Индонезия
Шиор: «ваукаҷой дар ҷaҳон» | |
Суруди миллӣ: «» | |
Рӯзи истиқлолият | |
Забонҳои расмӣ | |
Пойтахт | Ҷакарта |
Шаҳри калонтарин | |
Идораи давлат | |
Масоҳат • Ҳамагӣ • Фоизи об. |
-ум ҷой дар ҷaҳон 1,904,569 км² 4.85% % |
Аҳолӣ • Ҳамагӣ • Зичӣ |
-ум ҷой дар ҷaҳон 222,781,000 нафар/км² |
Пули миллӣ | Рупиаи Индонезия |
Интернет-Домен | .id |
Коди телефон | + |
Соат | UTC |
Имрӯз қисми | {{{Имрӯз}}} |
Индонезия (Indonesia), Республикаи Индонезия (Republik Indonesia) — кишвар дар Осиёи Ҷанубу Шарқӣ. Аҳолиаш 266,3 млн нафар (январи 2018). Пойтахташ — Ҷакарта. Забони расмӣ — индонезӣ. Воҳиди пулӣ — рупияи индонезӣ. Идҳои давлатӣ: 1 январ — Соли нави милодӣ; 3 феврал — Соли нави хитойӣ; 15 феврал — Рӯзи мавлуди паёмбар Муҳаммад (с); 5 март — Соли нави ҳиндуҳо; 22 апрел — «Ҷумъаи бузург»; 17 май — Рӯзи мавлуди Буддо; 2 июн — «Меъроҷи Исо»: 17 август — Рӯзи истиқлолият; Иди Рамазон; Иди Қурбон; 27 ноябр — Соли нави мусулмонӣ; 25 декабр — Рӯзи мавлуди Исо. Ғайр аз ин идҳои миллии Рӯзи муҳофизат (1 октябр), Рӯзи Қувваҳои мусаллаҳ (5 октябр), Рӯзи савганёдкунии ҷавонон (28 октябр), Рӯзи қаҳрамонон (10 ноябр) ҷашн гирифта мешаванд. Индонезия ба 32 музофот ва 2 округи маъмурии махсус (округи пойтахтии Ҷакарта ва округи Ҷокякарта) тақсим шудааст.
Сохти давлатдорӣ
[вироиш | вироиши манбаъ]Индонезия — давлати муттаҳид. Конститутсияи амалкунанда 18.8.1945 қабул шудааст. Аз декабри соли 1949 то августи 1950 Конститутсияи Иёлоти Муттаҳидаи Индонезия амал мекард. Августи 1950 Конститутсияи муваққатӣ қабул ва 5.5.1959 Конститутсияи соли 1945 аз нав барқарор карда шуд. Индонезия — республикаи президентӣ. Президент ва ноиби Президент тариқи овоздиҳии мустақими умумихалқӣ ба муҳлати 5 сол (бо ҳуқуқи як бор интихоб шудан) интихоб карда мешаванд. Президент роҳбари давлату ҳукумат ва Сарфармондеҳи Қувваҳои мусаллаҳ мебошад. Мақоми олии қонунбарор — Конгресси машваратии халқӣ (КМХ), ки аз ду палатаи нобаробарҳуқуқ — Шӯрои намояндагони халқ ва Шӯрои намояндагони минтақаҳо иборат аст. КМХ 745 узв дорад. Аъзои ҳар ду палата тариқи овоздиҳии мустақими аҳолӣ ба муҳлати 5 сол интихоб мешаванд. КМХ на камтар аз як бор дар 5 сол дар ҷаласаҳо ҷамъ шуда, ба конститутсия тағйироту иловаҳо дохил мекунад, дар ҳолати содир кардани ҷиноятҳои аз ҷиҳати ҳуқуқӣ тасдиқшуда ва «номувофиқӣ ба вазифа» Президентро аз вазифа барканор менамояд. Шӯрои намояндагони халқ вазифаи парлумони доимо амалкунандаро иҷро мекунад. Он буҷети давлатиро тасдиқ мекунад, қонунҳоро таҳия ва қабул менамояд, аз болои иҷроиши қонунҳо ва сиёсати ҳукумат назорат мебарад. Шӯрои намояндагони минтақаҳо дар назди Шӯрои намояндагони халқ вазифаи мақоми машваратиро иҷро мекунад. Ҳукумати Индонезия таҳти роҳбарии Президент фаъолият менамояд. Вай бо розигии Шӯрои намояндагони халқ қонунҳоро нашр мекунад, барои иҷрои онҳо қарорҳо таҳия менамояд.
Индонезия узви СММ (1950), Фонди байналмилалии асъор (1954), Бонки байналмилалии Таҷдид ва Рушд (1954), Созмони кишварҳои содиркунандаи нафт (ОПЕК, 1962), Ассотсиатсияи давлатҳои Осиёи Ҷанубу Шарқӣ (АСЕАН, 1967), Созмони ҳамкории исломӣ (1969), Шӯрои ҳамкорӣ дар соҳаи амният дар минтақаи Осиё — уқёнуси Ором (1993) ва Ташкилоти умумиҷаҳонии туристӣ (1995) мебошад.
Муносибатҳои дипломатии байни Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Индонезия 27 августи 1944 шурӯъ шуданд. Аз 20 апрели 2010 сафири Индонезия дар Ҷумҳурии Узбекистон сафири ғайримуқим дар Ҷумҳурии Тоҷикистон низ таъйин шуда буд. Аз аввали соли 2013 тибқи қарори Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон уҳдадориҳои Сафорати Индонезия дар Ҷумҳурии Тоҷикистон (муқими Тошканд) ба Сафорати Индонезия дар ш. Остонаи Ҷумҳурии Қазоқистон вогузор карда шуд. 28-30 октябри 2003 сафари давлатии Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Э. Раҳмон ба Индонезия ба вуқӯъ пайваст. Зимни ин сафар 7 санади ҳамкориҳои тарафайн ба имзо расиданд. 21-25 апрели 2005 Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Э. Раҳмон ҷиҳати иштирок дар мулоқоти сарони давлатҳои Осиё ва Африқо ба Индонезия сафар кард ва дар доираи ин чорабинӣ гуфтушунидҳои дуҷонибаро бо Президенти Индонезия анҷом дод. Дар ҷараёни мулоқот тарафҳо масъалаҳои рушди баъдии ҳамкориҳои дуҷонибаи мутақобилаи судмандро муҳокима карданд. Миёни Тоҷикистон ва Индонезия ҳамкории парлумонӣ низ хуб ба роҳ монда шудааст. 7-9 декабри 2009 ҳайати парлумони Ҷумҳурии Тоҷикистон дар ҷаласаи чоруми Маҷмааи Парлумонҳои Осиё дар ш. Бунги Индонезия иштирок кард. 11-14 октябри 2010 гурӯҳи корӣ оид ба ҳамкориҳои дуҷонибаи Палатаи намояндагони Индонезия ба ш. Душанбе омад. 19-20 майи 2010 дар чаҳорчӯби Ҷаласаи 37-уми Шӯрои Вазирони корҳои хориҷии кишварҳои узви Созмони Ҳамкории Исломӣ вазири корҳои хориҷии Индонезия Марти Наталегава дар ш. Душанбе бо вазири корҳои хориҷии Ҷумҳурии Тоҷикистон мулоқот кард. 1 августи соли 2016 Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Э. Раҳмон аз Индонезия сафари расмӣ ба амал овард. Зимни музокироти сатҳи олӣ маҷмӯи васеи ҳамкориҳои сиёсӣ, иктисодӣ, сармоягузорӣ, илмӣ, фарҳангӣ ва амнияти баррасӣ шуда, 5 санади танзимкунандаи равобити дуҷониба дар соҳаҳои мухталиф ба имзо расиданд.
Табиат
[вироиш | вироиши манбаъ]Бо вуҷуди мавқеи ҷазиравӣ ва хатти хеле тӯлонии соҳилӣ (қариб 55 ҳазор км) доштани мамлакат дар Индонезия бандарҳои мувофиқ каманд. Соҳилҳои баҳрҳои дохилӣ асосан паст буда, бо буттазорҳои мангро пӯшида шудаанд ва онҳоро пастобаҳои регӣ иҳота кардаанд. Бисёр қитъаҳои соҳилҳои абразивии уқёнусӣ бинобар ҷариҳои ростфуромадаи серсанг душворфатҳанд.
Релеф. Дар релефи аксари ҷазираҳо кӯҳҳо ва ҳамвориҳоро ҷудо мекунанд. Умуман беш аз 1/2 ҳиссаи ҳудуди мамлакатро кӯҳҳо ва паҳнкӯҳҳои пасту миёна ишғол кардаанд. Дар ғарби ҷазираи Суматра, ҷануби ҷазираи Ява, ғарби ҷазираи Гвинеяи Нав (музофоти Папуа), ҷазираҳои Зонди Хурд ва Молукк кӯҳҳои ҷавони чиндор қомат афрохтаанд. Нуқтаи баландтарини Индонезия — кӯҳи Ҷойо (5030 м). Индонезия вулканҳои бисёр (ҳамагӣ 400 вулкан, аз ҷумла қариб 100 вулкани амалкунанда) дорад; бахусус дар ҷазираи Ява вулканҳо ва пуштакӯҳҳои гудозавӣ бисёранд. Калонтарин вулканҳои амалкунандаи Индонезия: Керинчи (3800 м) дар ҷазираи Суматра; Ринҷани (3726 м) дар ҷазираи Ломбок; Семеру (3676 м) дар ҷазираи Ява ва ғ. Дар қисми марказии ҷазираи Калимантан, дар ҷазираҳои Банка ва Белитунг паҳнкӯҳҳои чиндори қадимии қуллаҳо ва нишебиҳояшон ҳамвор ҷойгиранд. Релефи кӯҳҳо карстӣ буда, амиқиҳо ва ғорҳо доранд, дар онҳо ярч бисёр мефарояд. Бисёр ҷойҳои нишебиҳои теппаҳо ва кӯҳҳо дар ҷазираи Ява ва ҷазираҳои Зонди Хурд ба таври сунъӣ зина-зина карда шудаанд. Қариб 1/2 ҳиссаи масоҳати Индонезия-ро ҳамвориҳои баҳрӣ, делтавӣ ва алювиалии баландиашон то 200 м ишғол кардаанд. Дар шарқи ҷазираи Суматра, ҷануби ҷазираи Калимантан ва қисми ғарбии ҷазираи Гвинеяи Нав (қисми ҷанубу ғарбии музофоти Папуа) ҳамвориҳои фарох ҳастанд. Дар Суматраи Шарқӣ бузургтарин ботлоқи Осиёи Ҷанубу Шарқӣ ҷойгир аст, дар баъзе ҷойҳо масоҳати ботлоқҳо то 250 км мерасад.
Сохти геологӣ ва сарватҳои табиӣ. Индонезия дар ҷои васлшавии минтақаҳои серҳаракати Алпу Ҳимолой ва уқёнуси Ором, дар ноҳияи равандҳои нисбатан нави кӯҳпайдошавӣ ҷойгир буда, дар қишри замини он вулканҳо бисёр рух медиҳанд. Оташфишонии вулканҳо бисёр вақтҳо боиси заминҷунбиҳои сахти харобиовар мешавад. Дар асри 19 оташфишонии вулканҳои Тамбора ва Кракатау оқибатҳои ҳалокатовар овард. Мас., соли 1883 оташфишонии вулкани Каракатау дар ҷазираҳои Ява, Суматра ва ҷазираҳои хурди баҳри Яван сунамиро ба вуҷуд овард, ки боиси марги 36 ҳазор одам ва пурра нест шудани 300 маҳалли аҳолинишин гардид. Дар охири асри 20 — ибтидои асри 21 заминҷунбиҳои сахти харобиовар дар солҳои 1992 (ҷазираи Флорес), 1996 (ҷазираи Гвинеяи Нав), 2000 (қисми ҷанубии ҷазираи Суматра), 2004 (дар наздикии соҳили ғарбии қисми шимолии ҷазираи Суматра, ки боиси вуқӯи бузургтарин сунамӣ ва марги 170 ҳазор одам гардид), 2005 (қисми шимолии ҷазираи Суматра), 2006 (дуто — дар ҷазираи Ява ва қисми ҷанубии ҷазираи Суматра), 2007 (қисми ҷанубии ҷазираи Суматра) ба амал омаданд.
