Jump to content

Википедиа:Ҳаққи таксир

Мавод аз Википедиа — донишномаи озод

Литсензияи Ҳуҷҷатҳои Озод - GNU

Тафсири 1.2, Ноябри 2002
Ҳуқуқи муаллифӣ (С) 2000, 2001, 2002 Free Software Foundation, Inc.
59 Temple place, Suite 330, Boston, MA 02111 - 1307 USA
Ба ҳар як кас иҷозат аст, ки нусхаҳои ин ҳуҷҷати
Ичозатномаро чоп ва паҳн намоянд, лекин ворид кардани тағйирот манъ аст.

0. МУҚАДДИМА

Мақсади ин Литсензия, озод гардонидани матн ё ин ки ҳуҷҷати дигар мебошад: ба ҳар як кас кафолат медиҳад, ки ин ҳуҷҷатро бо тағйирот ё бе тағйирот, тиҷоратӣ ё ғайритиҷоратӣ, озодона ва самарабахш чоп кунад ва аз сари нав паҳн кунад. Дуюм. Ин Литсензия ба муаллиф ва нашркунандааш ҳуқуқи гирифтани қарзро барои кораш медиҳад ва барои тағйиротҳое, ки аз тарафи дигарон ворид мешавад, ворид намекунад. Ин Литсензия як намуди "copyleft" мебошад, ки маънои озод будани корҳои ҳосилшудаи ҳуҷҷатро дорост. Ин Литсензияи Умумии Асосии GNU-ро, ки Литсензияи ҳуқуқи нусхабардории таъминоти барномавии озод мебошад, пурра мекунад. Мо ин Литсензияро бо мақсади истифода бурданаш бо таъминоти барномавии озод эҷод кардаем. Барои он ки таъминоти барномавии озод, ҳуҷҷатҳои озодро эҳтиёҷ дорад: барномаи озод бояд бо маълумотномаҳое дода шавад, ки озодии ба озодии таъминоти барномавӣ монандро таъмин кунад. Лекин ин Литсензия барои маълумотҳномаҳои таъминоти барномавӣ маҳдуд карда нашудааст. Он барои ҳар як кори матнӣ, новобаста аз мавзӯаш истифода бурда мешавад, ё ки ҳамчун китоби нашршуда нашр карда мешавад. Мо ин Литсензияро барои корҳое, ки мақсадашон таълим ё маълумот додан мебошад, тавсия мекунем.


1. ИСТИФОДА ВА МУАЙЯНКУНӢ

Ин Литсензия бо ҳар як маълумотнома ё кори дигар истифода бурда мешавад ва эзоҳеро дарбар мегирад, ки дорандаи ҳуқуқи муаллифӣ ҷой кардааст, ва дар он гуфта мешавад, ки корҳо метавонанд аз рӯи шартҳои ин Литсензия паҳн карда шаванд. Ин гуна эзоҳ Литсензияи озоди дар тамоми ҷаҳон паҳншударо пешкаш мекунад, ки давомнокиаш барои истифода бурдани кор аз рӯи шартҳои дар инҷо нишондодашуда, маҳдуд нашудааст. "Ҳуҷҷат" - ҳуҷҷати дар поёнбуда ба ҳар як чунин маълумотнома ё кор такъя мекунад. Ҳар як аъзои ҷамъият ин соҳиби Литсензия мебошад ва ба "Шумо" ҳам тааллуқ дорад. Агар шумо корро аз рӯи талаботи қонуни ҳуқуқи муаллифӣ чоп кунед, тағйир диҳед ё ин ки паҳн кунед, дар ин маврид Шумо Литсензияро қабул мекунед. "Тафсири тағйирдодашуда"-и ҳуҷҷат маънои ҳаргуна коре мебошад, ки ҳуҷҷат ё қисмаш, ё айнан чопшуда, бо тағйиротҳо ва/ё ба ягон забони дигар чопшударо дарбар мегирад. "Қисми дуввум" гузориш ёки қисми мавзӯи ибтидоии ҳуҷҷат, ки ғайри истисно бо муаллифҳо ё нашркунандаҳои ҳуҷҷат ба ҳамаи мавзӯҳои ҳуҷҷат (ё мавзӯъҳои ба ҳам наздик) сару кор дорад ва ягон чизеро, ки оиди ҳамаи ин мавзӯъ аст, бояд дарбар нагирад. (Яъне, агар ҳуҷҷат дар қисми китоби математика бошад, қисми Дуввум метавонад ягон чизро дар бораи математика нафаҳмонад). Ин муносибат метавонад мавзӯъи алоқаи таърихӣ бо ин фан ё бо мавзӯъҳои ба ҳам наздик бошад ё муносибати ҳолатҳои ҳуқуқи тиҷоратӣ, философӣ, этикӣ ва сиёсие, ки ба онҳо вобастаанд, бошанд.

