Jump to content

Арсен

Мавод аз Википедиа — донишномаи озод
33
Марги муш
74,921
3d104s24p3

Арсен (аз лот. Arsenicum, As), маргимуш — унсури химиявии гурӯҳи V ҷадвали Менделеев; рақами атомиаш 33, массаи атомиаш 74,921. Кристалли хокистарранги фӯлодгун.

Изотопи собити арсени табиӣ 75As аст. Дар қишри Замин массаи арсен 1,7·10-4 %, бештар дар намуди минералҳои сулфурӣ (мас., арсенопирит, аурипигмент ва ғ.) дучор мешавад. Пайвастҳои арсенро дар истеҳсоли шиша ва чинӣ, ҳангоми коркарди пӯст ва мӯина, дар соҳаи кишоварзӣ (чун заҳри химиявӣ) кор мефармоянд. Пайвастҳои арсен дар тиб низ чун дору истифода мешаванд. Бо мақсади табобат пайвастҳои органикӣ ва ноорганикии арсенро кор мефармоянд. Ба пайвастҳои ноорганикии арсен ангидриди арсен, маҳлули арсенити калий, арсенати натрий ва ғ. мансубанд. Ангидриди арсенро дар амалияи стоматологӣ кор мефармоянд. Арсенити калий ва арсенати натрий якҷоя бо стрихнин ба таркиби доруи «Дуплекс» дохил карда мешавад (онро ҳангоми камхунии сабук таъйин менамоянд). Пайвастҳои органикии арсен ба спирохетҳо, лейшманияҳо, амёбаи исҳоли хунин, трипаносомҳо, плазмодияи вараҷа, трихомонадҳо, баъзе гелминтҳо таъсир мерасонанд.

Истифодаи доруҳои арсен барои одамони аз 50-сола боло, инчунин ҳангоми бемориҳои шадиди сироятӣ (зуком, ангина), бемориҳои шадиди меъдаю рӯда, решмарази меъда, амрози дилу рагҳо, гепатитҳо, нефритҳо, омоси гурда, диабети қанд, бемориҳои ҷоғар, диатезҳои хунрез, камхунии вазнин, сил, бемориҳои илтиҳобии пӯст, амрози чашм ва силсилаи асабҳои марказӣ ҷоиз нест. Ҳамаи пайвастҳои ҳалшавандаи арсен заҳри қотил мебошанд. Бо мақсади пешгирии заҳролудӣ дар корхонаҳои саноатӣ бояд қоидаҳои беҳдошт ва муҳофизати меҳнат риоя гарданд. Пӯшидани либоси махсус, ҳаво додани ҷои кор, истифодаи респиратор, дастпӯшак, айнаки муҳофизатӣ, баъди кор оббозӣ бо оби ширгарм (бе собун) аз ҷумлаи тадбирҳои пешгирии заҳролудӣ аз арсен мебошанд. Хусусан мунтазам аз назорати духтур гузаштан аҳамияти калон дорад. Чунин коргарон бояд ҳар рӯз шир истеъмол намоянд. .

  1. (2016) «Atomic weights of the elements 2013 (IUPAC Technical Report)». Pure and Applied Chemistry 88 (3): 265–91. doi:10.1515/pac-2015-0305.
  2. Gokcen, N. A (1989). «The As (arsenic) system». Bull. Alloy Phase Diagrams 10: 11–22. doi:10.1007/BF02882166.
  3. (2004) «Stabilized Arsenic(I) Iodide: A Ready Source of Arsenic Iodide Fragments and a Useful Reagent for the Generation of Clusters». Inorganic Chemistry 43 (19): 5981–6. doi:10.1021/ic049281s. PMID 15360247.
  4. Cverna, Fran (2002). ASM Ready Reference: Thermal properties of metals. ASM International. pp. 8–. ISBN 978-0-87170-768-0.  pdf.
  5. Lide, David R., ed. (2000). "Magnetic susceptibility of the elements and inorganic compounds". Handbook of Chemistry and Physics (PDF) (81 ed.). CRC press. ISBN 0849304814. 
  6. Weast, Robert (1984). CRC, Handbook of Chemistry and Physics. Boca Raton, Florida: Chemical Rubber Company Publishing. pp. E110. ISBN 0-8493-0464-4.