Дар қаъри замини Индонезия захираҳои зиёди нафт ва гази табиӣ, маъдани мис, тило, нуқра, қалъагӣ, никел, оҳан, алюминий, сулфур мавҷуд аст. Аксар конҳои нафту газ дар ҳавзаҳои нафту газдори Суматраи Марказӣ, Суматраи Ҷанубӣ, Суматраи Шимолӣ, Яваи Шимолӣ, Калимантани Шарқӣ, Когелкоп [ҷазираи Гвинеяи Нав, нимҷазираи Чендравасих (Доберай)] ҷойгиранд. Конҳои ангиштсанг дар қисми ғарбӣ ва ҷанубии ҷазираи Суматра, қисми шарқии ҷазираи Калимантан ва ҷазираи Гвинеяи Нав воқеанд. Яке аз калонтарин дар ҷаҳон кони мис, ки захираҳои тило, нуқра, оҳан низ дорад, дар минтақаи баландкӯҳи ҷазираи Гвинеяи Нав (Грасберг) ҷойгир аст. Конҳои ҳидротермалии тилову нуқра дар қисми ғарбии ҷазираи Ява (наздикии Ҷакарта) ва қисми марказии ҷазираи Суматра машҳуранд. Дар ҳама ҷо қад-қади соҳилҳо конҳои парокандаи тило паҳн шудаанд. Дар Индонезия инчунин конҳои маъдани хром, манган, волфрам, молибден, сурб, руҳ, алмос, масолеҳи бинокорӣ (оҳаксанг, доломит, мергел, асбест, каолин, бентонит, реги кварсӣ, санги ҷилбур ва ғ.) мавҷуданд.
Иқлим. Иқлими Индонезия — экваторӣ ва субэкваторӣ. Дар пастиҳо ҳарорати миёнаи моҳона 26-28оС-ро ташкил медиҳад. Дар кӯҳҳо ҳарорат паст мешавад, дар баландии 3000 м — қариб 0оС. Боришоти солона дар қисми зиёди Индонезия ба 2000-4000 мм мерасад. Миқдори зиёди борон (қариб 6000 мм дар сол) дар кӯҳҳои қисми ғарбии ҷазираи Суматра меборад. Дар ҳудуди минтақаи иқлими субэкваторӣ ивазшавии ду мавсим — боронӣ (декабр — март) ва хушк (июн — сентябр) ба қайд гирифта шудааст. Дар Яваи Шарқӣ ва ҷазираҳои Зонди Хурд боришот аз 2000 мм кам, тобистонаш хушк аст; дар канори ҷанубу шарқии мамлакат боришот то 600—700 мм кам мешавад. Мавсими хушкӣ аз 4-5 моҳ (дар ҷазираи Ява) то 6-7 моҳ (дар ғарби ҷазираи Тимор) давом мекунад. Аз декабр то март шамолҳои серрутубати шимолу шарқӣ, аз июн то октябр шамолҳои хушки ҷанубу шарқӣ мевазанд. Дар гул. Малакк баъзан тӯфонҳо ба амал меоянд, ки «суматра» ном доранд.
Обҳои дохилӣ. Дарёҳо бисёр ва тамоми сол серобанд, дар ҷанубу шарқи мамлакат дар мавсими хушкӣ хушк мешаванд. Дарёҳо асосан кӯтоҳанд. Дарозтаринашон — д. Капуас дар ҷазираи Калимантан (дарозиаш беш аз 1000 км). Дарёҳои нисбатан калон: Барито, Каяма ва Махакам (ҷазираи Калимантан), Ҷаби, Муси, Кампар, Сиак ва Рокар (ҷазираи Суматра), Соло (ҷазираи Ява), Мамберамо (ҷазираи Гвинеяи Нав). Индонезия кӯлҳои бисёри пайдоишашон вулкании хурд дорад. Калонтаринашон — кӯли Тоба (масоҳаташ 1775 км2) дар ҷазираи Суматра, Ҷемпанг, Сентарум дар ҷазираи Калимантан, Товути, Темпе дар ҷазираи Сулавеси.
И дар байни мамлакатҳои Осиё дорои бузургтарин захираҳои оби навшаванда (2838 км3) мебошад. Ба ҳар сокини Индонезия дар як сол 12,75 ҳазор м3 об рост меояд. Барои эҳтиёҷоти хоҷагӣ то 3 % (аз ҷумла барои эҳтиёҷоти кишоварзӣ 91 %, таъминоти манзилию маишӣ 8 % ва корхонаҳои саноатӣ 1 %)-и захираҳои об сарф мешаванд. Дарёҳо иқтидори бузурги ҳидроэнергетикӣ (15,5 млн кВт) доранд.
Ҷуғрофия
[вироиш | вироиши манбаъ]Индонезия дар 17508 ҷазираи галаҷазираи Малай ҷойгир буда, ҷазираҳои Зонди Калон (Калимантан, ғайр аз қисматҳои шимолӣ ва шимолу ғарбӣ; Суматра, Сулавеси, Ява ва Мадура), Зонди Хурд (ғайр аз қисми ҷазираи Тимор) ва Молуккро дар бар мегирад. Қисми ғарбии ҷазираи Гвинеяи Нав ва ҷазираҳои хурди аз ғарбу шарқ ба он ҳамшафат низ ба ҳайати Индонезия дохил мешаванд. Дар шимол ва қисми марказӣ бо уқёнуси Ором ва баҳрҳои он (Бали, Банда, Молукк, Саву, Серам, Сулавеси, Флорес, Хитойи Ҷанубӣ, Ява), дар шимолу ғарб, ғарб ва ҷануб бо уқёнуси Ҳинд ва баҳрҳои он (Андаман, Арафур, Тимор), инчунин гул-ҳои байни онҳо ҳамсарҳад аст. Бо Малайзия (дар ҷазираи Калимантан), Папуа Гвинеяи Нав (дар ҷазираи Гвинеяи Нав) ва Тимори Шарқӣ (дар ҷазираи Тимор) сарҳадди хушкӣ дорад. Масоҳаташ 1919440 км2, калонтарин масофа байни сарҳадҳои ғарбӣ ва шарқӣ, ки қад-қади хатти истиво тӯл кашидааст, 5,1 ҳазор км (3 минтақаи соат), байни сарҳадҳои шимолӣ ва ҷанубӣ — қариб 1,8 ҳазор км.
Хок, олами наботот ва ҳайвонот
[вироиш | вироиши манбаъ]Хоки Индонезия асосан латеритии ҳосилхез буда, дар шароити иқлими сернам ва ҳарорати баланди доимӣ ташаккул ёфтааст. Хоки ҷазираҳои Зонди Хурд — сурхи бӯртоб ва дорчинӣ, хоки кӯҳҳо — бӯри бешагӣ, марғзории кӯҳӣ. Дар таҳнишинҳои ҷавони вулкании ҷазираҳои Ява, Суматра, Сулавеси ва ғ. хокҳои ҳосилхези вулканӣ инкишоф ёфтаанд. Дар ҳамвориҳо хокҳои аллювиалии тропикӣ ва ботлоқӣ (Суматра, Калимантан) ва хоки глеевии ферраллитӣ паҳн шудаанд. Олами набототи Индонезия гуногун буда, беш аз 27,5 ҳазор намуди рустаниҳои олиташаккул, аз ҷумла 17,5 намуди дарахтро дар бар мегирад. 60 дарсади масоҳати мамлакатро ҷангалҳо, 8 дарсадро даштҳо (саваннаҳо) ва буттазорҳо ишғол кардаанд. Дар ин ҷо намудҳои гуногуни тутанҷир, расамала, пандануса, дарахти нон, инчунин нахл, папоротникҳои дарахтмонанд, хайзурон мерӯянд. Изғичи печон ва эпифитҳо фаровонанд. Дар баландиҳои аз 1300—1500 м то 2600-3000 м ҷангалҳои ҳамешасабз ва омехтаи кӯҳӣ паҳн шудаанд, ки дар онҳо ҷинсҳои дарахтони ҳамешасабз (булути ҳамешасабз), паҳнбарг (булут, олаш, шоҳбулут) ва сӯзанбарг (подокарпус) бартарӣ доранд. Баландиҳои аз 2600 то 3000 м-ро бешаҳо, буттазорҳо ва марғзорҳои кӯҳӣ фаро гирифтаанд. Баландкӯҳҳои ҷазираи Гвинеяи Нав ҳамеша барфпӯшанд. Дар ҷанубу шарқи мамлакат бешаҳои дарахтони баргрез (заранг, ақоқиё) ва саваннаҳо бо алафҳои қадпаст инкишоф ёфтаанд. Қад-қади соҳилҳо дарахтони мангро мерӯянд.
Суръати нестшавии ҷангалҳо дар И, дар ҷаҳон аз ҳама баландтарин аст (солҳои 1999-2000-ум 14 дарсади ҷангалҳои табиӣ нест карда шудааст). Сабабҳои асосии нобудшавии ҷангалҳо: истеҳсоли чӯб (аз ҷумла ғайриқонунӣ), сӯхтор, зироаткорӣ дар замини кундаковшудаи бешазор, истихроҷи маъданҳои фоиданок ва ғ. Дар ҷои ҷангалҳои ҳамвориҳо заминҳои кишоварзӣ ва иморатҳо бунёд гардидаанд. Дар Индонезия 515 намуди ширхӯрон (ба 147 намуди онҳо хатари нестшавӣ таҳдид мекунад), 929 намуди парандаҳои лонагузор (ба 114 намуди онҳо хатари нестшавӣ таҳдид мекунад), 745 намуди хазандагон (ба 28 намуди онҳо хатари нестшавӣ таҳдид мекунад) зиндагӣ мекунанд. Қариб нисфи намудҳои ширхӯрон ва парандагони хосси Индонезия мебошанд. Ҳайвоноти хосси қисми ғарбии Индонезия орангутан (Калимантан, Суматра), гиббонҳо, маймунҳои нозукбадан, каргаданҳо, фил, тапир (Суматра), барзагови бантенг, хирси малайӣ (Калимантан, Суматра), паланги суматрагӣ мебошанд. Олами парандагони Индонезия ғанист. Аз хазандаҳо тимсоҳ, питон (мори калони безаҳр) вомехӯранд; дар ҷазираи Комодо популятсияи сусмори калони комодӣ муҳофизат мешавад. Дар қисми шарқии Индонезия ҳайвоноти сумдор бартарӣ доранд. Дар Индонезия намудҳои ҳашарот, аз ҷумла шапаракҳо хеле бисёранд. Дар баҳрҳои Индонезия-ро иҳотакарда беш аз 4000 ҳазор намуди моҳиҳо, ҳайвоноти калони баҳрӣ (вол, дюгон, делфин, сангпушти баҳрӣ, наҳанг, суфрамоҳӣ) ва бисёр намуди морҳо зиндагӣ мекунанд.
Барои муҳофизати гуногуншаклии биологии система (шабака)-ҳои экологии Индонезия 956 ҳудуди табиии рӯизаминии ҳифзшаванда дар масоҳати умумии 23,7 млн га, инчунин 122 ҳудуди табиии ҳифзшавандаи баҳрӣ дар масоҳати 13,5 млн га ташкил карда шудаанд. Боғҳои миллии Гунунг-Геде-Пангранто дар ҷазираи Ява, Гунунг-Лёсер дар ҷазираи Суматра, Лоре-Линду ва Танҷунг-Путинг дар ҷазираи Сулавеси, Комодо ва Сиберут дар ҷазираҳои ҳамном мақоми парваришгоҳҳои биосфериро доранд. Ботлоқҳои Данау-Сенитарум дар ҷазираи Калимантан, Бербак дар ҷазираи Суматра, Боғи миллии Васур дар музофоти Папуа парваришгоҳҳои дорои аҳаммияти байналмилалӣ мебошанд. Боғҳои миллии Комодо, Уҷунг-Кулон дар ҷазираи Ява, Лоренс дар ҷазираи Гвинеяи Нав, инчунин бешаҳои боронии тропикии Суматра ба рӯйхатти Мероси умуиҷаҳонии ЮНЕСКО дохил карда шудаанд. Боғи ботаникии ш. Богор дар ҷазираи Ява яке аз калонтарин дар ҷаҳон мебошад. «Боғи вулканҳо» дар ҷазираи Ява, мамнуъгоҳ ва маркази таҳқиқот оид ба омӯзиши орангутанҳо дар ҷазираи Калимантан дар ҷаҳон машҳуранд.
