Jump to content

Боғдорӣ

Мавод аз Википедиа — донишномаи озод
Боғи себ дар Заркамар
Бунёди боғи нави себ ва нок. Деҳаи Элоки ноҳияи Файзобод

Боғдорӣ (форсӣ: ﺑﺎﻏﺪاري‎), боғпарварӣ — як соҳаи кишоварзӣ, нигоҳубин ва парвариши боғ, мевапарварӣ.

Аз таърихи боғдорӣ

[вироиш | вироиши манбаъ]

Боғдорӣ асосан парвариши дарахтони меваи тухмдор (себ, биҳӣ, нок ва ғайра), донакдор (зардолу, шафтолу, гелос, олу, олуболу ва ғайра), мағздор (бодом, писта, чормағз, пекан ва ғайра), рустаниҳои субтропикӣ (анор, анҷир, хурмо ва ғайра), меваҳои ситрусӣ (лиму, афлесун, норанҷ ва ғайра), ғуҷуммева (шоҳтути заминӣ, тамашк, қот ва ғайра), тут, санҷид, ток ва ниҳоли дарахтони меваро дар бар мегирад. Боғдорӣ дар ҳудуди Тоҷикистон аз замонҳои хеле қадим тараққӣ кардааст. Бино ба ақидаи муаррих М. Г. Попов дар қаламрави «тоҷикия» (маҳалҳои тоҷикнишини Осиё) 2000 сол қабл анвои гуногуни дарахтони меваро дучор омадан мумкин буд. То давраи истилои арабҳо ва муғулу туркҳо дар Балх, Марв, Ҳирот, Бухоро, Хоразм, Хатлон, Ҳисор, Қаротегину Дарвоз, Хуҷанд ва шаҳрҳои водии Фарғона, Кофаристону Қошғар боғдорӣ хеле ривоҷ ёфта буд. Ба ин гуфта навъҳои дастпарвару худрӯйи зардолу, бодом, чормағз, тут ва шафтолу (хусусан анҷиршафтолу), ки то ҳол дар нишебиҳои қаторкӯҳҳои Қаротегину Дарвоз, Чатқалу Фарғона, Ҳисор, Боботоғ, Тиёншон, қисми ғарбии Копетдоғ, Помиру Олой фаровон мебошанд, шаҳодат медиҳанд.

Боғдорӣ дар замони шуравӣ

[вироиш | вироиши манбаъ]

Ташкили хоҷагиҳои махсуси боғу токдории замонавӣ дар пешрафти боғдорӣ дар ҷумҳурӣ саҳми арзанда гузошт. Соли 1926 ба Тоҷикистон бо сардории акад. Н. И. Вавилов экспедитсияи махсуси олимони соҳаи боғдории АИ ИҶШС омад. Онҳо анвои дарахтони меваро омӯхта, меваҳои беҳтарин ва мавзеъҳои барои боғдорӣ мувофиқро дар китоби «Плодовые Среднего Таджикистана» (Л., 1935) гирд оварданд.

Боғдорӣ дар замони истиқлол

[вироиш | вироиши манбаъ]

Дар байни тоҷикон мафҳуми «боғ»-ро ба се маънӣ шарҳ додан мумкин аст:

  • боғи даруни ҳавлӣ;
  • боғи дар паҳлӯи ҳавлӣ қарордошта, ки бо девор ё шиғадевор иҳота шудааст;
  • боғи аз хонаву ҳавлӣ дуртар, ки тобистон соҳибони боғҳо ба он ҷо мераванд ва дар хонаву козаҳо муваққатан истиқомат карда, ба нигоҳубини боғ ва полиз машғул мешаванд.

Вобаста ба шароити табиӣ ва мавқеи ҷуғрофӣ дар минтақаҳои тоҷикнишини Осиёи Марказӣ навъҳои гуногуни мева, аз ҷумла, ангур, анор, анор, нок, себ, биҳӣ, муруд, гелос, олуча (олуболу), олу, зардолу, шафтолу, тут, чормағз, бодом, ва ғайра парвариш мешаванд. Ҳар яке аз ин меваҳо боз навъу намудҳои худро дошта, нигоҳубини махсусро талаб менамоянд.