"Қисмҳои ғайривариантӣ" қисмҳои дуввуми муайяне мебошанд, ки сарлавҳаҳояшон муайян шудаанд ва дар эзоҳ гуфта мешавад, ки ҳуҷҷат аз рӯи Литсензия бароварда мешавад. Агар қисм, муайянкунии дуввуми болоро муносиб набошад, дар ин маврид ба он иҷозат дода намешавад, ки ҳамчун ғайривариант таъин гардад. Ҳуҷҷат метавонад қисмҳои ғайривариантии нулро дарбар мегирад. Агар ҳуҷҷат ягон хел Қисмҳои ғайривариантиро ташхис накунад, набошад дар онҷо ҳеҷ чиз нест. "The Cover Text" - ин ҷузъҳои кӯтоҳи матн мебошанд, ки дар эзоҳе, ки баровардани ҳуҷҷатро аз рӯи Литсензия нишон медиҳад, Front Сover Тext ё Back Сover Тext номбар карда мешаванд. Front Сover Тext метавонад ҳамагӣ аз панҷ калима ва Back Сover Тext метавонад аз 25 калима иборат бошанд.

"Transparent" нусхаи ҳуҷҷат маънои нусхаи дастгоҳи хонандаро дошта дар шакли формат, ки таснифоташ барои умум дастрас аст, дода мешавад, ки барои аз сари нав дида баромадани ҳуҷҷат мустақиман бо муҳаррирҳои умумии матн ё барномаҳои умумии расмкашӣ ва баъзе муҳаррири расмкашии умуман дастрас, барои ворид кардани форматҳо ба матн ё барои тарҷумаи худкори форматҳои гуногун ва ворид кардани матни форматнок муносиб аст. Нусхаи эҷодшудаи дар файли шаффоф, ки ишорааш ё набудани ишорааш