Аҳолӣ
[вироиш | вироиши манбаъ]Дар Индонезия қариб 300 халқият зиндагӣ мекунанд, қисми зиёди онҳо (97 %) ба гурӯҳи австронезӣ тааллуқ доранд. 94,5 дарсади онҳо ба забони индонезӣ гуфтугӯ мекунанд. Калонтарин халқҳои австронезӣ халқҳои Ява ва Мадура мебошанд: явагиҳо (41,7 %), сундҳо (17,5 %), мадурҳо (3,3 %); халқҳои Суматра (12,5 %): батакҳо (3,7 %), минангкабау (3,7 %), очеҳ (1,6 %); ниасҳо (0,3 %), тенгерҳо (0,3 %), балийҳо (1,8 %), сасакҳо (1,1 %); банҷарҳои Калимантан — 1,9 %, даякҳои Калимантан — 1,5 %; халқҳои Сулавеси (6,1 %): бугисҳо (1,8 %), макасарҳо (1,1 %), гурунтало (0,5 %), монгондоу (0,5 %), минаҳасҳо (0,2 %), туроҷиҳо (0,7 %); дар Индонезия-и Шарқӣ: халқҳои бима-сумбанӣ (1,1 %), амбонҳо (0,1 %), халқҳои Тимор (1,4 %) ва ғ. Халқҳои Халмахери Шимолӣ 0,1 %, тиморию алорӣ 01 %, Халмахери Ҷанубӣ ва Гвинеяи Нави Ғарбӣ 0,15 %, папуасҳои Гвинеяи Нав 0,2%-ро ташкил медиҳанд. Дар Индонезия ҳамчуни хитойиҳо (4,1 %), арабҳо (0,1 %), тагалҳо, гурӯҳҳои ҳиндузабон ва ғ. зиндагӣ мекунанд. Аҳолии Индонезия дар асри 20 ва ибтидои асри 21 аз ҳисоби дараҷаи баланди таваллуд тез афзуд. Афзоиши солонаи аҳолӣ — 1,069 % (2010). Таваллуд — 18,1 %, фавт — 6,1 %, фавти кӯдакон — 32,14 нафар ба 1000 навзод. Дарозумрӣ ба ҳисоби миёна 70,2 (мардҳо — 67,7, занҳо — 72,8) сол. Зичии миёнаи аҳолӣ 130,85 нафар дар 1 км2 (дар Ява беш аз 1000 нафар дар 1 км2, дар Округи махсуси пойтахтӣ — 14400 нафар дар 1 км2, дар ҷазираҳои Молукк — 34 нафар дар 1 км2, дар музофоти Папуа — камтар аз 8 нафар дар 1 км2). 49 дарсади аҳолӣ шаҳрнишинанд (2008). Аҳолии шаҳрҳо дар асри 20 ва ибтидои асри 21 аз ҳисоби муҳоҷирати аҳолии деҳот пайваста меафзояд. Шаҳрҳои калони сераҳолии Индонезия: Ҷакарта, Ҷаботабек, Бандунг, Медан, Сурабая, Палембанг, Макасар, Чиребон, Ҷокякарта, Семаранг, Бандар-Лампунг, Денпасар, Матарам, Суракарта, Тегал, Самаринда, Маланг. Аҳолии аз ҷиҳати иқтисодӣ фаъол — 106,3 (2007), сатҳи бекорӣ −10,5 %. 44 дарсади аҳолӣ дар соҳаҳои кишоварзӣ ва моҳидорӣ, 38 % дар соҳаи хидматрасонӣ, 13 % дар саноат, 5 % дар сохтмон кор мекунанд. Беш аз 88 дарсади аҳолии Индонезия мусулмонанд. Аксари мусулмонони Индонезия суннимазҳаб ва қариб 1 млн нафар шиа мебошанд. Насрониён 8,7 % (аз ҷумла протестанҳо — 5,7 %, католикҳо — 3 %), ҳиндуҳо 2%-ро ташкил медиҳанд. 1,3 дарсади аҳолӣ пайравони дигар дину мазҳабҳо мебошанд.
Таърих
[вироиш | вироиши манбаъ]Боқимондаи гоминидҳои қадимӣ — питекантропҳо дар Яваи Марказӣ (Сангиран, Моҷокерто, Нгандонг) ёфт шудаанд. Синни онҳоро муҳаққиқон аз 1,8 млн то 750 ҳазор сол баҳо медиҳанд. Онҳо дар Ява 100-50 ҳазор сол пеш зиндагӣ мекарданд ва ҳамроҳи намуди ҳозираи одам вуҷуд доштанд. Изҳои онҳо дар ҳудуди Индонезия ба давраи палеолит (маданияти бостонии Сангиран ва Ява) тааллуқ доранд. Дар давраи неолит дар Индонезия маданияти ҷамоаҳои мадании Хоабин ба вуҷуд омад, дар ҷазираи Сулавеси маданияти Тоала вуҷуд дошт. Қариб 4-3 ҳазор сол то м. дар ҳудудҳои шимолу шарқии Индонезия маскуншавии халқҳои астронезӣ оғоз ёфт, ки онҳо дар асри 1 то м. қисми зиёди галаҷазираро аз худ карданд. Онҳо ҳунармандӣ ва шоликории обиро хеле такмил доданд ва ҳамчун баҳрнавардони моҳир машҳур шуданд. Ибтидои асри бириҷӣ дар қисми ғарбии Индонезия низ ба ҳамин давра тааллуқ дорад. Дар миёнаи асри 1 то м. дар Суматра, Ява ва дигар ҷазираҳо маданияти Дангшон паҳн гардид, ки сохтмонҳои филиззӣ дар Суматра ва дигар ҷазираҳо аз ҷумлаи ёдгориҳои он мебошанд.
Дар ибтидои милод сохтори иҷтимоии қабилаҳои Ява, Суматра ва Калимантан тадриҷан мураккаб шуд; давлатҳои аввалин пайдо шуданд. Дар ин вақт ба халқҳои Индонезия маданияти Ҳиндустон таъсири ҷиддӣ расонд, ба Индонезия динҳои бутпарастӣ ва ҳиндуӣ ворид шуданд. Тоҷирони Ҳиндустон ва Хитой ба Индонезия омаданд. Аввалин давлатҳо дар ҳудуди Индонезия дар асрҳои 2-5 м дар роҳҳои тиҷорат — дар гул-ҳои Малакк ва Зонд пайдо шуданд. Дар ин давра давлатҳои Тарума Негара дар Яваи Ғарбӣ, Калинга дар Яваи Марказӣ, Шриваҷая ва Малайю дар Суматра, Мулавармана дар Калимантани Шарқӣ, Виҷаяпура дар Калимантани Ғарбӣ маълум буданд. Маданияти Ҳиндустон ба пайдоиши хат дар асоси санскрит дар мамлакатҳои Индонезия мусоидат кард. Дар ибтидо буддоия таъсири бештар дошт. Дар асри 7 империяи Шривиҷайяи Суматра ба вуҷуд омада, дар асрҳои 9-10 ба авҷи тараққӣ расид ва ба бузургтарин марказҳои буддоия дар минтақа табдил ёфт. Дар ибтидои асри 9 дар Яваи Марказӣ давлати Матарам пайдо шуд, ки динни он шивапарастӣ буд. Дар миёнаи асри 9 ҳокимони Матарам давлати буддоиро дар Ява торумор карда, дар охири асри 9 ҷазираҳои шарқиро ишғол намуданд ва дар замони ҳукмронии шоҳ Синдок маркази империя ба ин ҷо кӯчонда шуд. Дар охири асри 10 Матарам барои назорат ба роҳҳои савдои баҳрӣ бо Шривиҷай муқобилат кард, вале шикаст хӯрд. Соли 1022 Шривиҷайро империяи ҳиндуии Чола шикаст дода, ҳукмронӣ дар савдо тариқи уқёнуси Ҳиндро ба даст овард. Империяи Шривиҷай то ибтидои асри 15 вуҷуд дошт. Дар Суматра дар асри 13 князиҳои хурди Ҷамби, Пасей, Самудра, Перлак, Педир ва ғ. пайдо шуданд.
Ява дар асри 11 ба якчанд князӣ тақсим шуд. Соли 1222 ҳукмрониро дар Ява шоҳ Кен Ангрок ба даст оварда, давлати Сингасариро ташкил кард. Ин давлати хурд дар давраи ҳукмронии шоҳ Кертинагаре (1268—1292) пуриқтидор шуда, Мадуру, Малайю, Бали ва ғ-ро ба худ тобеъ кард. Баъди фавти ӯ ба Ява сипоҳиёни империяи Юани Муғулистон дохил шуданд, вале шоҳзода Виҷай онҳоро зуд аз Ява берун ронда, давлати Маҷапахитро таъсис дод. Империяи Маҷапахит қисми зиёди галаҷазираро зери итоати худ дароварда, калонтарин давлати умумииндонезии асрҳои миёна гардид. Дар асри 14 дини ислом аз Ҳиндустон ба Индонезия паҳн шуд. Дар асри 16 Маҷапахит ба давлатҳои хурди зиёде тақсим шуд, ки сардори онҳо сулолаҳои мусулмон буданд. Дар асри 16 ба Индонезия мустамликадорони аврупоӣ омаданд. То миёнаи асри 18 ҳолландиҳо ноҳияҳои асосии ҷазираи Ява, дар асри 19 ва аввали асри 20 ҳудуди Индонезия-ро пурра забт карданд. Истисмори бераҳмонаи аҳолӣ боиси сар задани шӯришҳо гардид, ки ҷанги миллии Ява (1825-30) бо сарварии Дипонегоро калонтарини ин шӯришҳо буд. Дар ибтидои асри 20 дар Индонезия ҳаракати муташаккилаи миллии озодихоҳӣ ба амал омад. Дар Ява нахустин иттифоқи касабаи коргарон ва хидматчиён (1905) барпо шуд. Соли 1908 аввалин ташкилоти миллии «Буди утомо» ташкил ёфт, ки хусусияти фарҳангию маърифатӣ дошт. Соли 1911 ташкилоти оммавии сиёсии «Серекат ислом» («Иттиҳоди ислом») ба вуҷуд омад.
23.5.1920 дар асоси иттиҳоди сотсиал-демократҳо (таъсисаш 1914) Ҳизби коммунистии Индонезия (ҲКИ) таъсис ёфт. Ноябри 1926 дар Ява бо роҳбарии коммунистон шӯриши зидди мустамликадорон сар зада, он соли 1927 Суматраро низ фаро гирифт; дар ғарби Суматра бо роҳбарии ҲКИ шӯриши мусаллаҳона ба амал омад. Шӯриш бераҳмона пахш, фаъолияти ҲКИ ва иттифоқҳои касаба дар Индонезия манъ карда шуд. Дар мамлакат Ҳизби милли Индонезия бо сарварии Сукарно (1923) ва Партиндо (1933) ба вуҷуд омада, шиори истиқлолияти Индонезия-ро ба миён гузоштанд.