Ниҳоли дарахтонро бо роҳҳои пайвандкунӣ, қаламча ва зери хок кардани донак зиёд мекунанд. Пайванд кардани ниҳолҳо яке аз усулҳои қадимаи афзоиши дарахтони мевадор буда, навъҳои зерин дорад: нойчапайванд, қаламчапайванд, кундапайванд, исканапайванд, баргпайванд, пӯстпайванд ва ширпайванд.

Ба парвариш ва нигоҳубини боғ корҳои обёрӣ, шохчабурӣ дар охири зимистон ва ибтидои баҳор, нармгардонии бехи дарахтон, порудиҳӣ, сафед кардани кундаҳои дарахтон ва ғайра дохил мешаванд. Вобаста ба табиат ва иқлими ҳаво дар фасли зимистон танаи баъзе дарахтони гармидӯст, масалан, анор, анҷир, хурмо ва чанде дигарро бо хасу матоъҳои куҳна мепечонанд, то ки сармо таъсир нарасонад. Бо ҳамин мақсад кундаву танаи ниҳоли анор ва баъзе токҳоро дар хок гӯр мекунад.[1]

Дар боғоти навбунёди ҷумҳурӣ баробари навъҳои маҳаллӣ парвариши навъҳои дарахтони меваи дигар кишварҳо низ ба роҳ монда шуд. Имрӯз дар хоҷагиҳои боғдории Тоҷикистон зиёда аз 75 навъи дарахтони меваю ғуҷуммева парвариш меёбад. Дар водиҳо анвои пешпазаки гелос ва шоҳтути заминиро охири апрел — аввали май, ангур, зардолу, шафтолу, себ, нок ва анҷирро июн — июл, навъҳои дерпази себ, нок, биҳӣ, анор, ангур ва лимуро охири сентябр — октябр ҷамъоварӣ карда, бисёр вақт то моҳи апрел — май нигоҳ медоранд.

Шароити парвариши боғот дар Тоҷикистон

[вироиш | вироиши манбаъ]

Бунёд кардани боғ қабл аз ҳама ба хосияти биологии навъи мева, хок, обу ҳавои маҳал, зичии аҳолӣ, мавҷудияти корхонаҳои саноатии таҳвили мева вобаста аст. Ноҳияҳои вилояти Суғд (Исфара, Конибодом, Хуҷанду Ашт, Панҷакент, Айнӣ, Кӯҳистони Мастчоҳ) барои парвариши анвои зардолу (Бобоӣ, Мирсанҷарӣ, Исфарак, Хурмоӣ, Кӯрисодиқӣ, Фалғарӣ, Ғӯлингӣ, Қандак, Ниёзӣ, Паррак) ва шафтолую бодом мувофиқ мебошанд. Шароити иқлими водии Қаротегин (Рашт, Нурободу Тоҷикобод) барои парвариши навъҳои дерпази ноку себ (Хубонӣ, Маликӣ, Шоҳмахмурӣ, Ноки ғармӣ, Кулӯланок), ки ҳосилашро то моҳи май ва июни соли дигар нигоҳ медоранд, хеле мувофиқ аст. Ноҳияҳои водии Вахш ба рӯёндани ҳосили бармаҳали зардолу, шафтолу, ангур, меваҳои субтропикию ситрусӣ (алалхусус лиму) имконияти фаровон доранд. Иқлими ноҳияҳои Дашти ҷум ва Дарвоз баҳри бунёди анорзору анҷирзорҳо хеле мусоид аст. Дар ноҳияҳои ВМКБ анвои дар ҷумҳурӣ камёфти чормағз, тут, ангат, ангур, инчунин бештар аз 55 навъи зардолу мерӯяд, ки барои бунёд кардани ҳазорҳо га боғи нав имконият медиҳад. Дар ноҳияҳои Тоҷикистон навъҳои мевае ҳам дучор меоянд, ки дар дигар мавзеъҳои ҷумҳурӣ вуҷуд надоранд, чунончи, себи Хубонӣ (ноҳияи Рашт), Себи сурхи понғозӣ (деҳаи Понғози ноҳияи Ашт), биҳии Кӯлкантӣ ва ноки Ворухӣ (деҳаҳои Кулканту Ворухи ноҳияи Исфара), зардолуи Ниёзӣ ва Паррак (ноҳияи Конибодом) ва ғайра.

