Доллари ИМА
Доллари ИМА US Dollar | |
---|---|
ISO 4217: | USD, 840 |
Кишварҳо: | ИМА |
Symbol: | $ |
Доллари ИМА (англ. United States dollar, ФБА: [jʊˌnaɪ.tɪd ˈsteɪts ˈdɑlɚ) — воҳиди пулии ИМА, яке аз асъори асосии бақиягии ҷаҳон аст, 1 доллар = 100 сент. Дар матнҳои инглисӣ: $. Коди алифбоии асъор: USD. Ҳуқуқи эмиссияи асъорро Системаи Федералии Бақия (англ. Federal Reserve System) дорад, ки вазифаи бонки марказии ИМА-ро иҷро мекунад.
Доллари ИМА ҳамчун асъори миллӣ дар (ҷазираҳои Маршал, Салвадор) дар муомилот аст. Маҳз доллари ИМА ҳамчун асъори иловагӣ дар баъзе мамалакатҳое, ки асъори миллиашон ягона воситаи хариду фурӯш нест, қонунан мавриди истифода қарор додааст (масалан, дар Зимбабве).
Ақидае ҳаст, ки 80 % тамоми муомилоти тиҷоратии ҷаҳон бо доллари ИМА пардохт карда мешавад.
Номиналҳои банкнотаҳо
[вироиш | вироиши манбаъ]Дар муомилоти озод банкнотаҳои номиналҳои зерин бароварда мешаванд:
- 1 доллар;
- 2 доллар ;
- 5 доллар ;
- 10 доллар ;
- 20 доллар ;
- 50 доллар ;
- 100 доллар.
Тангаҳои ИМА:
- 1 сент (пенни);
- 5 сент (никел);
- 10 сентс (даим);
- 1⁄4 доллар (квотер);
- 1⁄2 доллар (хаф);
- 1 доллар.
То ҳоло банкнотҳои номинали 500, 1000, 5000, 10 000 доллар мавҷуд аст, ки онҳо то соли 1945 бароварда мешуданд ва аз соли 1969 расман аз муомилот баромадаанд. Қурби онҳо ҳоло хеле баланд шудааст. Масалан банкнотаи 5 ҳазор доллар дар ауксионҳо бо нархи то 10 000 доллари ИМА ба фурӯш мебарояд.
Банкнотҳои 100 000 доллар соли 1934 бароварда шудааст, ва танҳо дар муомилоти дохилии СФБ ва хазинаҳо дар гардиш аст.
Ҳозир банкнотаи бузургтарини ИМА бо номинали 100 доллар бароварда мешавад.
Эзоҳ
[вироиш | вироиши манбаъ]Сарчашма
[вироиш | вироиши манбаъ]- Heiko Otto: Доллари ИМА - номиналҳои банкнотаҳо (en,de). 8 августи 2018 санҷида шуд. (англ.) (олмонӣ) (фр.)