Jump to content

Бетон

Мавод аз Википедиа — донишномаи озод
Ҳамворсозии омехтаи бетон

Бето́н (аз фр. béton) — масолеҳи бинокории сунъӣ, ки аз санг, омехтаи моддаҳои илтиҳоқӣ (бо об ё бе он), регу шағал, оҳаксанг ва моддаҳои иловагӣ (аксаран барои беҳтар шудани хусусиятҳои бетон ва гирифтани ранги мувофиқ) ҳосил мешавад.

Навъҳои бетон

[вироиш | вироиши манбаъ]

Бетон якчанд навъ (абрақдор, сафолбетон, дажғол ё нахшадӣ ва ғайра) буда, мутобиқ ба анвои худ дорои хусусияти кислота ва гармитобоварӣ, обгузаронӣ, сармобардорӣ, мустаҳкамӣ ва ғ. аст. Бетонро ҳанӯз аз замонҳои пешин римиёни қадим дар сохтмони равоқҳо, гумбазҳо, тоқҳои зафар, акведукҳо ва монанди инҳо фаровон истифода кардаанд. Барои мустаҳкамтар шудани бетон гач, гили кулолӣ, оҳаксанг, асфалт ва ғайраро низ ба кор мебаранд.

Пас аз таназзули Империяи Рум истифодаи бетон қатъ мешавад ва аз садаи XVIII дар дигар мамолики Аврупо аз нав ривоҷ мегирад. Такомул ва равнақи бетон бо пайдоиши семент дар Русия (аввали садаи XVIII) робитаи наздик дорад. Бетон баъди ба вуҷуд омадани оҳанубетон маъмултар мегардад. Он ҳоло бештар дар сохтмони роҳҳои автомобилгард ва биноҳои маъмурию истиқоматӣ (конструксияҳои калонблок, конструксияҳои калонпанел, конструксияҳои оҳанубетонӣ ва ғайра) истифода мешавад.