Боғдорӣ дар минтақаҳои Тоҷикистон

[вироиш | вироиши манбаъ]

Боғдории Тоҷикистон дар 6 минтақаи иқтисодӣ (Бадахшони Кӯҳӣ, Кӯлоб, Суғд, Вахш, Ҳисору Рашт) ҷой дода шудааст. Маҳсулоти боғдорӣ бештар тару тоза, хушконида (мавиз, ғӯлинг, баргаку аштак) ва ҳамчун консерв ба фурӯш бароварда мешавад. Тоҷикистон манбаи асосии меваи хушаҳрки донакдор (ғӯлинг, баргаку аштак) буда, беш аз 80%-и ғӯлинг ва 25%-и баргаку аштаки Осиёи Марказиро истеҳсол мекунад. Соли 2012 дар ҷумҳурӣ зиёда аз 95 ҳазор га боғ (меваҳои тухмдор — 39967 га, донакдор — 48840 га, мағздор — 27050 га, меваҳои субтропикӣ — 2484 га ва ғайра) мавҷуд буд.

Феълан дар ҷумҳурӣ зиёда аз 25 ҳазор хоҷагиҳои деқонӣ мавҷуд аст, ки як қисми онҳо ба боғдорӣ машғуланд (2012). Хоҷагиҳои фермерии боғдорӣ асосан дар ноҳияҳои вилояти Суғд, водии Ҳисор, водии Рашт ва минтақаҳои Кӯлоб ҷойгиранд. Анвои меваҷоти Тоҷикистон аз ҳисоби навъҳои таҳҷоӣ ва дигар кишварҳо тадриҷан меафзояд. Ҳоло (2012) дар ҷумҳурӣ 11 навъи анор (Шириндона, Сурханор, Нордон, Қазоқианор, Туршдона, Шайнакӣ, Ҳисорӣ, Сафеддона ва ғайра), 6 навъи анҷир (Зарди самарқандӣ, Ноканҷир, Кадота, Сиёҳи ҳисорӣ, Қримии 43 ва ғайра), 6 навъи биҳӣ (Фаровонӣ, Самарқандии калонмева, Турш биҳии бухороӣ, Нордон ва ғайра), 9 навъи бодом (Каҷак бодом, Сангбодом, Қоғотаки ялтагӣ, Дрейк ва ғайра), 6 навъи гелос (Сарви субҳонӣ, Гулобиранги маҳаллӣ, Аштархо нӣ, Негретянка ва ғайра), 13 навъи зардолу (Аҳрорӣ, Бобоӣ, Исфарак, Кӯрисодиқӣ, Мирсанҷарӣ, Рухи ҷавонон, Субҳонӣ, Хурмоӣ, Паррак, Қандак ва ғайра), 15 навъи нок (Ноки ғармӣ, Ноки ворухӣ, Дилафрӯз, Бере Боск, Вилямс, Кулӯланок, Шӯрнок, Мурӯд ва ғайра), 9 навъи олу (Кӯксултон, Сиёҳолу, Заролу, Венгерка, Пионерка ва ғайра), 6 навъи олуболу (Ховалингӣ, Самарқандӣ, Гриот, Испанкаи сиёҳ ва ғайра), 17 навъи себ (Хубонӣ, Маликӣ, Себи сур-хи понғозӣ, Шоҳмахмурӣ, Пахтасеб, Ҷонатан, Ҳосилдор, Ренет Симиренко, Старкримсон, Розмарини сафед, Голден грайм, Голден делишес ва ғайра), 7 навъи хурмо (Хиакуми, Гошогакӣ, Зенҷи Мару, Вахш, Тоҷикӣ, Шарқӣ, Ҳисорӣ ва ғайра), 9 навъи унноб (Вахш, Финик, Ҳисорӣ, Ҷанубӣ ва ғайра), 15 навъи шафтолу (Анҷиршафтолуи сурх, Лола, Норанҷӣ, Равғани гов, Элберта, Луччаки сурх, Сафедшафтолу, Фарҳод, Чемпион, Старт ва ғайра), 5 навъи тут (Балхитут, Бедонаи тоҷикӣ, Марворидак, Сафеди бедона, Шоҳтут), 2 навъи санҷид (Қандак, Нонҷигда), 5 навъи лиму (Мейер, Вилла Франк, Лиссабон ва ғайра) парвариш карда мешавад. Дар ҳаётаи аҳолӣ бештар аз 500 анвои меваи таҳҷоӣ мавҷуд аст, ки ба гурӯҳи навъҳои стандартии Тоҷикистон дохил нестанд. Минбаъд дар назар аст, ки дар хоҷагиҳои ҷумҳурӣ навъҳои нави зардолу (Аҳрорхоҷагӣ, Аҳмадӣ, Зарафшонӣ, Олимӣ, Хуҷандӣ ва ғайра), шафтолу (Гулдор, Равшан, Сунбулӣ ва ғайра), нок (Рухи дилбар), анор (Бедонаи тоҷикӣ) ва себ (Шафеӣ, Рахшсеб) парвариш карда мешаванд. Соҳаи дигари боғдорӣ ситруспарварӣ аст. Тоҷикистон аз ҷиҳати истеҳсоли лиму дар собиқ ИҶШС ҷойи аввалро ишғол менамуд. Масоҳати рустаниҳои ситрусӣ зиёда аз 250 га буда, бештарин қисми он дар хоҷагиҳои водии Вахш ҷойгир аст. Имрӯз дар 50 хоҷагии деҳқонии ҷумҳурӣ лиму мепарваранд. Аз ҳар га лимузор ба ҳисоби миёна 100—180 сентнер ҳосил ғундошта мешавад; 95 дарсади лимуи Тоҷикистонро ноҳияҳои водии Вахш истеҳсол мекунанд (2012).

Вазъи муосири соҳаи боғу токпарварӣ

[вироиш | вироиши манбаъ]

Дар ҷумҳурӣ соли 2023 майдони умумии боғу токзорҳо 204114,9 гектар буда, аз он токзор 39721,3 гектарро ташкил медиҳад. Бо мақсади баланд бардоштани иқтидори содиротии кишвар тибқи маълумоти оморӣ ба ҳолати 01.01.2024 кишоварзони ҷумҳурӣ дар майдони 906,8 гектар боғ ва 117,4 гектар токзор бунёд намуданд, ки аз майдони умумии боғ 508,2 гектар ва токзор 110,9 гектар дар талу теппаҳои бо намӣ таъмин буда, бунёд карда шудааст. Инчунин дар ин давра дар майдони 1300 гектар боғҳо ва 304,4 гектар токзор корҳои барқароркунӣ амалӣ карда шудааст.[2]

Барои таъмини хоҷагиҳои кишоварзӣ бо ниҳолҳои хушсифати мевадиҳанда, ороишию сояафкан ва ҳамешасабз хоҷагиҳои ниҳолпарварии КВҶД “Тоҷикниҳолпарвар” якҷо бо иҷоракорон дар мавсими ниҳолфурӯшӣ то давраи ҳисоботӣ ба миқдори 422240 бех ниҳолҳои гуногунро ба харидорон бо нархҳои дастрас пешкаш намуданд.