Солҳои 1942-45 Индонезия-ро аскарони Ҷопон ишғол карданд. Дар охири Ҷанги дуввуми ҷаҳонӣ дар Индонезия ҳаракати озодихоҳии миллӣ аз нав авҷ гирифт. 17 августи 1945 Индонезия мустақил эълон шуда, Сукарно нахустин президенти он шуд. Нидерланд ва Британияи Кабир истиқлолияти Индонезия-ро эътироф накарда, сентябри 1945 ба ҳудуди он сипоҳиёни худро фуроварданд. Январи 1945 ҳукумати Сукарно аз Ҷакарта ба Ҷокякарта кӯчонда шуд ва он муддате пойтахти Индонезия гардид. Дар мамдлакат ҳаракатҳои зидди мустамликадорон авҷ гирифт. Муборизаи халқи Индонезия ва онро дастгирӣ кардани қувваҳои демократии ҷаҳон Нидерландро маҷбур кард, ки истиқлолияти Индонезия-ро эътироф кунад. Аммо дар конфронси мизи мудаввар дар Гаага (1949) ба гардани Индонезия як қатор шартномаҳои дорои хусусияти навмустамликадорӣ бор карда шуданд. Истиқлолияти Индонезия дар доираи Иттифоқи Нидерланду Индонезия маҳдуд шуда, Ирианаи Ғарбӣ дар итоати Нидерланд монд.
Дар интихиботи нахустини парлумон, ки соли 1955 доир гардид, чор ҳизб ғалаба кард: Ҳизби миллии Индонезия, Машуми, Наҳзатулуламо ва ҲКИндонезия Ба гурӯҳҳо ҷудо шудани қувваҳо боиси тезу тунд шудани муборизаи сиёсӣ гардид. Солҳои 1956-57 дар Суматра ва Сулавеси исёнҳои зидди ҳукумат, ки ба онҳо афсарони иртиҷоӣ роҳбарӣ мекарданд, авҷ гирифт. Дар чунин вазъият Сукарно бар хилофи низоми парлумонии Ғарб соли 1957 ақидаи «демократияи идорашаванда»-ро пешниҳод кард, ки нуктаҳои асосии он пурқувват гардондани ҳокимияти Президент, амалан барҳам додани мухолифин ва барои ба амал баровардани ғояҳои сотсиализми майдабуржуазӣ ҳамкорӣ кардани ҳамаи ҳизбҳо буданд. Сукарно парлумони интихобиро пароканда ва парлумони нав таъйин кард, ҳизби Машум ва сотсиалистони ростро манъ (1960) ва як қатор декретҳое ҷорӣ намуд, ки то соли 1961 низоми «демократияи идорашаванда»-ро ба шакли муайян дароварданд.
Соли 1963 баъди муборизаҳои дурударози сиёсӣ ва намоишҳои ҳарбӣ Ирианаи Ғарбӣ ба ҳайати Индонезия дохил шуд. Дар рафти ҳамин мубориза соли 1957 корхонаҳои ҳолландӣ, ки 70 дарсади сармояи хориҷии мамлакатро ташкил медоданд, миллӣ кунонда шуданд. Аммо милликунонӣ бе тайёрии ташкилӣ ва техникӣ гузаронида шуда, боиси камшавии маҳсулот ва бадшавии аҳволи оммаи васеи аҳолӣ гардид, дар мамлакат бекорон пайдо шуданд, ришвахӯрӣ авҷ гирифт. Соли 1963 ҷиҳатҳои манфии «демократияи идорашаванда» равшантар намоён шуданд. Марти 1963 Конгресси машваратии халқии муваққатӣ Сукарноро аз вазифаи президентӣ сабукдӯш карда, Сухарторо иҷрокунандаи вазифаи президенти Индонезия (аз соли 1968 Президент) таъйин намуд. Низоми сиёсии муқарраркардаи Сухарто бар артиш (афсарон дар дастгоҳи давлатӣ вазифаҳои калидиро ишғол менамуданд) ва Ҳизби гурӯҳҳои амалкунанда (Голкар) такя мекард. Ҳукумати Сухарто шиори «Устуворӣ ба хотири рушд»-ро эълон карда, фаъолияти ҳамаи ҳизбҳоро хеле маҳдуд намуд. Танҳо ба се ҳизб иҷозаи фаъолият дода шуд: Голкар, Ҳизби ягонагӣ ва рушд, Ҳизби демократии Индонезия (ҲДИ). Ҳукумат барои сармоягузорони хориҷӣ шароити мусоид фароҳам овард. Дар саноат пешравиҳои назаррас ба амал омада, суръати инкишоф ба 7-8 % расид. Содирот хеле зиёд ва шумораи камбағалон кам шуд. Соҳаи маориф хеле пеш рафт. Вале рушди иқтисодиро дигаргуниҳои ҷиддии иҷтимоӣ, камбағалшавии оммавии аҳолии деҳот ва рушди бекорӣ ҳамроҳӣ мекард. Муборизаҳои иҷтимоӣ тавъам бо эътирозҳо ба муқобили фишори сармояи хориҷӣ, ришвахӯрӣ, вайрон шудани арзишҳои фарҳангии суннатӣ ва ҳокимияти мутлақи артиш авҷ гирифтанд. Нақши созмонҳо ва ҷамъиятҳои исломӣ ҳамчун ифодакунандаи рӯҳияи мухолифин афзуд. Ҳукумати Сухарто дар соҳаи муносибатҳои хориҷӣ гузаронидани сиёсати «фаъол ва мустақил»-и ба блокҳо ҳамроҳ нашуданро эълон кард. Индонезия узви АСЕАН шуд. Декабри 1975 кӯшиши ғасби Тимори Шарқӣ карда, ба ҳудуди он қӯшунҳои худро даровард ва июли 1976 онро 27-умин музофоти Индонезия эълон кард. Ғасби Тимори Шарқи аз ҷониби Индонезия боиси эътирози ҷомеаи ҷаҳонӣ гардид. Индонезия дар охири солҳои 1970 вобаста ба воқеаҳо дар Камбоҷа аз мавқеи зиддиветнамӣ ва вобаста ба воқеаҳо дар Афғонистон аз мавқеи зиддишӯравӣ баромад кард.
Буҳрони молиявии соли 1997 дар Осиёи Ҷанубу Шарқӣ ба иқтисодиёти Индонезия зарбаи сахт зад. Қарзи давлатӣ хеле афзуд, беқурбшавии пул шиддат гирифт, сатҳи зиндагии мардум хеле паст шуд, ки боиси баромадҳои зидди ҳукумат ва зӯроварию вандализм гардид. 21.5.1998 Сухарто зери таъсири баромадҳои оммавии аҳолии ш. Ҷакарта ва дигар шаҳрҳо маҷбуран аз вазифаи президентӣ даст кашид. Конгресси машваратии халқӣ роҳбарии ҳукуматро муваққатан ба зиммаи ноиби Президент Б. Ю. Ҳабибӣ гузошт. Ӯ барои демократикунонии ҳаёти сиёсии мамалакат якчанд ислоҳот гузаронд. Озодии сухан ва матбуот таъмин гардида, ба таъсиси созмонҳои сиёсӣ иҷозат дода шуд. Лашкари Индонезия ба Тимори Шарқӣ дароварда шуд, тайёрӣ ба ислоҳи конститутсия оғоз гардид. 20.10.1999 ходими маъруфи мусулмон Воҳид Абдурраҳмон президенти Индонезия ва намояндаи ҲДИ, духтари Сукарно — Сукарнопутри Мегавати ноиби президент интихоб шуданд. Дар ин вақт боварӣ ба ҳукумат кам, қарзи берунӣ зиёд, шиддати муносибатҳои иҷтимоӣ баланд, аҳолӣ камбағал, тамоюли марказгурезии минтақаҳо баланд, зиддиятҳои этникӣ зиёд буд. Дар чунин шароити мураккаб Воҳид Абдурраҳмон ҳамчун ислоҳотгар кӯшиш кард, ки артишро таҳти назорати ҳукумати мулкӣ (гражданӣ) гузорад, ба риояи ҳуқуқи инсон ноил шавад ва онҳоеро, ки аз низоми пештара азият кашида буданд, сафед кунад. Пайваста хусусияти дунявии давлатии Индонезия-ро ҷонибдорӣ мекард. Вале мухолифонаш бо дастгирии пинҳонии артиш ба истеъфои ӯ (23.7.2001) комёб шуданд. Президенти Индонезия Сукарнопутри Мегавати шуд. Роҳи созишкоронаи ӯ, ки аз се як ҳиссаи депутатҳои парлумон дастгирӣ мекарданд, дар байни қисми зиёди аъзои ҲДИ нобовариро ба амал овард. Ҳукумати Сукарнопутри беқурбшавии пулро паст ва ришвахӯриро кам карда натавонист. Дар мавҷи нобовариҳо ба сиёсати ҳукумат дар мамлакат ташкилотҳои моҷароҷӯи мусулмонӣ фаъол гардиданд. Соли 2004 дар нахустин интихоботи мустақими мамлакат намояндаи ҲДИ генерал Сусило Бамбанг Юдхойоно ғалаба кард. Ноиби Президент пешвои Голкар, соҳибкори бузург Юсуф Калла интихоб шуд. Ҳукумати ӯ дар танзими зиддиятҳои этникӣ муваффақиятҳои зиёд ба даст овард, аз ҷумла августи 2005 бо миёнаравии Иттиҳоди Аврупо бо пурқувваттарин ташкилоти ҷудоихоҳ — Ҳаракат барои Ачехи озод созишномаи сулҳ баст. Дар нимаи 2-юми солҳои 2000 дар самти иқтисодиёт пешравиҳои назаррас ба амал омаданд: ҷалби сармоягузории мамлакат аз нав барқарор карда шуд, Суръати рушди иқтисодиёт дар қисми зиёди соҳаҳо ба дараҷаи тобуҳронӣ расонида шуд. Дар интихоботи июни 2009 Юдхойоно бори дуввум Президенти Индонезия интихоб шуд. Президенти кунунии Индонезия намояндаи Ҳизби демократии муборизаи Индонезия Ҷоко Видоло (аз соли 2014).
Иқтисод
[вироиш | вироиши манбаъ]Индонезия давлати аграрӣ-индустриалӣ, мамлакати бузурги рушдкунанда бо хоҷагии серсоҳа мебошад. Аз рӯи ММД −2,842 трлн доллари ИМА (2015) байни мамлакатҳои Осиёи Ҷанубу Шарқӣ ҷойи 1-умро ишғол мекунад. То ибтидои солҳои 1950 асоси иқтисодиёти Индонезия-ро кишоварзӣ ва саноати кӯҳкорӣ ташкил медод. Навсозии сохтори мустамликадорӣ соли 1957 сар шуд ва ташкили «иқтисодиёти идорашаванда» боиси буҳрони шадиди иқтисодӣ дар мамлакат гардид. Соли 1965 курси давлатии «низоми иқтисодии нав» қабул карда шуд, ки асоси онро тамоюли содиротии хоҷагӣ ва танзими маблағҳои аз хориҷа воридшаванда ташкил медод. Маблағгузории зиёди давлатӣ ба васеъ кардани базаи саноати вазнин (инкишофи филиззоти сиёҳ ва ранга, саноати коркарди нафт, семент ва ғ.) ва азхудкунии ноҳияҳои кишоварзӣ дар ҷазираҳои берунӣ (берун аз ҳудуди ҷазираҳои Ява, Бали ва Мадура) равона карда шуд. Солҳои 1970-90 суръати баланди рушди иқтисодӣ (беш аз 7 % дар сол) асосан аз ҳисоби содироти нафту гази табиӣ нигоҳ дошта шуд. Аз ибтидои солҳои 1990 либерализатсияи тадриҷии иқтисодиёт, зери назорати сармояи хусусӣ (миллӣ ва хориҷӣ) гузаштани корхонаҳои бахшҳои гуногуни хоҷагӣ ба амал омад. Дар охири солҳои 1990 буҳрони иқтисодии Осиё ва нооромиҳои сиёсии дохилӣ дар мамлакат боиси хеле пастравии истеҳсолот ва фаъолияти корӣ гардиданд (соли 1998 ММД 14 % кам шуд). Асоси курси давлатии «инкишофи ислоҳотӣ»-ро (соли1998), ки ба бартараф намудани оқибатҳои буҳрон равона шуда буд, фаъолона ҷалб кардани маблағгузориҳои мустақими хориҷӣ, рушди туризм (сайёҳӣ)-и байналмилалӣ, баланд бардоштани иқтидори истеъмолии бозори дохилӣ, мубориза бо ришвахӯрӣ ташкил медоданд. ММД дар солҳои 2000-04 — 4 %, 2005-07 — 6 % афзуд. Дар иқтисодиёти Индонезия нақши давлат бузург буда, он тақр. 149 корхонаи бузургро дар бахшҳои хоҷагии миллӣ дар бар мегирад, инчунин аз болои нархи як қатор молҳо, аз ҷумла хӯрокворӣ ва маҳсулоти сӯзишворию молиданӣ назорат мебарад. Дар сохтори ММД (2015) ҳиссаи саноат 42,8 %, соҳаи хидматрасонӣ 43,6 %, кишоварзӣ 13,6%-ро ташкил медиҳад.
