Ананас
Ананас | ||||||||||||||||
---|---|---|---|---|---|---|---|---|---|---|---|---|---|---|---|---|
Табақабандии илмӣ | ||||||||||||||||
ХАТО: шаблони орояшинохтӣ нест, который должен описывать систематическое положение таксона Ananas.
|
||||||||||||||||
Номи байнулмилалии илмӣ | ||||||||||||||||
Ananas comosus (L.) Merr., 1917 | ||||||||||||||||
|
Анана́с (лот. Ananas comosus) — як навъ рустании тропикӣ. Оид ба ананас бори аввал соли 1533 олими испанӣ Сейса де Леона маълумот додааст.
Тавсифоти гиёҳшиносӣ
[вироиш | вироиши манбаъ]Ананас то 60 см қад мекашад. Баргаш серхор, ғафс, дандонадор (дарозиаш то 80 см). Мевааш чалғӯзашакл, бетухм, калон (2—16 кг), хушбӯй, хушҳазм, туршмаза; рангаш ҷигарии зардтоб, як қабза баргакҳои хурд дорад. Таркиби меваи ананас аз 81,1 % об, 4,5 % қанд, 6,9 % сахароза, 0,52 % ҷавҳар иборат аст.
Хосияти шифоӣ
[вироиш | вироиши манбаъ]Самари норасидаи он лабу даҳонро сӯзонда, одамро дарунрав мекунад; истеъмоли аз меъёр зиёдаш луобпардаи даҳонро озурда месозад. Ананасро тару тоза ва консервонида истеъмол менамоянд, мураббо ва ширинӣ мепазанд. Ананас дар Таиланд, ҷаз-ҳои Филиппин, Бразилия, Коста-Рика парвариш меёбад. Аз барги он нах ҳосил мекунанд.
Хусусиятҳои терапевтӣ
[вироиш | вироиши манбаъ]Онҳо инро на барои маҷмӯи стандартии моддаҳои муфид, ки метавонанд дар ҳама гуна меваҳои дигар пайдо шаванд, балки барои ферментҳои муайяни бромелин, ки асосан дар таркиби мева мавҷуданд, қадр мекунанд. Ҳатто ривоятҳо мавҷуданд, ки ин фермент равғанҳоро вайрон мекунад, аз ин рӯ ананас барои гум кардани вазн меваи №1 номида мешавад.[1]
Эзоҳ
[вироиш | вироиши манбаъ]Сарчашма
[вироиш | вироиши манбаъ]- Ананас // А — Асос. — Д. : СИЭМТ, 2011. — (Энсиклопедияи Миллии Тоҷик : [тахм. 25 ҷ.] / сармуҳаррир А. Қурбонов ; 2011—2023, ҷ. 1). — ISBN 978-99947-33-45-3.