Jump to content

Жан-Батист Био

Мавод аз Википедиа — донишномаи озод
Жан-Батист Био
фр. Jean-Baptiste Biot
Таърихи таваллуд 21 апрел 1774(1774-04-21)[1][2][3][…]
Зодгоҳ
Таърихи даргузашт 3 феврал 1862(1862-02-03)[1][2][4][…] (87 сол)
Маҳалли даргузашт
Кишвар
Фазои илмӣ физик
Ҷойҳои кор
Алма-матер
Роҳбари илмӣ Gaspard Monge[d]
Ҷоизаҳо
Имзо Имзо
 Парвандаҳо дар Викианбор

Жан-Бати́ст Био́ (фр. Jean-Baptiste Biot; 21 апрели 1774, Порис — 3 феврали 1862, Порис) — физикдон, заминсанҷ ва мунаҷҷими фаронсавӣ. Узви АИ Париж (1803).

Зиндагинома

[вироиш | вироиши манбаъ]

Жан-Батист Био пас аз хатми Мактаби политехникии Париж дар вазифаи профессор мактаби Марказии шаҳри Бове кор мекунад. Сипас мудири кафедраи физикаи математикӣ дар Коллеҷ де Франс (1800), профессор Университет Париж (1809) буд.

Ахтаршиносӣ, заминсанҷӣ, риёзиёт

[вироиш | вироиши манбаъ]
Essai de géométrie analytique, 1826

Жан-Батист Био соли 1804 бо Гей-Люссак дар кураи ҳавоӣ то баландии 3400 м парвоз карда, хосиятҳои ҳаворо дар баландиҳои гуногун омӯхт. Дар соҳаи геодезия ченкунии камони меридианро, ки аз Фаронса ва ҷазираҳои Балеар мегузарад, анҷом дод.

Солҳои 1808—1809 дарозии раққосаки сониявиро дар Бордо ва Дюнкирхен чен кард. Ӯ муайян кард, ки таъсири қувваи ҷозибаи Замин дар як параллел гуногун буда, қад-қади як меридиан ғайримунтазам тағйир меёбад. Жан-Батист Био дар соҳаи математика ва механика низ таҳқиқот гузаронида, асарҳо эҷод кардааст.

Дар соҳаи физика яке аз таҳқиқоти муҳимми Жан-Батист Био ба омӯзиши қисман алоқаи байни сохтори ҷисм аз хосиятҳои рӯшноии аз он гузаранда (қутбнокшавии рӯшноӣ) бахшида шудааст. Ӯ ҳодисаи ба ду шуоъ тақсим шудани рӯшноӣ, фурӯбурд ва қутбнокшавии онро дар булӯри турмалин; қонуни чархзании ҳамвории қутбнокшавии кварс ва моеъҳоро кашф кард. Ин кашфиёт ба кашфи моддаҳои қанддор дар шарбати рустаниҳо ва тақсимоти қанд аз рӯйи хосиятҳои оптикӣ ба ду навъ оварда расонд. Ҳодисаи чархзании ҳамвории қутбнокшавӣ дар тиб барои ташхиси диабети қанд истифода мешавад. Жан-Батист Био ҳамроҳи Ф. Савар қонуни таъсири ноқили ҷараёндор ба ақрабаки магнитиро кашф кард (қонуни Био-Савар). Ӯ дар соҳаи магнетизм ва гармигузаронӣ таҳқиқоти бисёре анҷом додааст. Натиҷаи корҳо оид ба гарминақлкунии байни ҷисмҳои гарму сард ва муҳит ба муайянкунии қонуниятҳои онҳо ва кашфи адади тавсифкунандаи он (адади Био) оварда расонд. Жан-Батист Био тарғибгари илмҳои дақиқ буда, дар соҳаи таърихи илм тарҷумаи ҳоли олимони барҷаста — Галилей, Декарт, Лаплас, Нютон, Флемстед, Франклин ва дигаронро навиштааст. Ӯ инчунин оид ба илми нуҷуми ҳиндуҳо ва хитойиҳо асар эҷод кардааст (1861).