Тасвири формат агар барои миқдори калони матн истифода бурда шавад, дар ин маврид нусхаи равшан нест. Нусхае, ки "Transparent" набошад, вай "Opaque"(норавшан) номида мешавад. Намунаҳои форматҳои муносиб барои нусхаҳои "Transparent" ASCII-и одди ғайри ишораро дарбар мегирад. Формати воридшавандаи Texinfo, формати воридшавандаи LaTeX, SGML, ё XML, истифодаи DTD-и умуман дастрас ва HTML-и оддии стандартӣ, PostScript ё PDF-ро, ки барои тағйирдиҳии куллӣ эҷод карда шудаанд. Намунаҳои форматҳои тасвири transparent, PNG, XCF ва JPG-ро дарбар мегирад. Форматҳои Opaque, форматҳои муносиб, ки метавонанд хонда шаванд ва танҳо бо word processor-и муносиб таҳия шаванд, SGML ё XML, ки барояшон DTD ва/ё асбобҳои амалкунанда одатан дастрас нестанд ва HTML, PostScript ё PDF, ки бо баъзе word processor танҳо барои мақсадҳои хурӯҷ истеҳсол карда шудаанд. "Сарлавҳаи Саҳифа" маънои китоби чопшуда, саҳифаи сарлавҳа худаш ва ҷамъи сарлавҳаҳои зерине, ки доштанашон зарур ва фаҳмо аст, ин маводест, ки пайдо шуданашро дар сарлавҳаи саҳифа ин Литсензия талаб мекунад. Барои корҳои форматие, ки ягон хел сарлавҳаи саҳифа ба монанди "Title page" надоранд, Тitle Рage маънои пайдоиши маълуми номи корро, ки оғози қисми асосии матнро пешгирӣ мекунад, дорад. Қисми "Entitled XYZ" маънои зербоби ҳуҷҷатро, ки худи XYZ ё дорои XYZ мебошад, якҷоя матнеро, ки XYZ-ро ба дигар забон тарҷума мекунад, пайравӣ мекунад. (Дар инҷо XYZ бо қисми махсуси "Acknowledgments", "Dedications", "Endorsements", ё "History" ном доранд, таҷассум карда мешаванд). "Нигоҳ доштан" қисме мебошад, ки шумо ҳуҷҷатро тағйир медиҳед, яъне, вай қисми "Entitled XYZ", мувофиқ ба ин муайянкунӣ, мемонад. Ҳуҷҷат метавонад радкунандаҳои кафолатро дар назди эзоҳе, ки истифодабарии ин Литсензияро бо ҳуҷҷат нишон медиҳад, дохил кунад. Ин радкунандаҳои кафолатиро фақат маълумотномаҳои Литсензия дохил мекунанд, ҳаргуна ҷалбкунии дигари радкунандаҳои кафолат беътибор дониста мешавад ва мувофиқи Литсензия нест.


2. НУСХАБАРДОРИИ АЙНАН

Шумо метавонед ҳуҷҷатро бо ҳар воситае, ки набошад ё бо роҳи тиҷоратӣ ё ғайритиҷоратӣ чоп ва паҳн кунед, таъмине, ки ин Литсензия, эзоҳҳои ҳуқуқи муаллиф ва эзоҳи Литсензия мефаҳмонад, ки ин Литсензия бо Ҳуҷҷат гузашта мешавад дар ҳамаи нусхаҳо таҷдид карда мешавад. Шумо наметавонед чораҳои техникиро барои монеъ шудан ё назорат кардани хониш барои чопкунии минбаъдаи нусхаҳое, ки шумо эҷод кардед ё тақсим кардед, истифода баред лекин шумо метавонед барои мубодилаи нусхаҳо ҷуброн гиред. Агар шумораи калони нусхаҳоро тақсим кунед, бояд инчунин шартҳои қисмати 3-ро риоя кунед. Шумо инчунин метавонед нусхаҳоро аз рӯи шартҳои дар боло зикршуда қарз диҳед ва метавонед ошкоро онҳоро нишон диҳед.

3. ЧОПКУНӢ АЗ РӮИ МИҚДОР

Агар шумо нусхаҳои чопшудаи (ё нусхаҳое, ки одатан нашр кардаанд) ҳуҷҷатро беш аз 100-адад нашр кунед ва эълони Литсензияи ҳуҷҷат муқоваи матнро талаб кунад шумо бояд нусхаҳоро бо муқоваҳое, ки фаҳмо ва саҳеҳ иҷро мешаванд, гузоред. Ҳамаи ин муқоваи матнҳо: Front-Cover Text дар муқоваҳои пеш ва Back-Cover Text дар мӯқоваи қафо гузошта мешаванд. Ҳар ду муқоваҳо бояд инчунин фаҳмо ва саҳеҳ шуморо ҳамчун нашркунандаи нусхаҳо нишон диҳад. Муқоваи пеш бояд тамоми сарлавҳаро бо калимаҳояш аён ва ноаён нишон диҳадшумо метавонед ба муқоваҳо дигар маводҳоро бар иловаи он низ илова кунед чопкунии бо тағйиротҳо маҳдуд шудааст чӣ қадар муддати дароз онҳо сарлавҳаҳои ҳуҷҷатро нигоҳ доранд ва ин шартҳоро муаян кунанд. Агар матнҳои эҳтиёҷшуда барои саҳеҳ гузоштан, калонҳаҷм бошанд, шумо бояд номбаршудаҳои якӯмро дар муқоваҳои асосӣ ва боқимондаҳояшонро дддар саҳифаҳои наздик гузоред.