Саноат
[вироиш | вироиши манбаъ]Соҳаҳои асосии саноати Индонезия: истихроҷи сарватҳои табиӣ, аз ҷумла нафт ва гази табиӣ, мошинсозӣ, металлургия (филизкорӣ) ва коркарди филиззот, нафт ва коркарди нафт, хӯрокворӣ, тамоку, саноати сабук, кимиё ва кимиёву фармасевтӣ, коркарди чӯб ва селлюлозаю коғаз. Индонезия бузургтарин истеҳсолкунадаи сӯзишворӣ ва неруи барқ дар Осиёи Ҷанубу Шарқӣ мебошад. Ба ҳиссаи он беш аз 1/2 ҳиссаи захираҳои исботшудаи ашёи хоми сӯзишвории минтақа рост меояд. Қариб 70 дарсади нафт дар музофоти ҷазираи Суматра, 20 % дар ҷазираи Калимантан, 6 % дар ҷазираи Ява, 4 % дар ҷазираҳои дигар истихроҷ карда мешавад. Харидорони асосии нафти Индонезия: Ҷопон (32 %), Кореяи Ҷанубӣ (22 %), Хитой (8 %), Сингапур (9 %). Индонезия нафтро асосан аз Арабистони Саудӣ (45 %) ва Нигерия (21 %) мехарад. Ноҳияҳои асосии истихроҷи гази табиӣ: Калимантани Шарқӣ, Ачех, Яваи Шарқӣ ва Марказӣ. Харидорон: Ҷопон (68 %), Кореяи Ҷанубӣ (19 %), Тайван (13 %). Соли 2014 дар Индонезия 458 млн т ангишт (ҷойи 5-ум дар ҷаҳон) истихроҷ карда шуд. Ангишт дар ҷазираи Суматра, музофоти Калимантани Шарқӣ ва Ҷанубӣ бо усули кушода истихроҷ карда мешавад. Қариб 65 дарсади аҳолии мамлакат бо неруи барқ таъминанд. Талаботи мамлакат ба неруи барқ пурра аз ҳисоби иқтидорҳои худӣ таъмин карда мешавад. 82 дарсади неруи барқро неругоҳҳои барқи аловӣ, 7,9 дарсадро неругоҳҳои барқи обӣ, 4,9 дарсади онро манбаъҳои алтернативии энергия, аз ҷумла неругоҳҳои барқии геотермалӣ (асосан дар музофоти Яваи Ғарбӣ, Суматраи Шимолӣ ва ҷазираи Сулавеси ҷойгиранд) истеҳсол мекунанд. Металлургияи сиёҳ барои қонеъ гардонидани эҳтиёҷоти дохилӣ равона шудааст. Дар Индонезия маъдани оҳан, манган ва хромитҳо истихроҷ ва каучук, пӯлод, хӯлаи оҳан истеҳсол карда мешаванд. Қисми зиёди талаботи мамлакат ба оҳан ва оҳанпора аз ҳисоби воридот таъмин карда мешавад. Индонезия воридгари холиси прокати пӯлод ва маҳсулоти нимтайёр мебошад. Металлургияи ранга яке аз соҳаҳои муҳимми содиротии иқтисодиёти Индонезия мебошад; қисми зиёди маҳсулоти он ба Ҷопон, Сингапур, Хитой ва ИМА содир карда мешавад. Индонезия аз ҷиҳати истихроҷи маъдани қалъагӣ дар ҷаҳон дар ҷойи 2-юмро ишғол мекунад. Дар Индонезия ҳамчунин боксидҳо, алюминий, мис, нуқра, тило, никел, сурб, руҳ истеҳсол карда мешаванд. Мошинасозӣ бештар барои қонеъ гардонидани талаботи бозори дохилӣ нигаронида шудааст. Беш аз 1/2 ҳиссаи арзиши маҳсулоти соҳа ба истеҳсоли воситаҳои нақлиёт (автомобилҳои боркашу сабукрав) рост меояд. Дар Индонезия инчунин дучарха, мототсикл ва моторикшаҳо истеҳсол карда мешаванд. Дар Ҷакарта ва атрофи он корхонаҳои киштисозӣ ва таъмири киштиҳо, истеҳсоли нақлиёти р. о., саноати авиатсионӣ, истеҳсоли мошинҳои ҳарбӣ, асбобсозӣ ва саноати электронӣ ҷойгиранд. Корхонаҳои саноати электронӣ радио, телевизор, асбобҳои телекоммуникатсионӣ ва ғ. истеҳсол мекунанд. Индонезия аз ҷиҳати истеҳсоли нуриҳои минералӣ ба қатори даҳ давлати пешсафи ҷаҳон дохил мешавад. Дар Индонезия коркарди каучуки табиӣ, истеҳсоли нахҳои кимиёӣ, зифти синтетикӣ ва пластмасса рушд кардааст. Маҳсулоти асосии саноати нафту кимиё: бензол, этилен, полиэтилен, полипропилен, метанол. Марказҳи асосии воситаҳои шустушӯй, чархҳои мошин ва маснуоти техникии резинӣ — Ҷакарта ва Богор (музофоти Яваи Ғарбӣ). Дар Индонезия саноати сабук (бофандагию дӯзандагӣ), саноати хӯрокворӣ, саноати ҷангал, коркарди чӯб ва селлюлозаю коғаз, саноати масолеҳи бинокорӣ низ руш кардааст.
Кишоварзӣ ва моҳигирӣ
[вироиш | вироиши манбаъ]Кишоварзӣ соҳаи асосии машғулияти аҳолӣ буда, ҳиссаи зиёди ММД-ро ташкил медиҳад. Ба туфайли татбиқи комёбиҳои «инқилоби сабз» мамлакат аз миёнаи солҳои 1980 талаботи худро ба озуқаворӣ таъмин мекунад. 70 дарсади арзиши маҳсулоти соҳа ба рустанипарварӣ, 13 % ба чорводорӣ ва 17 % ба моҳидорӣ рост меояд. Соҳаи асосии рустанипарварӣ зироаткорист. Масоҳати заминҳои кишт 13 дарсади масоҳати мамалакатро ташкил медиҳад, ки 1/3 ҳиссаи онҳо заминҳои обӣ мебошанд. Индонезия аз ҷиҳати истеҳсоли бисёр намудҳои зироатҳои кишоварзӣ дар ҷаҳон пешсаф аст. Зироати асосии озуқаворӣ — шолӣ (ҷойи 3-юм дар ҷаҳон). Дар Индонезия кассава (ҷойи 1-ум дар ҷаҳон), кокос (ҷойи 1-ум дар ҷаҳон), ҷуворимакка, муз (банан), маниок, батат, соя, чормағзи заминӣ, норҷил, нахли равғандеҳ, чой, қаҳва, найшакар, тамоку, дарахти гинагина, қаранфул, занҷабил ва ғ. парвариш мекунанд. Индонезия дар ҷаҳон яке аз бузургтарин истеҳсолкунандагони меваҳои тропикӣ: меваи манго, авокадо, дуриана, мангустана ва ғ. мебошад.
Чорводорӣ дар Индонезия суст тараққӣ кардааст. Индонезиҳо ба сифати чорвои боркаш барзаговҳо ва говмешҳоро истифода мебаранд. Чорводорӣ бештар дар ноҳияҳои ҷазираҳои Зонди Хурд, инчунин ҷазираи Модура рушд кардааст. Аҳолӣ ба парвариши гов, гӯсфанд, буз, асп, мурғ машғуланд. Хукро хитойиҳо ва аҳолии таҳҷоии ноҳияҳои ғайримусулмон (ҷазираи Гвинеяи Нав, ноҳияҳои дохилии Климантан, Сулавеси, Суматраи Шимолӣ) парвариш мекунанд.
Дар Индонезия моҳидорӣ ва шикори ҷонварони баҳрӣ рушд кардааст. Ҳар сол ба ҳисоби миёна 6 млн т моҳӣ ва маҳсулоти баҳрӣ, аз ҷумла 1,2 млн т моҳиҳои обҳои ширин сайд карда мешаванд. Моҳидорӣ махсусан дар шолизорҳои обшори ҷазираҳои Ява ва Бали (дар ин ҷо капур, сафедмоҳӣ ва анвои дигари моҳӣ парвариш меёбанд) паҳн шудааст. Ноҳияҳои асосии моҳидории баҳрӣ — акваторияи баҳрҳои Ява ва Арафур, инчунин баҳрҳои Флорес ва Банда (моҳиҳои шикорӣ — гулмоҳӣ, зағӯтамоҳӣ, самаки рахдор, сардина, хамса ва ғ.). Дар соҳилҳои шарқии Суматра ва Калимантан, соҳилҳои шимолии Ява харчанг ва креветка (харчанги хурди баҳрӣ) шикор мекунанд. Моҳидорӣ дар хоҷагии ҷазираҳои Зонди Хурд нақши муҳим дорад. Тимсоҳ низ шикор мекунанд. Дар ҷазираҳои галаҷазираи Ару (музофоти Нуса-Тенгараи Шарқӣ) ҳунари анъавии истихроҷи марҷон боқӣ мондааст.
Сайёҳӣ. Яке аз самтҳои афзалиятноки рушди иқтисодиёти Индонезия сайёҳии хориҷӣ мебошад. Аз солҳои 1980 мамлакат барои навсозӣ ва васеъкунии меҳмонхонаҳо ва дигар сохторҳои марбута, инчунин тарғиби объектҳои иншооти сайёҳии миллӣ маблағҳои зиёд ҷудо мекунад. Дар ҳудуди Индонезия ёдгориҳои таърихию фарҳангӣ ва табиӣ бисёранд. Соли 2012 дар мамлакат 8 иншооти ба рӯйхатти Мероси умумиҷаҳонии ЮНЕСКО дохилкарда мавҷуд буд. Соли 2016 ба Индонезия беш аз 5 млн сайёҳи хориҷӣ омаданд, ки 28,4 дарсади онҳо аз Сингапур, 11,8 % аз Малайзия, 10,4 % аз Ҷопон, 7,8 % аз Австралия, 5 % аз Кореяи Ҷанубӣ, 4,9 % аз Тайван, 3,3 % аз Британияи Кабир, 3,2 % аз ИМА, 3,1 % аз Олмон, инчунин аз Руссия буданд. Ноҳияи асосии туристии мамлакат — ҷазираи Бали. Марказҳои муҳимми сайёҳӣ: ш-ҳои ҷазираи Ява: Ҷакарта, Богор, Ҷокякарта.