Рӯёнидани ҳосили ба талаботи бозори истеъмолӣ ва содирот ҷавобгӯ, аз сари вақт гузаронидани чорабиниҳои агротехникӣ вобастагӣ дошта, бо ин мақсад дар боғу токзорҳои ҷумҳурӣ дар 91334 гектар коркарди байни қаторҳо ва нармкунии бехи дарахтон, 97911 гектар башаклдарории дарахтон, 39429 гектар яхобмонӣ ва 48985 гектар коркарди кимиёвӣ гузаронида шудааст, ки ин усулҳо барои кам кардани пайдошавии организмҳои зараррасон таъсири мусбии худро мерасонад.[3]

Таваҷҷуҳи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон ба соҳаи боғдорӣ

[вироиш | вироиши манбаъ]

Боғдорӣ дар Тоҷикистон пешомади калон дорад. Мувофиқи Барномаи рушди соҳаи боғдорӣ ва фармони Президенти ҶТ (№ 683 а)з 27. 08. 2009 «Дар бораи тадбирҳои иловагӣ доир ба рушди соҳаи боғу токпарварӣ дар Ҷумҳурии Тоҷикистон барои солҳои 2010—2014» бояд боз 46 ҳазор га боғ бунёд карда шавад. Пешбинӣ шудааст, ки то соли 2012 масоҳати боғоти меваҳои ситрусӣ 350 га афзуда, ҷамъоварии умумии лиму 2-3 маротиба зиёд мегардад. Дар Тоҷикистон барои нигоҳ доштани 250 ҳазор тонна мева сохтани анборҳои махсус дар назар аст. Ҳамчунин иқтидори корхонаҳои консерв афзун гардонда, истеҳсоли консерви мева ба 500 млн қуттии шартӣ расонда мешавад. Масоҳати боғот бештар аз ҳисоби заминҳои лалмӣ, санглох ва мавзеъҳои кӯҳдоман афзун мегардад. Ноҳияҳои Данғара, Муъминобод, Шӯрообод, Ҳисор, Ашт ва Панҷакент ба маркази асосии боғдории ҷумҳурӣ табдил меёбанд.

Маҳсулоти боғдорӣ

[вироиш | вироиши манбаъ]

Меваҳоро, маъмулан, дар шакли тару тоза буданаш истеъмол мекунанд. Боғбонҳо барои зимистон себу нок, анор, ангур ва меваҳои мағздорро бо роҳҳои гуногун захира менамоянд. Чунончи, барои тару сероб истоданаш себу анорро дар қуттӣ, дар аррамайда мегузоранд. Инчунин бо роҳи хушконидан олуча, зардолу, шафтолу, тут, себ ва ангурро низ барои фаслҳои дигар нигоҳ медоранд. Себҳоро дупора, чорпора ё ҳалқа-ҳалқа реза карда, мехушконанд ва дар халтаҳо гирифта дар ганҷур ё амбор захира мекунанд. Дар фаслҳои дигар аз «себқоқ» нӯшоба ва талқон таҳия мекунанд. Аз олуча дар вақти тару тоза буданаш нӯшоба ва мураббо мепухтанд. Олучаи туршаки хушконидаро ҳамчун даво барои фишорбаландӣ истифода мебурданд.

Дар Хуҷанду Фарғона ва водии Зарафшон аз замонҳои қадим парвариши зардолу яке аз муҳимтарин соҳаи боғбонӣ ба ҳисоб мерафт. Дар ин минтақаҳо навъҳои гуногуни зардолу: маҳтобӣ, қандак, амирӣ, аҳрорӣ, гурдаи гов, донакаҷак, марғелонӣ, муслимӣ, нордон, нӯли зоғак, обак, пайвандӣ, рухи ҷавонон, сурх, хуҷандӣ, фалғарӣ, чармак, ғулингӣ, талхак, турушак, хасак, қандаки қарсакӣ, қурбонӣ, шохшикан, ширпайванд ва ғайра маъруф мебошанд. Ғулинг (ғулунг, қоқ, зардолуқоқ)-ро барои истеъмоли аҳли хонавода, барои маъракаҳо ва низ бо мақсади фурӯш ба миқдори зиёд тайёр мекунанд. Аз донаки зардолу донашӯрак ва аз мағзи он донабирён пухта мешавад. Аз ғулинг дар фаслҳои зимистону баҳор ғулингоб таҳия мекунанд, ки аз давоҳои маъмул барои бемори дил ба шумор меравад.