Агар шумо нусхаҳои Opaque-и равшани ҳуҷҷатро беш аз 100 адад нашр ё паҳн кунед, шумо бояд нусхаи Transparent (равшанро)бо ҳар як нусхаи норавшан гузоред ё дар як нусхаи норавшан ҷои шабакаи компютерро нишон диҳед, ки аз он шабакаи умумии ҷамъиятӣ иҷозат барои фаровир бо истифода аз протоколҳои шабакаи стандартии ҷамъиятӣ ва нусхаи равшани хотимавии ҳуҷҷатро, ки аз маводҳои иловашуда озод аст, медиҳад. Ҳангоми интихоби варианти охирин барои пахнкунии нусхаҳои норавшан аз миқдор, бояд чораҳои эҳтиёткорна андешед, барои боварӣ ҳосил кардан, ки нусхаи равшан дар ҷои нишон додашуда камаш 1-сол бад аз оне, ки шумо нусхаи норавшани нашри омавиро паҳн мекунед, дастрас мононда мешавад. Он хоҳиш карда мешавад, на талаб, ки шумо бо муаллифони ҳуҷҷат пеш аз сари нав паҳн кардани ҳар як адади калони нусхаҳо алоқа кунед, барои онҳо имконият додан, ки шуморо бо тафсири тағйир додашуда таъмин кунанд.


4. ТАҒЙИРОТҲО

Шумо метавонед тафсири тағйирдодашудаи аз рӯи шартҳои 2-ва 3-и дар боло қайд шударо чоп ва паҳн кунед, таъмин кунед, ки шумо тафсири тағйирдодашударо аниқ аз рӯи Литсензия баровардед, бо тафсири тағйирдодашуда нақши ҳуҷҷатро пур кунед, ҳамин тариқ паҳнкунӣ ва тағйирдиҳии Литсензионии тафсири тағйирдашударо ҳар касе, ки соҳиби нусхааш мешавад.

Бар иловаи ин шумо бояд ин корҳоро дар тағйирдодашуда иҷро кунед.

Тафсир:

A. Дар сарлавҳаи саҳифа (ва дар муқоваҳо агар ҳар яктоаш), ки аз сарлавҳаи ҳуҷҷат ва аз он тафсирҳои қабли (кадомаш бояд, агар ягон хелаш дар қисми таърихи ҳуҷҷат номбар мешуд, хоҳад буд) фарқ мекунад, истифода баред. Шумо метавонед, ҳамон як сарлавҳаро ҳмчун тафсири қаблӣ, агар нашркунандаи асосӣ ба шумо иҷозат диҳад, истифода баред.
Б. Дар сарлавҳаи саҳифа ҳамчун муаллифон 1-ё зиёда шахс ё масъулони муаллифии таъғиротҳои тағйирдодашуда бо камоли 5-муаллифи асосии ҳуҷҷат (ҳамаи муаллифони асосӣ, агар аз 5-кас камтар дошта бошанд)то он вақте, онҳо шуморо аз ин талабот озод накунанд руйхат кунед.
В. Дар саҳифаи сарлавҳа номи нашркунанда тафсири тағйирдодашударо ҳамчун нашркунанда нишон диҳед.
Г. Ҳамаи эълонҳои ҳуҷҷатро нигоҳ доред.
Д. Ба тағйиротҳоятон эзоҳи ҳуқуқи муаллифӣ, мувофиқи ба эзоҳҳои ҳуқуқии дигар илова кунед.
Е. Фавран баъди эълонҳои ҳуқуқи муаллиф эълони Литсензионие, ки барои истифодаи тафсири тағйирдодашуда аз рӯи шартҳои ин Литсензия дар шакле, ки бар иловаи поён нишон додашудааст, иҷозати умумӣ медиҳад, дохил кунед.
Ж. Дар ин эълони Литсензия, рӯйхати пурраи қисмҳои ғайривариантиро Cover Text - ҳои талабшудае, ки дар эълони Литсензияи ҳуҷҷат додашудаанд, нигоҳ доред.
З. Нусхаи тағйирнадодашудаи ин Литсензияро дохил кунед.
И. Қисмеро, ки сарлавҳааш "History" мебошад, нигоҳ доред, сарлавҳаҳояшонро нигоҳ доред ва ҷузъеро илова кунед, ки ақалан сарлавҳа, сол, муаллифони нав ва нашркунандаи тафсири таъғирдодашударо чихеле, ки дар саҳифаи сарлавҳа дода шудааст, нишон диҳад. Агар дар ҳуҷҷат қисме бо сарлавҳаи "History" набошад ҷузъеро эҷод кунед, ки ссарлавҳа, сол, муаллифон ва нашркунандаи ҳуҷҷатро, чӣ хеле, ки дар саҳифаи сарлавҳааш додашудааст, нишон юдиҳад сипас мавзӯъеро илова кунед, ки тафссири додашударо чихеле, дар ҷумлаи пешина нишон дода шудааст, тавсиф кунад.
К. Маҳалли шабақаро агар ягонтоаш дар ҳуҷҷат барои иҷозаи умумӣ ба нусхаи равшани ҳуҷҷат дода шуда бошад нигоҳ доред ва ба монанде, ки маҳалҳои шабақа дар ҳуҷҷат барои тафсирҳои қаблӣ дода шудааст асос ёфтааст. Шумо метавонед макони шабакаро барои кор, ки 4-сол пеш аз худи ҳуҷҷат нашр шудааст , партоед ё агр нашркунандаи ҳакиқии тафсир ба ҳуқуқи додашуда истинод мешавад.
Л. Барои қисмҳое, ки сарлавҳаашон "Acknowledgements" ё "Dedications" мебошанд, сарлавҳаи қисмро нигоҳ доред ва дар қисм ҳамаи мундариҷа ва тарзу услуби ҳар як ҳамкориро, ки дар ин ҷо дода шудааст, нигоҳ доред.
М. Ҳамаи қисмҳои ғайри вариантии ҳуҷҷатро нигоҳ доред, ғайри ворид кардани тағйирот ба матн ва саҳифаҳояшон. Рақамҳои қисми эквивалент, сарлавҳаҳои қасм ҳисобида намешаванд.
Н. Ҳар гуна қисмҳое, ки зери сарлавҳаи "Endorsements" Мебошад, нест кунед. Ин гуна қисм бояд ба тафсири тағйирдодашуда дохил карда намешавад.
О. Ба ягон хел қисми мавҷуд буда сарлавҳаи "Endorsements"-ро надиҳед ё ин ки зидди ҳаргуна сарлвҳаи тафсири тағйирдодашуда бошад.
П. Ҳар гуна истеъфономаҳои кафолатро нигоҳ доред.