Нақлиёт
[вироиш | вироиши манбаъ]Дар робитаҳои дохилӣ ва берунии Индонезия нақши асосиро нақлиёти баҳрӣ мебозад. Дар Индонезия 3650 бандар ва лангаргоҳҳо мавҷуданд, ки 379-тои онҳо барои кашондани бору мусофирон байни ҷазираҳо хидмат мерасонанд. Дар Индонезия бор ва одамкашонии наздисоҳилӣ аҳаммияти бузург дорад, мусофиркашонии паромӣ хуб рушд кардааст. Дарозии умумии роҳҳои автомобилгард 437759 км (2008), аз ҷумла роҳҳои асфалтпӯш 258744 км. Шабакаи роҳҳои автомобилгард бештар дар ҷазираҳои Ява ва Бали тараққӣ кардааст. Дар Ява ва Суматра шоҳроҳҳои автомобилгарди пулакӣ (дарозиашон беш аз 500 км) фаъолият доранд. Дарозии умумии р. о. — 6458 км. Қариб 76 дарсади дарозии р. о. ба ҳиссаи ҷазираи Ява рост меояд, ки 125 км-и он электриконида шудааст. Дар Индонезия 684 фурудгоҳ мавҷуд аст, ки 171-тои онҳо хатти парвозу нишасти пӯшишашон сахт доранд. Дарозии умумии лӯлаҳои интиқоли маҳсулот — 19394 км (аз ҷумла лӯлаҳои интиқоли газ — 9175 км, нафт — 1684 км, маҳсулоти нафтӣ — 1367 км, конденсати газ — 944 км, маҳсулоти дигар −224 км). Муҳимтарин хатти лӯлаҳои интиқоли газ: Арун — Думай (ҷазираи Суматра), Бонтанг — Баликпапан (ҷазираи Калимантан); лӯлаи интиқоли нафти моварои Ява.
Тандурустӣ
[вироиш | вироиши манбаъ]Барои соҳаи тандурустӣ дар соли 2013 қариб 3,1 дарсади ММД масраф гардид. Ба 5000 аҳолӣ 1 духтур ва ба 1111 одам 1 кати хоб рост меояд. Ҳуқуқҳои соҳаи тандурустиро Конститутсия танзим менамояд; аз соли 2000 Қонун дар бораи ҳифзи кӯдакон амал мекунад. Занон ҳуқуқи рухсатии семоҳаи ҳомилагӣ доранд; меҳнати занон дар истеҳсолоти зараровар, басти шабона ва меҳнати кӯдакони то 14-сола манъ карда шудааст. Соҳаи тандурустӣ омехта аст: давлатӣ, суғуртавӣ ва хусусӣ. Роҳбарии умумии соҳаи тандурустӣ ба уҳдаи Вазорати тандурустии Индонезия гузошта шудааст. Ба аҳолии шаҳрҳо беморхонаҳо ва амбулаторияҳо, ба аҳолии деҳот марказҳои тандурустии обшинагӣ ва нуқтаҳои сайёри тиббӣ хидмат мерасонанд. Дар Индонезия бемориҳои сироятии роҳи нафас, исҳоли хунини бактериявӣ ва амёбавӣ, гепатитҳои А ва Е, домана, табларзаи геморагӣ, вараҷа паҳн шудаанд.
Варзиш
[вироиш | вироиши манбаъ]Рушди соҳаҳои варзишро Кумитаи миллии варзиши Индонезия ва Кумитаи миллии олимпии Индонезия (соли 1946 таъсис ёфта, соли 1952 аз ҷониби Кумитаи байналмилалии олимпӣ эътироф шудааст) ба ҳамдигар мувофиқ месозанд. Варзишгарони Индонезия доимо (ғайр аз солҳои 1964 ва 1980) дар Бозиҳои олимпии тобистона аз рӯи бисёр намудҳои варзиш ширкат меварзанд. Варзишгарони Индонезия дар олимпиадаҳо дар бадминтонбозӣ, камонварӣ ва вазнбардорӣ муваффақият ба даст овардаанд. Индонезиҳо дар маҷмӯъ соҳиби 27 медалҳои олимпӣ (аз ҷумла 6 медали тило) шудаанд. Аз соли 1952 варзишгарони Индонезия дар Бозиҳои Осиё ва Бозиҳои Осиёи Ҷанубу Шарқӣ ширкат меварзанд. Дар Индонезия футболбозӣ, шоҳмотбозӣ, бадминтонбозӣ, волейболбозӣ, муштзанӣ (бокс), камонварӣ, хоккей (чавгонбозӣ)-и рӯи алаф, варзиши сабук, вазнбардорӣ, теннис инкишоф ёфтаанд. Баъзе намудҳои анъанавии варзиш, ба мисли санъати муҳориба (пенчак силат, уҷунган, катела) ё барзаговпойга (керапан сапи) низ паҳн шудаанд.
А. Виҷая — қаҳрамони мусобиқаи Уимблдон байни духтарон (2001); дар ҷазираи Бали тибқи анъана мусобиқаи теннис доир мегардад. Соли 2006 дар Ҷакарта чемпионати 19-уми Осиё оид ба боулинги 10-кегела, соли 2007 дар Индонезия мусобиқаҳои Ҷоми Осиё оид ба футбол, соли 2012 дар музофоти Палембанг (Калимантани Шарқӣ) Бозиҳои Осиёи Ҷанубу Шарқӣ баргузор шуданд. Бузургтарин варзишгоҳҳои Индонезия: «Гелора Бунг Карно» дар Ҷакарта (бисёрвазифа, барои 100 ҳазор ҷойи нишаст), «Папаран» дар Самаринда (футбол, барои 60 ҳазор ҷойи нишаст), «Ҷакабаринг» дар Палембанг (футбол, барои 50 ҳазор ҷойи нишаст), «Бунг Томо» дар Сурабая (футбол, барои 50 ҳазор ҷойи нишаст).
Маориф. Муассисаҳои илмӣ ва фарҳангӣ
[вироиш | вироиши манбаъ]Ба мактабҳои миёна ва олии Индонезия Вазорати маориф ва фарҳанги Индонезия роҳбарӣ мекунад. Муассисаҳои берун аз мактабии бачагон ба Вазорати корҳои иҷтимоии Индонезия тобеъ мебошанд. Низоми таҳсилоти Индонезия тарбияи томактабӣ ва таҳсили кӯдакони 4-6-сола, таҳсилоти асосии 9-сола (мактаби ибтидоии 6-сола ва мактаби миёнаи 3-сола), таҳсилоти касбӣ-техникӣ ва таҳсилоти олиро дар бар мегирад. Аз соли 1990 таҳсилоти ҳатмии 9-сола ҷорӣ карда шудааст. Маълумоти асосиро мактабҳои миёна ва дини (мусулмонӣ, католикӣ ва протестантӣ)-и давлатӣ ва хусусӣ, инчунин мактабҳои «таман сисва», ки аз рӯи дараҷаи таҳсилот ба мактабҳои давлатӣ баробаранд, медиҳанд. Тайёрии касбӣ дар муассисаҳои таълимии техникӣ, тиҷоратӣ, кишоварзӣ, иқтисодӣ ва ғ. ба амал бароварда мешавад. 90,4 дарсади аҳолии аз 15-сола боло саводноканд. Маълумоти олӣ дар университетҳо, академияҳо, институтҳо, политехникумҳо ва ба ном мактабҳои севвумин (танҳо оид ба як фан маълумоти академӣ ё касбӣ медиҳанд) дода мешавад. Дар Индонезия 83 мактаби олии давлатӣ ва 3000 мактаби олии хусусӣ мавҷуд аст. Бузургтарин мактабҳои олии Индонезия: унт-ҳои Индонезия ва Тербука дар Ҷакарта, Гаҷа Мада дар Ҷокякарта, Аирланга дар Сурабая, Андалас дар Паданг, Ҳасануддин дар Макасар, Паҷаҷаран дар Бандунг, Бравиҷая дар Маланг, Трисакти дар Ҷакарта, Ун-ти Суматраи Шимолӣ, Ун-ти Гунадарма дар Депок, Ун-ти Дипонегоро дар Семаранг; Ин-ти политехникии Бандунг, Ин-ти хоҷагии қишлоқи Богор, Ин-ти технологии «Даҳуми ноябр», Академияи мусиқӣ ва рақси мардумӣ дар Паданг. Мактабҳои олии хусусӣ: Ун-ти ба номи 17-уми август, ун-тҳои исломӣ дар Ҷонякарта, Ҷакарта. Бандунг, ун-тҳои масеҳӣ дар Салатиг, Сурабая, Бандунг, ун-тҳои католикӣ дар Бандунг ва Ҷакарта
Таҳқиқотҳои илмӣ дар Ин-ти бойторӣ (ветеринария), Ин-ти марказии таҳқиқоти чорводорӣ (ҳар ду дар Богор), Ин-ти вараҷа, Ин-ти марказии таҳқиқоти махавҳо, Академияи миллии театр, Ин-ти таҳқиқоти илмии Индонезия, Маркази миллии таҳқиқоти бостоншиносӣ (ҳама дар Ҷакарта), Ин-ти равғани нахли Индонезия дар Мадан ва ғ. бурда мешаванд. Дар Лембанг Расадхонаи ба номи К. А. Р. Босхи (аз соли 1923) фаъолият дорад.
Бузургтарин китобхонаҳо: Китобхонаи миллӣ, Архив (бойгонӣ)-и миллӣ, Китобхонаи таърихи сиёсӣ ва иҷтимоӣ, Китобхонаи Парламент, Архиви адабии Х. Б. Яссин (100 ҳазор китоб дорад, ҳама дар Ҷакарта), Китобхонаи марказии кишоварзӣ дар Богор, Китобхонаи исломӣ дар Ҷокякарта. Осорхонаҳои машҳури Индонезия: Осорхонаи миллии таърихӣ, таърихи Ҷакарта, ваянга (лӯхтак), Қувваҳои Мусаллаҳи Индонезия, саноеи нафиса, бофандагӣ, баҳрӣ, Нигористони миллӣ (ҳама дар Ҷакарта). Дар музофотҳо ва дигар шаҳрҳо низ осорхонаҳои калон вуҷуд доранд.
Адабиёт
[вироиш | вироиши манбаъ]Адабиёти Индонезия ба забони индонезӣ дар сеяки аввали асри 20 дар асоси фолклори малайӣ ва анъанаҳои асримиёнагии адабиёти малайӣ ташаккул ёфтааст. Дар нимаи аввали асри 20 адабиёт ба забонҳои минтақавӣ (яваӣ, балийӣ, батакӣ, мадурӣ, сунданӣ ва ғ.) низ рушд кард, ки онҳоро баъдтар адабиёт ба забони индонезӣ танг карда баровард. Нахустин намунаҳои насри бадеӣ ба забони индонезӣ повестҳои сиёсии Марко Картодикромо ва Семаун буданд. Дар солҳои 1920-30 насри маишӣ паҳн шуд, ки мавзӯи асосии он мубориза бо боқимондаҳои замони гузашта буд: романҳои Абдулло Муис, Мараха Русли ва дигарон. Солҳои 1930-40 ашъори шоирон Муҳаммад Ямин, Рустам Эфендӣ, Сануси Пане, Я. Тетенгкенг, Амир Ҳамза, ки намояндагони лирикаи ватанпарвар буданд, шуҳрат пайдо кард. Соли 1933 се нависандаи ҷавони Суматра — Сутан Тақдир Алишоҳбон, Армайн Пане ва Амир Ҳамза маҷаллаи адабию бадеӣ ва ҷамъиятию сиёсии «Пуҷанга бару» («Нависандаи нав»)-ро таъсис доданд, ки дар он асарҳои ба мавзӯи мушкилоти ҷавонон, рафъи боқимондаҳои авлодӣ ва ғ. бахшидашуда чоп мешуданд. С. Т. Алишоҳбон дар романҳояш ғояҳои маорифпарвариро инкишоф дод; асарҳои Хамки рӯҳияи ислоҳотхона доштанд. Дар адабиёти Индонезия дар нимаи 2-юми асри 20 мавқеи асосиро гурӯҳи «Насли соли 1945» (шоирон Х. Анвар Р. Апин ва С. Ситора, насрнависон Идрус, Т. П. Ананта, У. Т. Сонтани, М. Лубис) ишғол мекард, ки намояндагони он бештар дар мавқеи реализм қарор доштанд, вале барои онҳо баъзе нишонаҳои модернизм бегона набуд. Соли 1966 равияи нав — «Насли соли 66» пайдо шуд, ки намояндагони он аз услуби реализм даст кашида, зери таъсири экзистенсиализм ашъори ба «романи нав»-и фаронсавӣ наздик эҷод мекарданд. Солҳои 1970-80 романи оммавӣ паҳн шуд. Насри Идрус, назми Х. Анвар, романҳо ва ёддоштҳои Прамуди Ананти Тура (тетралогияи «Квартети Буру»: «Ҷаҳони башарият», «Писари ҳамаи халқҳо», «Изи қадамҳо», «Хонаи шишагин») нишонаҳои реалистӣ доштанд. Шоирони машҳури охири асри 20 — ибтидои асри 21: Аипа Росиди, Субагио Састровардойо, Сапарди Ҷоко Дамоно, Сутарҷи Калзум Баҳрӣ, Рендра ва дигарон.