Дар деҳаҳои водии Ҳисор дар гузаштаи начандон дур дар айёми Наврӯз ғулунгоб ва дастархони ҳафтмева меоростанд. Мардум мувофиқи дороияшон ҳафт навъи меваро дар табақи калоне гирифта дар байни дастархон мегузоштанд. Дар Қаратоғ ба муносибати Соли нави суннатӣ нӯшокии «Ҳафтмева» тайёр мекарданд. Ғулунг, олуча, олуи хушк, мавиз, шафтолуқоқ, яъне ҳафт меваи қоқро шуста, тар карда мемонданд. Ин «Ҳафтмева» яке аз нӯшокиҳои хоси дастархони солинавӣ буд.

Дар водии Рашту Дарвоз себпарварӣ яке аз бахшҳои муҳими боғдорӣ ба ҳисоб мерафт. Дар деҳаҳои ин минтақа навъҳои зиёди себ, аз ҷумла, себҳои туршак, яхак, сурхсеб, сафедсеб, шулмунд, лойбарсеб, капарсеб, ночувлӣ, кавшунсеб, сангсеб, харбузасеб, себи обӣ, талхак, самарқандӣ ва ғайра парвариш мешуд. Инчунин навъҳои шафтолу: сафедак, сурхак, анҷиршафтолу; анвои анор: ширин, хотунӣ, турш, сабзанор ва ҳандалаанор маъмул буданд.

Нок яке аз меваҳои машҳур ва дӯстдоштаи тоҷикон аст. Дар боғҳои водии Зарафшон навъҳои мурӯд, кадумурӯд, сафедмуруд, сиёҳмуруд, ноки сафед, ношпутӣ, ношпутии тирамоҳӣ, турунҷ, шакармурӯд ва қандак парвариш мешаванд. Дарахт ва меваи тут дар рӯзгори тоҷикон аҳамияти махсус дорад. Аз чӯби он, ки сахту вазнин мебошад, устоҳо табақу чумча, баъзе созҳои тории мусиқӣ ва ғайра месозанд. Барги тут ҳамчун ғизои асосии кирмаки абрешим дар соҳаи кирмакпарварӣ истифодаи васеъ дорад. Аз меваи он тутмавиз, талқон ва ширинӣ тайёр мекунанд. Дар навоҳии кӯҳии вилояти Суғд навъҳои тути балхӣ, бедона, биринҷӣ, кулолӣ, марворид, морпечак, рахш, фалғарӣ ва ғайра, дар маҷмӯъ 20 навъ, парвариш меёбад.

Дар деҳаҳои Дарвоз тут яке аз меваҳои асосии мардум маҳсуб буд. Дар ҳамаи рустоҳо навъҳои гуногуни тут парвариш мешаванд. Тутҳои беҳтарин ва машҳури Дарвоз: бедона, ревичӣ, бедонаи сурхак, музаффарӣ, сафедак, рахшак, шехӣ, шурак, малбед, шаҳтут, зиғарӣ, сангевнӣ ва чанде дигар мебошанд. Дар айёми тутпаз мардум зери дарахтони тутро рӯфта, ҳамвор мекунанд. Дар аввал меваҳои хомпаз ва бемазаи он меафтанд, ки онро «хастут» меноманд. Хастутро барои хӯроки гову хар медиҳанд. Вақте ки тутҳо пухтанд, дар зери дарахтон чодар паҳн мекунанд ва болои дарахт баромад, меафшонанд. Сипас дар сабадҳо тутҳоро чида, мехушконанд ва тутмавиз ё тути қоқ тайёр мекунанд. Тутҳои хушкро дар санги ҷувозак ё осиёб орд карда, талқон омода месозанд, ки он «тутпист» ном дорад. Тутпист ё орди тутро дар охурҳои махсус — хамба ё кулӣ нигаҳ медоранд. Он дар намӣ зуд сахт мешавад ва шахшудаашро бо табару теша пора мекунанд. Аз тутпист ширинӣ ва ҳалво тайёр мекунанд, ба баъзе таомҳо ҳамроҳ менамоянд ва инчунин дар ҳамон шакли кӯбидааш бо чой истеъмол мекунанд.

