯтоҳ бошанду, тоҷгул дароз, хартуми шабпарак ба онҳо расида наметавонад. Дар ҳарду маврид, агар гул ба сохти ҳашароти гардолудкунанда мувофиқ набошад, бордоршавӣ ба амал намеояд. Агар чунин бошад, пас генҳое, ки ба ин ё он тараф майл кардаанд, аз генофонди намуд нест мешаванд. Интихоби устувор генотипи ташаккулёфтаро аз таъсири вайронсози мутатсия нигоҳ медорад. Дар шароити нисбатан доимии муҳити беруна ҳамон фардҳое бартарӣ пайдо мекунанд, ки аломатҳои ташаккулёфта дошта бошанд. Фардҳое, ки андоза, вазн ва дигар ҳосиятҳояшон аз меъёри муқаррарӣ тағйир ёфтаанд, маҳв мешаванд. Бо шарофати интихоби устувор баъзе намудҳо то имрӯз боқӣ мондаанд: «Сарвати фоиданоки зинда» — моҳии панҷаболи латимерия, хазандаи эраи палеозой — гатерия, ки ба калтакалосҳои эраи мезозой хеле монанд аст, рустании лучтухми гинкго. Опоссум зоҳиран ба ҳайвоноте, ки даҳҳо миллион сол қабл зиндагӣ мекарданд, монандӣ дорад.
Интихоби ҷинсӣ
[вироиш | вироиши манбаъ]Ҳайвоноти ҷудоҷинса аз ҷиҳати сохти узвҳои афзоиш фарқ мекунанд. Баъзан фарқи ҷинсҳо дар намуди зоҳирӣ, рафтор низ зоҳир мешавад. Масалан, хурӯсҳо ранги баланд ва дар пой пих доранд, тоҷашон калон аст. Хурӯси тазарв нисбат ба мокиёни он зеботар мебошад. Дандонҳои ашки ҷоғи боло махсусан дар моржҳои нарина хуб тараққӣ кардаанд. Фарқияти намуди зоҳирии ҳайвонотро диморфизми ҷинсӣ меноманд. Интихоби ҷинсӣ — ин рақобат дар байни наринаҳои ҳайвонот дар давраи афзоиш мебошад. Овоз баровардану худро намоиш додан низ нишонаҳои интихоби ҷинсӣ буда, дар вақти афзоши ҷинсӣ истифода мегарданд. Бисёр вақт дар давраи афзоиш барои ба даст даровардани модина дар байни наринаҳо ҷангҳо ба амал меоянд. Дар паррандаҳо бозиҳои ошиқона ба мушоҳида мерасад, ҳаракати онҳо тағйир меёбад, болу парро сих кунонда, овози махсус мебароранд ва ғайраҳо. Масалан, ху рӯсони титав (тетерев) дар майдончаҳои ҷангалдор ҳанӯз шабона ҷамъ мешаванд. Вақти ҷуфтӣ ба субҳ рост меояд. Дар байни хурӯсҳо ҷанги шадид рух медиҳад. Мокиёнҳо бошанд, дар буттаҳо ё замин нишаста ин ҳолатро мебинанд. Дар натиҷаи интихоби ҷинсӣ, насли ҳамон наринаҳое боқӣ мемонад, ки фаъол, солим ва пурқувватанд. Боқимонда аз афзоиш дур ва генотипи онҳо аз генофонди намуд нест мешавад. Баъзан ранги баланд дар ҳайвонот фақат дар давраи афзоиш ба мушоҳида мерасад. Наринаҳои қурбоққаи тезманаҳ дар об ранги баланди осмониро мегиранд. Ранги баланд ва рафтори намоишкорона ин қурбоққаҳоро ба ҷонварони дарранда намоён ва эҳтимолияти фавти онҳоро зиёд мекунад. Вале ин барои томии намуд манфиат дорад, зеро қурбоққаҳои модина дар давраи баровардани насл аз хатар эмин мемонанд. Байни ноаёнии шакли зоҳирӣ дар паррандаҳо ва ғамхорӣ барои насл робита вуҷуд дорад. Масалан, тухми мурғи ҳилолро фақат мокиёни он мехобонад. Диморфизми ҷинсӣ ва интихоби ҷинсӣ дар олами ҳайвонот, ҳатто, дар приматҳо васеъ паҳн шудааст. Интихоби ҷинсиро метавон қисми таркибии интихоби табиии дохилинамудӣ шуморид.
Пайвандҳо
[вироиш | вироиши манбаъ]Эзоҳ
[вироиш | вироиши манбаъ]- ↑ Маҳмадзиёев А.М., Савлатов С.Х., Султонов С.С. Биологияи умумӣ - китоби дарсӣ барои синфи 11. — Душанбе: XEROXLand, 2006. — С. 89-95. — 288 с. — ISBN 99947-715-1-5.
Ҳаволаҳои беруна
[вироиш | вироиши манбаъ]
Ин мақолаи хурд мақола оиди аст. Бо густариши он ба Википедия кӯмак кунед. |