Jump to content

Шутурхор

Мавод аз Википедиа — донишномаи озод
Нусхаи вироиш аз 05:08, 27 Январ 2023 тавассути VASHGIRD (баҳс | ҳисса) (top: ислоҳи ҷузъӣ using AWB)
(фарқият) ←Нусхаи кӯҳнатар | Намоиши нусхаи феълӣ (фарқият) | Нусхаи навтарин→ (фарқият)
Шутурхор
Табақабандии илмӣ
Номи байнулмилалии илмӣ
Alhagi Gagnebin

Шутурхор, янтоқ, ё ҷантоқ (лот. Alhági) — гиёҳест майдабарги хордор, ки бештар дар биёбонҳо мерӯяд[1].

Хосияти шифоӣ

[вироиш | вироиши манбаъ]

Дар хусуси мизоҷи ин қавлҳо гуногун мебошанд. Баъзе гарм ва хушк ва баъзеи дигарҳо сард ва хушк донистаанд. Хислатҳои шифобахши он: ин хусусиятҳои гардонандагии варамҳо, кушояндагии гиреҳҳо ва поккунандагӣ дорад, бар зидди заҳрҳо тарёқ мебошад. Агар инро бихӯранд ё гузошта банданд ва ё онро сӯхта ба дудаш бидоранд, бавосирро дафъ мекунад.

Оби гиёҳи тарашро ситонида ба чашм бимоланд, гули тунуки чашмро дур месозад. Се қатра оби холиси онро ҳангоми дили наҳор будан дар бинӣ чаконанд ва баъд аз як соат равғани бунафшаро аз болои он дар бинӣ бикашанд, дарди сари кӯҳнаро дафъ мекунад. Аз янтоқ равған ҳам тартиб медиҳанд, ки ин тавр аст. Оби барги тари онро дар зарфе андохта, аз болояш баробари оби барг равғани зайтун андохта, бо оташи мулоим меҷӯшонанд, то он ки об батамом бухор шаваду равған бимонад. Ин равғани янтоқ ҳисоб меёбад.

Ин равғанро бихӯранд ё бимоланд, барои дардҳои буғумҳо ва ҳамаи иллатҳои аз сардӣ ба амал омада дармон мешавад. Гулашро кӯфта, гузошта банданд, бавосирро хушк мекунад.

  1. янтоқ - это... Что такое янтоқ?(рус.), Словари и энциклопедии на Академике. Проверено 3 июли 2017.