Чормағз дар меваҳои мағздор мавқеи махсусро ишғол менамояд. Дар боғҳо ва дашту теппаҳои Суғд ва водии Ҳисор навъҳои қоғатӣ, ғалберак, курак, мағзӣ, кокоӣ, каппа (калон-калон), нахкала ва чанде дигар маъмулу машҳуранд. Аз мағзи чормағз равған мегиранд ва аз пӯсти сабзи меваи он рангҳои сиёҳу қаҳваӣ тайёр мекарданд. Аз чӯби дарахти чормағз устоҳо кундаи ҷувоз, испори ҷуфтронӣ, табақи чӯбин ва ғайра месозанд.[1]

Маҳсулоти боғдорӣ — мева, ғуҷуммева ва мағз ба миқдори зиёд қанд, равған, моддаҳои минералию хушбӯй, витаминҳои С, В, В1, В2, В3, В6, Р, РР, Е ва ғайраро дорад. Инсон зиёда аз 81 унсури кимиёии барои организм заруриро ба воситаи меваҳо мегирад. Меваю мағз ғизои шифобахш ва манбаи ашёи хоми саноати хӯрокворӣ, қанноди ву дорусозӣ мебошанд. Бисёр меваҳоро чун парҳезона ба беморон медиҳанд, аз ғуҷуммева, мева ва мағзи онҳо мураббо, полуда ва хушоб пухта, қандалоту шарбатҳои хушаҳртаъм тайёр мекунанд. Бисёр дарахтони мева барои сабзкории хиёбонҳои шаҳр ва дигар маҳалҳои аҳолинишин истифода мешаванд. Аз шаҳди гули онҳо занбӯр асали хушсифат ҳосил менамояд.

Инчунин нигаред

[вироиш | вироиши манбаъ]
  1. 1.0 1.1 Д. Раҳимов. Касбу ҳунарҳои анъанавии тоҷикон. — Душанбе, 2014. — С. 18 — 22.
  2. Боғу токпарварӣ(тоҷ.). instchorvodori.tj (2023). 21 май 2024 санҷида шуд.
  3. Боғу токпарварӣ(тоҷ.). instchorvodori.tj (2023). 21 май 2024 санҷида шуд.
  • Плодоводство, виноградарство и овощеводство Таджикистана. Сталинабад, 1948;
  • Розанов Б. С. (ва диг.). Плодоводство Таджикистана. Д., 1970;
  • Розанов Б. С., Эшонқулов У. Меваҳои гармидӯсти Тоҷикистон. Д., 1973;
  • Анваров М. Боғу токпарварӣ соҳаи сердаромад. Д., 1973;
  • Пулотов А. Таджикский абрикос. Д., 1976;
  • Сильвандер В. Г. Дастури боғбон. Д., 1981;
  • Сильвандер В. Г., Веселовская Е. А. Развитие интенсивного плодоводства и виноградарства Таджикистана. Д., 1987;
  • Гулов С. М. Мевапарварӣ. Д., 2007;
  • Гулов С. М. Меваҳои гармидӯсти То ҷикистон. Д., 2008;
  • Ӯрунов Ф. У. Ниҳолпарварӣ. Д., 2008;
  • Гулов С. М., Ӯрунов Ф. У. Бунёд ва нигоҳубини боғҳо дар Тоҷикистон. Д., 2010.