Антипирен
Зоҳир
Антипирен (аз юн. anti- — ва юн. руr — оташ) — модда ё омехтае, ки чӯб, матоъ ва маводи дигари органикиро аз оташ гирифтан ҳифз менамояд.
Антипирен дар ҳарорати паст гудохта шуда, пардаи муҳофиза пайдо мекунад, ки он роҳи ҷараёни оксигенро ба даруни мавод мебандад. Ҳангоми гарм шудан антипирен вайрон шуда, газҳои инертӣ ё буғ хориҷ мекунад ва ба афрӯзиши минбаъдаи газҳои аз мавод ҷудошуда монеъ мегардад. Антипиренҳои маъмул инҳоанд: Al (OH)3, пайвастҳои танакор, фосфатҳои аммоний (диаммонийфосфат, моноаммонийфосфат, омехтаи моно- ва диаммонийфосфат), сулфати аммоний.
Эзоҳ
[вироиш | вироиши манбаъ]Адабиёт
[вироиш | вироиши манбаъ]- Антипирен // А — Асос. — Д. : СИЭМТ, 2011. — (Энсиклопедияи Миллии Тоҷик : [тахм. 25 ҷ.] / сармуҳаррир А. Қурбонов ; 2011—2023, ҷ. 1). — ISBN 978-99947-33-45-3.