Дар тафсири тағйир дода шуда қисмҳои мавзӯи нави пеш ё ин, ки иловаҳои ҳамчун қисмҳои дувумдараҷа муайян карда мешаванд ва ягон хел маводеро, ки аз ҳуҷҷат, ки аз ҳуҷҷат нусхабардор нашудааст, дар бар намегирад, баъзе ё ҳамаи қисмҳоро ҳамчун ғайривариант метавонед бо интихоби худатон муайян кунед. Барои ин корро иҷро кардан, сарлавҳаҳояшонро ба рӯйхати қисмҳои ғайри вариант дар эълони Литсензияи тафсири таъғиршавнда илова кунед. Ин сарлавҳаҳо аз дигар сарлавҳаҳои қисм бояд фарқ кунанд. Шумо метавонед қисми бо сарлавҳаи "Endorsements"-ро илова кунад ва фақат тасвибҳои тафсири таъғиршавандаи шуморо бо қисмҳои гуногун дар бар гирад, масалан фикрҳои тақризҳои якхела ё ин ки матн аз тарафи ташкилоте ҳамчун муаянкунандаи обрӯманди стандартӣ тасдиқ шудааст. Шумо метавонед як порчаеро, ки аз 5 - калима иборат аст ҳамчун Front-Cover Text то охири рӯйхати Cover Text дар тафсири тағйиршаванда илова кунед. Фақат як ҷузъи Front-Cover Text ва як ҷузъи Васк-Cover Text метавонанд аз тарафи яке аз мавҷудорат аст ҳамчун Front-Cover Text то охири рӯйхати Cover Text дар тафсири тағйиршаванда илова кунед. Фақат як ҷузъи Front-Cover-иятӣ дода шаванд. Агар ҳуҷҷат аллакай матни Cover тext-ро барои Cоver - и монанд, ки қаблан бо шумо ё бо дастгоҳ илова шуда бо чунин мавҷудият шумо аз номи худ амал мекунед, дохил карда бошад, шумо метавонед дигарашро илова накунед; аммо шумо метавонед яктои кӯҳнашударо дар ҳуқуқи муаян аз нашркунандаи қаблӣ, ки яктои кӯҳнашударо илова карда буд, ивваз кунед. Муаллиф(ҳо) ва нашркунанда(ҳо)-и ҳуҷҷат на бо ин литсензия ҳуқуқи истифода бурдани номҳои онҳоро барои эълон ё барои иттилоъ додан ё дархост намудани ягон тафсири тағйиршуда низ медиҳад.


5. ЯКҶОЯКУНИИ ҲУҶҶАТҲО

Шумо метавонед ҳуҷҷатро бо ҳуҷҷатҳои дигаре, ки аз рӯи ин Литсензия ва шартҳое, ки дар қисми 4 дар бораи тафсирҳои тағйирдодашуда бароварда мешаванд, якҷоя кунед, мутмаин шавед, ки шумо дар якҷоякунӣ ҳамаи қисмҳои ғайривариантии ҳуҷҷатҳои ҳақиқӣ, тағйирнадодашударо дохил кардед ва ҳамаи онҳоро ҳамчун қисмҳои ғайривариантии корҳои якҷояшудаатон дар эълони Литсензия рӯйхат кунед, ки шумо ҳамаи Истеъфономаҳои кафолатро нигоҳ доштед.

Кори якҷояшуда фақат як нусхаи ин Литсензияро эҳтиёҷ дорад ва қисмҳои ғайривариантии якхелаи сершумора, метавонад бо нусхаи ягона ивваз карда шаванд. Агар қисмҳои ғайривариантии сершумора бо як ном вале мундариҷаҳои гуногун вуҷуд дошта бошанд, сарлавҳаи ҳар як чунин қисмҳо бо илова кардани номи муаллифи ҳақиқӣ ё ин ки нашркунандааш агар маълум бошад, дар қавс ё дар охираш метавонед ягона кунед ё ин ки боз як рақами ягонаро илова кунед. Ин танзимкуниро дар қисми сарлавҳаҳо дар рӯйхати қисмҳои ғайривариантӣ дар эълони Литсензияи кори якҷояшуда иҷро кунед. Дар якҷоякунӣ, шумо бояд ҳамаи қисмҳои бо сарлавҳаҳои "History" эҷод кунед; ба ин монанд ҳамаи қисмҳои "Acknowledgments", ва ҳамаи қисмҳои "Dedications"-ро якҷоя кунед. Шумо бояд ҳамаи қисмҳоро зери сарлавҳаи "Endorsements" нест кунед.