Меъморӣ ва санъати тасвирӣ
[вироиш | вироиши манбаъ]Қадимтарин ёдгориҳои меъморӣ дар ҳудуди Индонезия ба маданияти мегалитӣ (менгирҳо, долменҳо, ҳайкалҳои сангин) тааллуқ доранд, ки он дар ҳазорсолаи 3-2-и то м. дар ҷазираҳои Ниас, Сумба, Флорес, Сулавеси ва ғ. ташаккул ёфтааст. Ёдгориҳои давраҳои мезолит ва неолит (нақшу нигорҳои рӯисангӣ, сафолоти пурнақшунигор) дар Суматра, Сулавеси Ҷанубӣ, Яваи Ғарбӣ, Ҷазираҳои Зонди Хурд ва дигар ҷойҳо ёфт шудаанд. Дар миёнаи асри 1 то м. дар Индонезия маданияти Донгшон инкишоф ёфт. Аз асрҳои 7-8 то асри 11 дар ҷазираи Ява ибодатхонаҳои ҳиндуӣ ва буддоӣ (чанди) сохта шуданд (чанди пуршукӯҳи Диенг, чанди Коласан, маҷмааи меъмории чанди Севу ва чанди Лара Ҷонгранг, маъбади боҳашамати Борубудур). Меъмории ибодатхонаҳо бо ҳайкалтарошӣ (муҷассама, релеф) зич алоқаманд буд. Дар асрҳои 13-15 дар Ява ва ҷазираи Бали ибодатхонаҳои ҳиндуӣ сохта, моҳирона нақшу нигор ва кандакорӣ карда шудаанд. Муҷассамаҳои мудаввари асрҳои 13-14 яке аз саҳифаҳои дурахшони санъати тасвирии Индонезия мебошанд. Ба суробҳои барҷастаи худоҳо намуди боҳашамат, зебоии мудавварии бадан ва тарҳи нозуки рӯй, рӯҳбаландии амиқ хос аст (муҷассамаи илоҳа Дурги, ҳаким Агасти, бодхисаттва Праҷняпарамитҳо аз чанди Сингасари; илоҳаҳо Судханакумари, Бҳрикути аз чанди Ҷаго). Бузургтарин маъбади Яваи Шарқӣ дар ин давра (миёнаи асри 14) Панатаран буд, ки аз се ҳавлии росткунҷаи пайдарҳам ҷойгиршуда бо ибодатгоҳҳои васеъ иборат аст. Меъмории давраи аввали ислом аз бисёр ҷиҳат ба анъанаҳои меъмории классикии Ява такя мекунад: мас., манораҳои Қудус (Яваи Марказӣ, ибтидои асри 16) шаклан ба бурҷҳои чандиҳои Яваи Шарқӣ монанд буда, дарвозаҳои қабристони асри 16 дар Сендангдувур бо қанотҳои пурнақшунигори барои иншооти давраи классикии охир хос оро дода шудаанд. Қадимтарин масҷид (1477-79) дар ш. Демак дар соҳили шимолии Яваи Шарқӣ боқӣ мондааст. Дар асри 19 гунбазҳои чандқабатаи чӯбии масҷидҳо дар ҳама ҷо бо гунбазҳои филиззӣ иваз карда шуданд. Аз асри 16 анъанаҳои маданияти ҳиндуӣ асосан дар ҷазираи Балӣ боқӣ мондаанд, дини ислом то ба ин ҷо паҳн нашудааст (маҷмааи маъбадҳои асрҳои 18-19). Дар асрҳои 18-20 ба сохтмони шаҳрҳо меъмории аврупоӣ таъсир расонд. Дар нимаи 2-юми асри 19 услуби неоклассикӣ хеле маъмул гардид. Дар сеяки аввали асри 20 гароиши истифодаи унсурҳои меъмории миллӣ эҳсос мешавад (Ин-ти технологӣ дар Бандунг, 1919-24). Симои ҳозираи шаҳрҳоро аз бисёр ҷиҳат тамоюли умумиҷаҳонӣ дар меъморӣ муайян мекунад. Дар Индонезия дар миёнаи асри 19 санъати тасвирии реалистӣ дар мавзӯъҳои миллии ватанпарварӣ (Раден, Салоҳ), дар охири асри 19 ва аввали асри 20 манзараи миллии романтикӣ (С. С. Абдуллоҳ) ба вуҷуд омад. Дар ибтидои асри 20 дар ш-ҳои Ява ва Бали (Ҷакарта, Ҷокякарта, Бандунг) мактабҳои рассомӣ пайдо шуданд, ки дар онҳо асосан ба манзаранигории романтикӣ, натюрморт ва чеҳранигорӣ (портрет) диққат дода мешуд. Барои санъати тасвирии солҳои 2000 мавҷудияти ду равияи асосӣ — анъанавӣ ва модернистӣ хос аст.
Мусиқӣ
[вироиш | вироиши манбаъ]Санъати мусиқии Индонезия дар рафти тараққиёти таърихӣ ва дигаргуншавии анъанаҳои маданияти ҳинду явагӣ ва маданияти дигар халқҳои маскуни Индонезия-и ҳозира ба вуҷуд омадааст. Вижагии мусиқии Индонезия (ғайр аз ноҳияҳои шарқӣ) хешии он бо дигар фарҳангҳои Осиёи Ҷанубу Шарқӣ — ансамблҳои гонгӣ мебошад, ки дар ибтидои милод пайдо шудаанд. Онҳо бори аввал дар ҷазираи Ява пайдо шуда, баъд дар дигар ҷазираҳои Индонезия густариш ёфтанд ва асоси гамелан (ансамбл ва навъи мусиқӣ) гардиданд. Гамелани явагӣ бори нахуст дар асри 4 ёд шудааст. Он дар асрҳои 15-16 дар ҷазираи Бали паҳн шуда, бисёр нишонаҳои худро нигоҳ дошт ва баъд дар ҷазираҳои Суматра, Мадура, Калимантан ва ғ. густариш ёфт. Асоси барномаи гомелани классикиро маҷмӯи композитсияҳои гендинг ташкил медоданд. Гамелан дар гузашта дар вақти мурофиаҳои судӣ, намоишҳои оммавии праҷуритан (сужет — муборизаи қавмҳои Ява дар асри 15), намоишҳои рақсӣ ва театрӣ, рақсҳои классикии балийӣ ва яваӣ истифода мешуд. Дар ҷазираи Бали намоишҳои театри сояҳо ваянг-сасакро ансамбли найҳои хайзуронӣ, жанри нави суруду рақсии гандрунг бо истифода аз созҳои камончадор ҳамроҳӣ мекунанд. Мусиқии овозӣ (якканавозӣ ва ансамблӣ) баландтарин жанр буда, бо таҷрибаи гамелан ва намоишҳои театрӣ ва ҳам анъанаҳои сурудҳои халқӣ алоқаманд аст. Дар ҷазираи Ява шаклҳои гуногуни мусиқии овозӣ роиҷанд. Дар ҷазираи Сулавеси қасидасароӣ дар бораи қаҳрамонони маҳаллӣ, мусобиқаи шоирон-сарояндагон, рақсҳои маросимӣ бо ҳамвозии ансамблҳои барабан (нақора)-навозону гонгнавозон ва дигар жанру шаклҳои маҳаллӣ боқӣ мондаанд. Анъанаҳои мусиқии индонезӣ асосан аз даҳон ба даҳон мегузашт, ҳарчанд мусиқӣ аз қадим ба невмам навишта мешуд (дар мусиқии ҳозира нотаи аврупоӣ истифода мешавад).
Дар асри 20 мусиқии нафасии Аврупо ба санъати мусиқии касбӣ таъсир расонд. Ба ҳайати ансамблҳои анъанавӣ созҳои мусиқии аз Аврупо овардашуда ворид гардиданд; ансамбли помпанг мусиқиро дар рӯҳияи сурудҳои мазҳабии протестантӣ иҷро мекунад. Мактаби композиторӣ (К. Саманҷутак, А. Пасарибу) ташаккул ёфт, бисёр оҳангсозон ба мусиқии индонезӣ такя намуда, барои сохтани шаклҳои нав кӯшиш карданд. Дар солҳои 1930 сароянда Ху Энҷе машҳур шуд. Гурӯҳи «Операи Батак» берун аз ҳудуди Индонезия ҳунарнамоӣ мекард. Солҳои 1960 бо ташаббуси Анди Нурхони Сапади ансамбли симфонии качапи ташкил карда шуд, ки суруду рақсро ҳамроҳӣ мекард. Мутрибон ва устодони рақс А. Халилинтар, Шуамсул Куамар ва Сироҷуддин Д. Бантанг ансамблҳои созии омехта ташкил карданд. Ансамблҳои машҳур мусиқиро дар услубҳои дангдун ва ганггам ва сурудро ба забонҳои маҳаллӣ бо истифода аз созҳои мусиқии барқии акустикӣ ва электронӣ иҷро мекунанд.
Соли 1968 дар Ҷакарта оркестри симфонӣ ташкил карда шуд. Соли 1960 дар Суракарт Консерваторияи Каравитан (баъдан мактаби олии мусиқӣ), соли 1967 Академияи рақси Сени Тари (дар он мусиқӣ, драма, рақс ва рассомиро таълим медиҳанд) таъсис ёфтанд. Артистони Маркази фарҳангии Бали Таман-Будая (соли таъсисаш 1976) ҳамасола дар фестивалҳои санъати Песта-Кесениан-Бали (соли 1979 таъсис ёфтааст) ва консертҳо барои сайёҳон ширкат меварзанд. Фестивали гамеланҳо мунтазам баргузор мегардад. Мусиқии анъанавӣ аз ибтидои асри 20 омӯзонда мешавад. Мусиқишиносони бузург: Я. Кунст (Нидерланд), М. Худ (ИМА), К. Макфи (Канада); индонезиҳо Сумарсам, Индонезия Маде Бандем, Х. Сусило. Соли 1971 комиссияи махсус бо мақсади ҳифзи мероси миллӣ низоми таснифи театр, мусиқӣ ва рақси анъанавиро пешниҳод кард. Дар ибтидои асри 21 нақши мусиқии анъанавӣ дар сайёҳӣ ва тантанаҳо афзуд.
Рақс ва театр
[вироиш | вироиши манбаъ]Ҳамаи жанрҳои санъати намоишии Индонезия дар асоси анъанаҳои рақси классикии ҳиндӣ (аз асри 7) ва маросимҳои анимистии тоҳиндуӣ пайдо шудаанд. Ҷазираҳои Ява ва Бали марказҳои асосии фарҳанги намоишӣ мебошанд.
