Jump to content

Ибни Юнус

Мавод аз Википедиа — донишномаи озод
Ибни Юнус
ар. ibn yunus
Таърихи таваллуд тақрибан 950
Зодгоҳ
Таърихи даргузашт 1000[1][2]
Маҳалли даргузашт
Кишвар
Фазои илмӣ ахтаршиносӣ ва риёзиёт
 Парвандаҳо дар Викианбор

Абулҳасан Алӣ ибни Абдурраҳмон ибни Аҳмад ибни Юнус Садафии Мисрӣ (ар. أبو‌الحسن علي بن عبد‌الرحمن بن أحمد بن يونس الصدفي المصري‎) машҳур ба Ибни Юнус (ар. ابن يونس‎; тақрибан 950, тахм. Уқёнуси Атлантик, Хилофати Аббосиён1000[1][2], Фустот[d], Fatimid Caliphate[d][1]) — аз машҳуртарин риёзидонон ва ахтаршиносони мусулмони мисрӣ.

Асари умдаи ӯ «Зиҷу-л-ҳокими-л-кабир» ном дорад ва дигар китобҳояш иборатанд аз: «ал-Таъдили-л-ҳикам» ва рисолаи «Фӣ тариқи истихроҷи хатти нисфу-л-анҳор». Ӯ, ки дар ахтаршиносии куравӣ ба камол даст ёфта буд, қисмате аз маҷмӯаи ҷадовили нуҷумии куравӣ барои таъйини вақтро низ ҳисоб карда, ки то садаи XIX дар Миср ба кор мерафтааст.