6. ҶАМЪОВАРИИ ҲУҶҶАТҲО

Шумо метавонед ҷамъе, ки аз ҳуҷҷат ва дигар ҳуҷҷатҳое, ки аз рӯи ин Литсензия бароварда мешаванд, эҷод кунед ва нусхаҳои ҷудогонаи Литсензияро дар ҳуҷҷатҳои гуногун бо нусхаи ягона ивваз кунед, ки он ба коллексия дохил карда мешавад, бо шарте, ки шумо қоидаҳои Литсензияро барои чопкунии ҳарф ба ҳарф барои ҳар як ҳуҷҷат, риоя кунед. Шумо метавонед ҳуҷҷати ягонаро аз ин маҷмӯъ ҷудо кунед ва онро ҷудогона аз рӯи ин Литсензия паҳн кунед, бо шарте, ки нусхаи ин Литсензияро ба ҳуҷҷати ҷудо кардашуда гузоред ва ин Литсензияро хусуси чопкунии ҳарф бо ҳарфи ҳуҷҷат риоя кунед.

7. ҶАМЪОВАРӢ БО КОРҲОИ МУСТАҚИЛОНА

Тартибдиҳии ҳуҷҷат ё ҳосилҳояш бо ҳуҷҷатҳо ё корҳои ҷудогона ё мустақил дар ҳаҷми нигоҳдорӣ ё паҳнкунии муқаррар "aggregate" номида мешавад, агар ҳуқуқи муаллифии натиҷаи тартибдиҳӣ барои маҳдуд кардани ҳуқуқҳои қонунии истифодабарандагони тартибдиҳӣ истифода бурда намешавад, ба ғайр аз оне, ки корҳои ҷудогона чиро иҷозат медиҳанд, тартиб дода мешавад. Ҳангоме, ки ҳуҷҷат ба маҷмӯа дохил карда мешавад, ин Литсензия бо корҳои дигари маҷмӯа, ки худашон ҳосилшудаи корҳои ҳуҷҷат нестанд, истифода бурда намешавад. Агар талаботи қисми 3-и Cover text бо ин нусхаҳои ҳуҷҷат қобили қабул бошад ва агар ҳуҷҷат назар ба як нисфи тамоми маҷмӯа камтар бошад, Document's Cover Text дар муқовае ҷойгир карда мешавад, ки ҳуҷҷатро дар маҷмӯа мегирад, ё ин ки дар эквиваленти электронӣ, агар ҳуҷҷат дар шакли электронӣ низ бошад. Ё ин ки онҳо дар муқоваи чопшуда, ки ҳамаи маҷмӯаро дарбар мегирад, бояд зоҳир шаванд.


8. ТАРҶУМА

Тарҷума як намуди тағйирдиҳӣ ҳисобида мешавад, ҳамин тариқ метавонед тарҷумаҳои ҳуҷҷатро аз рӯи шартҳои қисми 4 паҳн кунед. Иввазкунии ғайривариантӣ бо тарҷумаҳо иҷозатномаи махсусро аз дорандагони ҳуқуқи муаллифӣ талаб мекунанд, лекин шумо метавонед тарҷумаҳои ҳама ё баъзеи қисми ғайривариантиро бо иловаи тафсирҳои ҳақиқии ин қисми ғайривариантӣ низ дохил кунед. Шумо метавонед тарҷумаи ин Литсензияро ва ҳамаи эълонҳои Литсензияро дар ҳуҷҷат ва ҳар гуна Warranty Diclaimers дохил кунед, бо шарте, ки агар тафсири ҳақиқии Англисии ин Литсензия ва тафсирҳои ҳақиқии он эълонҳо ва кафолатҳоро низ дохил кунед. Дар ҳолати носозиши байни тарҷума ва тафсири ҳақиқии ин Литсензия ё эълон ё кафолат, тафсири ҳақиқӣ афзалиятдор мешавад. Агар қисм дар ҳуҷҷат зери сарлавҳаи "Acknowledgments", "Dedications" ё "History" номида шаванд, талаботи (қисми 4) барои нигоҳ доштани сарлавҳааш (қисми 1) ивваз кардани сарлавҳаи асосиро талаб мекунад.