Санъати рақси Ява дар асрҳои 13-14 дар рақсҳои бошукӯҳи дарборӣ инкишоф ёфт. Аз рақсҳои классикии яваӣ то имрӯз рақсҳои бадая ва серимпи иҷро мешаванд. Дар рақси бадая 9 нафар раққоса иштирок карда, илоҳаи баҳри Ҷанубиро тасвир менамоянд. Дар рақси серимпи 4 раққоса дар нақши шоҳдухтарҳои афсонавӣ — қаҳрамонони достони явагии асримиёнагӣ «Менак» мерақсанд. Дар Индонезия жанрҳои рақсию драмавии ваянг-топенг (театри ниқобҳо) ва ваянг-оранг (театри актёри зинда) бештар паҳн шудаанд. Нахустин гурӯҳи касбии ваянг-оранг соли 1895 дар Суракарт ташкил карда шуд, ки ҳунарнамоии он хеле шавқовар буд. Дар ибтидои солҳои 1971 дар Индонезия қариб 20 гурӯҳи ваянг-оранг фаъолият доштанд, ки машҳуртаринашон гурӯҳи «Сривидари» (солҳои 1910 дар Суракарт таъсис ёфтааст) буд.
Дар ҷазираи Бали беш аз 200 намуди рақси классикӣ маълум аст. Кечак машҳуртарин рақси умумии мардонаи классикӣ буда, дар он дар як вақт аз 150 то 200 нафар иштирок мекунанд. Рақси машҳури классикии легонг аз ҷиҳати сужет ба пантомимаи рақсӣ наздик аст. Ду раққоса зери навои шӯхи гамелан ҳаракатҳои рақсии мураккабро иҷро мекунанд. Дар Бали дигар рақсҳои ба легонг наздик (сантхянг-дадари, сутри, ҷогед ва олег) низ мавҷуданд. Дар рақси челонаранг раққосаҳои асосӣ дар либоси соҳирон рақс мекунанд. Рақсҳои нададута ва кебияр дар натиҷаи тағйирёбии ҳаракатҳои коҳинон пайдо шудаанд. Онҳоро раққосаҳо нишаста иҷро мекунанд. Дар ин ҷо ҳаракати сар, китф, дастону ангуштон ҷолиб аст.
Дар асрҳои 19-20 боз ду намуди намоиши рақсӣ-драмавӣ — лудрук ва кетопрак ба вуҷуд омаданд. Ҳунарпешагони марди театри лудрук таърихи ишқи нокомро бо интермедияҳо дар мавзӯъҳои рӯзмарра бозӣ мекунанд. Лудрук аз ҷиҳати бадеҳакории актёрон ба мазҳакаи италиявии дел арте монанд аст. Ҳунарпешагони театри кетопрак сужетҳоро аз таърихи Индонезия истифода бурда, дар шакли бадеҳакорӣ ба масъалаҳои муосир рӯ меоваранд.
Дар Индонезия шаклҳои гуногуни театри анъанавии ваянг мавҷуданд. Ваянг-кулит ё ваянг-пурво (аз асри 9) намоиши зочаҳои симтанобии пергаментӣ мебошад, ваянг-голек бе парда, бо иштироки зочаҳои чӯбии бузург бозӣ карда мешавад. Дар намоишҳои ваянг-клитик (аз асри 12) зочаҳои паҳни чӯбини дастҳояшон чармӣ, ки бо ду чӯбча идора карда мешаванд, иштирок мекунанд. Ваянг-бобакан (аз асри 13) ҳунарнамоии масхарбозони ниқобдор мебошад. Дар театри ваянг-бебер (аз асри 14) нақши асосӣ ба лӯлапечҳои таърихии дар қуттии махсус маҳкамкардашуда равона шудааст, ки онҳоро ровӣ саҳна ба саҳна дар назди тамошогарон мекушояд.
Дар Индонезия дар баробари шаклҳои анъанавӣ шаклҳои нав низ инкишоф меёбанд. Солҳои 1950-60 нахустин гурӯҳҳои драмавӣ пайдо шуданд, ки намоишҳоро аз рӯи намунаҳои аврупоӣ ба саҳна мегузоштанд: Академияи миллии театр дар Ҷакарта (1955), Ҷамъияти драмаи Индонезия (охири солҳои 1950). Дар охири асри 20 дар театри Индонезия тамоюли синтези анъанаҳои маҳаллӣ ва аврупоӣ шиддат гирифт (намоиши актёр ва реж. В. Рендрӣ аз рӯи песаи Б. Брехт «Доираи сафеди қафқозӣ», соли 1986 дар Ҷакарта бо услуби ваянг-пурво ба саҳна гузошта шудааст ва ғ). Машҳуртарин гурӯҳҳои театрии Индонезия: «Кома», «Кечил», «Мандири», «Популер», «Лисендра Буана», «Лембага», «Саҷа», «Театр Септембер» (ҳама дар Ҷакарта), «Бенгкел» дар Ҷонякарта, «Сримурни» дар Бандунг.
Кино
[вироиш | вироиши манбаъ]Нахустин филмҳоро дар Индонезия дар миёнаи солҳои 1920 режиссёрони нидерландӣ ба навор гирифтаанд. Нахустин филми беовоз — «Лутунг Касарунг» (соли 1927 Г. Крюгер ва Ф. Карли аз рӯи афсонаи скандинавии ҳамном ба навор гирифтаанд). Аввалин филми овоздор — «Няи Дасима» (1930, реж. Крюгер). Солҳои 1920-30 қисми зиёди филмҳои индонезӣ бо маблағи соҳибкорони нидерландӣ ва хитойӣ ба навор гирифта шудаанд. Дар филмҳои «Парех» (1935, реж. М. Франкен), «Моҳтоби тобон» (1937, реж. А. Билинк), «Сити Нурабая» (1941, реж. Ли Тек Сви) барои инъикоси ҳаёти воқеии мамлакат кӯшиш шудааст. Бузургтарин актёрони ин давра: Р. Мухтор, Р. Картоло. Дар давраи истилои Ҷопон (1942-45) кинематография барои тарғиби ҳадафҳои Ҷопон хидмат мекард, вале ду филми дорои нишонаҳои миллӣ: «Борон»-и Индонезия Пербатасари (1942) ва «Орзуҳои ман»-и С. Палинди (1945) ба навор гирифта шуданд. Баъди ба даст овардани истиқлолият (1945) кинематографияи миллии Индонезия ташаккул ёфт. Филмҳои «Маъюб»-и К. Сукарди (1952), «Туранг»-и Б. Сиагин ва «Бозгашт ба Ватан»-и Б. Эфенди (ҳар ду соли 1954), «Хун ва дуо» (1950) ва «Таму Агунг»-и У. Исмоил масъалаҳои ҷиддии иҷтимоиро ба миён гузоштанд.
Баъди ба сари қудрат омадани низомиён (1965) истеҳсоли филмҳо хеле кам шуд. Вазорати иттилооти Индонезия барои пешгирии камшавии истеҳсоли филмҳо Созмони миллӣ оид ба истеҳсоли филмҳоро таъсис дод ва ҳар кадом филми воридотиро андозбандӣ кард. Дар натиҷаи сиёсати дар солҳои 1960 амалишуда филмҳои индонезӣ рақобатпазир гардиданд ва бозорҳои кинои мамлакатҳои Осиёи Ҷанубу Шарқиро соҳиб шуданд. Машҳуртарин режиссёрони солҳои 1960-70: В. Умбох, Т. Ҷунандӣ, С. Ҷай, С. Суварди Ҳасан. Дар ибтидои солҳои 1980 дар Индонезия силсилаи филмҳои лӯхтакӣ дар бораи писарбачаи деҳотӣ «Си Унил» (реж. К. Сухардиман) намоиш дода шуданд. Охири солҳои 1980 кинематографияи Индонезия тиҷоратӣ шуд. Филмҳо бо иштироки М. Беллинӣ (мелодрамаи «Вақте ки баҳор меояд»-и Б. Сэнди, 1987 ва ғ.) ва Д. Петета (мазҳакаи «Си Кабаян»-и М. Фирмансиаха, 1989) муваффақиятҳои бузург ба даст оварданд. Дар миёнаи солҳои 1990 истеҳсоли филмҳо бинобар рушди телевизион хеле коҳиш ёфт. Нооромиҳои сиёсии охири асри 20 — ибтидои асри 21 вазъи кинематографияро душвортар кард. Майлу рағбат ба масъалаҳои иҷтимоӣ зиёд шуд: «Холкӯбӣ» (2001) ва «Духтари бокира» (2004)-и Х. Р. Сапури, «Адолатро талаб мекунем»-и С. Рахарҷо (2002). Занҳои режиссёр имконияти кор пайдо карданд: «Регҳои пошхӯранда»-и Н. Ачнас (2001), «Зан» ва «Ишқи баробар» (2006)-и Н. Динатӣ. Филм барои кӯдакон «Саргузаштҳои Ширин»-и Р. Реза (2001) муваффақияти бузурги тиҷоратӣ дошт. Машҳуртарин актёрони Индонезия: Ч. Деви, Р. Мелати, Ф. Аферо, Ф. Аррияни, М. Кармила, Б. Херманто. Соли 1997 Академияи кинематографияи Индонезия ташкил карда шуд. Дар Ҷакарта аз соли 1998 кинофестивали байналмилалӣ баргузор мегардад.
ВАО
[вироиш | вироиши манбаъ]Дар Индонезия қариб 600 рӯзнома ва маҷалла нашр мешавад (2010). Яке аз қадимтарин рӯзномаҳои Индонезия «Pikiran Rakyat» мебошад, ки аз солҳои 1920 дар Бандунг интишор мешавад (адади нашраш 150 ҳазор нусха). Машҳуртарин нашрияҳои даврии умумимиллӣ ба забони индонезӣ: рӯзномаҳои «Kedaulatan Rakyat» (Ҷокякарта, аз соли 1945, адади нашр 72 ҳазор нусха), «Jawa Pos» (Ҷакарта, аз соли 1949, адади нашр 300 ҳазор нусха, «Kompas» (аз соли 1965, адади нашр 530 ҳазор нусха, нашри рӯзи якшанбе 610 ҳазор нусха), «Pos Kota» (аз соли 1970, адади нашр беш аз 500 ҳазор нусха), «Bisnis Indonesia» (аз соли 1985), «Republika» (аз соли 1992), инчунин «Koran Tempo» (аз соли 2001, адади нашр 100 ҳазор нусха), «Sерutar Indonesia» (аз соли 2005) ва ғ. Ба забони англисӣ: рӯзномаҳои «The Indonesian Observer» (аз соли 1955, адади нашр 25 ҳазор нусха), «The Indonesia Times» (аз соли 1974, адади нашр 35 ҳазор нусха), «The Jakarta Post» (аз сол 1983, адади нашр 50 ҳазор) ва ғ. Бузургтарин нашриётҳои минтақавӣ: «Pedoman Rakyat» (Макасар), «Pikiran Rakyat» (Бандунг).
Радиошунавонӣ аз соли 1934 фаъолият дорад. Соли 1945 иттиҳодияи радиошунавонии «Radiо Republik Indonesia» (соли 1946 давлатӣ эълон шуд ва тобеи Вазорати иттилооти Индонезия мебошад) ташкил карда шуд. Барномаҳои радио ба забонҳои арабӣ, хитойӣ, англисӣ, фаронсавӣ, ҳиндӣ, урду ва дигар забонҳо дар радиостансияи давлатии «Voice of Indonesia» шунавонида мешаванд. Намоишҳои телевизион аз соли 1962 аз ҷониби ширкати телевизиони давлатии «TVRI» («Televisi Republik Indonesia» `пахш мешаванд. Бузургтарин ширкатҳои телевизионии Индонезия: «Infomedia Nusantara» «Telkom» ва «Indosat». Баъди соли 1989 телевизиони тиҷоратӣ инкишоф ёфт. Бузургтарин ширкатҳои телевизионии хусусии Индонезия: «RCTI» («Rajawali Citra Televisi Indonesia»), «SCTV» («Suria Citra Televisi»), «Televisi Rendidican Indonesia», «Global TV». Дар Индонезия канали шабонарӯзии навигариҳои «Metro TV» кор мекунад. Дар Индонезия 54 канали телевизион ва 171 ҳазор хидматрасониҳои интернетӣ, беш аз 40 ширкати телевизионӣ ва беш аз 830 радиостансия (пойгоҳи радиоӣ) иҷозатномаи давлатӣ дошта мавҷуданд Агентии миллии иттилоотии Индонезия — Antara.