Jump to content

Видеомагнитофон

Мавод аз Википедиа — донишномаи озод

Видеомагнитофон — абзорест барои дар навори магнитӣ сабт намудани сигналҳои электрикии тасвир (ҳамроҳ бо садо) ва аз нав нишон додани тасвиру шунавонидани садои он.

Тарзи кори видеомагнитофон шабеҳи магнитофони муқаррарист, вале бар хилофи он фосилаи васеи басомадҳои истифодашаванда (то 6-8 МҲтс) дорад. Истифодаи чунин фосилаи басомадҳо дар натиҷаи суръати баланди ҳаракати мутақобилаи байни сараки магнитӣ ва навор ба даст оварда мешавад. Баробари такмил ёфтани техникаи ҳисоббарор усулҳои сабти тасвири мутаҳаррик ва садо ба қурсҳои магнитӣ ва схемаҳои интегралӣ маъмул гашта, барои татбиқи вазифаи В. дар компютер (масалан, сабти барномаҳои телевизион ба қурси сахт) ва фотокамераҳои рақамӣ (на фақат тасвири сокит, балки видеосужетҳои начандон калонро сабт кардан мумкин аст) ва ғ. имкон медиҳанд.