9. АНҶОМ

Шумо наметавонед ин ҳуҷҷатро ба ғайр аз рӯи шартҳои ин Литсензия, чоп кунед, тағйир диҳед, нусха кунед ё паҳн кунед. Ягон кӯшиши дигари чоп кардан, тағйир додан ё паҳн кардани ҳуҷҷат беэътибор ҳисоб карда мешавад, бо таври автоматикӣ ҳуқуқҳои шуморо аз рӯи ин Литсензия маҳрум мекунад. Лекин ҷонибҳое, ки нусхаҳо ё ҳуқуқҳоро аз рӯи ин Литсензия аз шумо гирифтанд.

10. ТАФТИШҲОИ МИНБАЪДАИ ИН ЛИТСЕНЗИЯ

Free Software Foundation метавонад ҳар сари чанд вақт тафсирҳои нави дида баромада шудаи Литсензияи ҳуҷҷатҳои озоди GNU-ро нашр кунад. Ин гуна тафсирҳо бо тафсирҳои мазкур соддатар хоҳанд буд, лекин дақиқтараш аз рӯи роҳандозии масъалаҳо ё манфиатҳо низ фарқ мекунад. Муфассал http://www.gnu.org/copyleft/-ро аз назар гузаронед. Дар ҳар тафсирҳои Литсензия, рақамҳои гуногун дода шудааст. Агар дар ҳуҷҷат қайд шуда бошад, ки рақами қисмани тафсироти ин Литсензия "ё ягон тафсири минбаъда" ба он истифода бурда мешавад, шумо инчунин рӯйхати шарт ва шароитҳои пайдарпаи ин тафсири қайдшударо ё ягон тафсири минбаъдаеро, ки бо Free Software Foundation нашр (на ба монанди нақша) шуда буд, доред. Агар дар ҳуҷҷат рақами тафсири ин Литсензия қайд нашуда бошад, шумо метавонед ягон тафсири қаблан бо Free Software Foundation нашршударо (на ба монанди нақша) интихоб кунед.

Чӣ тавр метавон ин Литсензияро барои ҳуҷҷати худ истифода бурд Барои истифода бурдани Литсензияи мазкур дар ҳуҷҷате, ки шумо навиштаед, нусхаи Литсензияи мазкурро дар ҳуҷҷати худ дохил кунед ва баъд ҳуқуқи муаллифӣ ва маълумотҳои Литсензияи мазкури зеринро фақат баъди саҳифаи асосӣ ҷорӣ кунед:

Ҳуқуқи муаллифӣ (с) СОЛ ИСМИ ХУД.

Ин нусха иҷозати нусха кардан, паҳн кардан ва/ё тағйир додани ин ҳуҷҷатро, бо шартҳои GNU Free Documentation License, Тафсири 1.2 ё ягон тафсири деринае, ки бо Free Software Foundation нашр шудааст, медиҳад; на бо қисми ғайривариантӣ, на бо матнҳои Front-Cover ва на бо матнҳои Back Cover. Нусхаи литсензия дар қисми унвоноти "GNU Free Documentation License" дохил шудааст. Агар шумо дорои қисмҳои ғайривариантӣ, Front Cover Text, ва Back Cover Text бошед, сатри "бо...Матнҳо."-ро бо сатрҳои зерин ивваз кунед: бо қисмҳои ғайривариантӣ бояд LIST THEIR TITLES, бо Front Cover Text бояд LIST ва бо Back Cover Text бояд LIST бошад.

Агар шумо қисми ғайривариантӣ бидуни Cover Text, ё баъзеи аз се қисми дигарро дошта бошед, он ду алтернативаро барои мутобиқ кардани вазъият, якҷоя кунед. Агар ҳуҷҷати шумо дорои мисолҳои ками коди барномавӣ бошад, мо тафсия мекунем, ки ин мисолҳоро якҷоягӣ бо интихоби параллелии шумои Литсензияи таъминоти барномавии озод ба монанди Литсензияи умумӣ, барои иҷозаи исстифодаи он дар таъминоти барномавии озод, нест кунед.

Бо Ҷурахонова Сурайё тарҷӯма карда буд < youth_opportunities@tajik.net>, <rkovacs@khujand.org>