Jump to content

Моҳвораи Ҳилоли Аҳмари Тоҷикистон: Тафовут байни таҳрирҳо

Мавод аз Википедиа — донишномаи озод
Content deleted Content added
Мақолаи мазкур дар бораи Моҳвораи Ҳилоли Аҳмари Тоҷикистон мебошад.
(бе тафовут)

Нусха 20:10, 22 Декабри 2023

Моҳвораи Ҳилоли Аҳмари Тоҷикистон
Акс:Logo RCST.jpg
Таҷлил Моҳи май, ҳамасола
Аз 01.05
То 31.05
Ҷашнгирӣ Тибқи Қарори Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон № 504 аз 7.10.2011
Марбут ба Ҷамъияти Ҳилоли Аҳмари Тоҷикистон

Моҳвораи Ҳилоли Аҳмари Тоҷикистон - аз соли 2011 инҷониб, ҳамасола давоми моҳи май Моҳвораи Ҳилоли Аҳмари Тоҷикистон бо чорабиниҳои гуногуни фарҳангиву фароғатӣ, варзишӣ, озмунҳо ва иқдомҳои хайриявию эҳсонкорӣ дар саросари кишвар барпо мегардад.

Дар бораи моҳвора

Мутобиқи Қарори Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон № 504 аз 7.10.2011 «Оид ба тартиб, шарт ва мӯҳлати гузаронидани моҳвораи Ҳилоли Аҳмар» моҳи май моҳвораи Ҳилоли Аҳмар эълон гардидааст.[1] Ҳар сол моҳи май Моҳвораи Ҳилоли Аҳмари Тоҷикистон дар саросари ҷумҳурӣ, бо роҳандозии чорабиниҳои гуногуни хайриявӣ, фарҳангиву фароғатӣ, варзишӣ, озмунҳо ва иқдомҳои эҳсонкорӣ, косертҳои хайриявӣ ва ғайра гузаронида мешавад.

Дар Ҷумҳурии Тоҷикистон  ҳар сол аз ҷониби Ҷамъияти Ҳилоли Аҳмари Тоҷикистон моҳвораи Ҳилоли Аҳмар гузаронида мешавад, ки ба паҳн кардани ақидаҳои Ҳаракати Байналмилалии Салиби Сурх ва Ҳилоли Аҳмар ва ҷалб кардани таваҷҷӯҳ ба барномаҳои фаъолияти Ҷамъияти мазкур равона шудааст. Мӯҳлат, тартиб ва шартҳои гузаронидани моҳвораи Ҳилоли Аҳмар аз ҷониби Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон муайян карда шудааст. [2]

ҶҲАТ дар асоси барномаи гузаронидани моҳвораи Ҳилоли  Аҳмар, ки аз ҷониби Ҷамъияти Ҳилоли Аҳмари Тоҷикистон ва мақомоти  давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон тасдиқ шудааст, барои гузаронидани чорабиниҳо дар доираи моҳвораи  Ҳилоли Аҳмар, аз майдонҳои варзишӣ, боғ ва дигар иншооти фарҳангӣ - иҷтимоӣ  истифода карда метавонад. [3]

Дар бораи Ҷамъият

Ҷамъияти Ҳилоли Аҳмари Тоҷикистон қисми таркибии Ҳаракати байналмилалии Салиби Сурх ва Ҳилоли Аҳмар, узви Федератсияи Байналмилалии Ҷамъиятҳои Салиби Сурх ва Ҳилоли Аҳмар, иттиҳодияи ҷамъиятии ихтиёрӣ, ташкилоти худидораи ғайритиҷоратӣ буда, ба ташаббуси шаҳрвандон, дар асоси умумияти манфиатҳо барои муштаракона ба ҷо овардани вазифаҳои амалӣ гардонидани ғояҳои башардўстона ва ғамхорӣ кардан дар ҳаққи мардум бо роҳи таъмини ҳифзи иҷтимоии шаҳрвандон, ҳамчунин дастгирии фаъолияти башардўстонаи мақомоти давлатӣ ва мақомоти худидоракунии шаҳрак ва деҳот созмон дода шудааст.

Ҷамъияти Ҳилоли Аҳмари Тоҷикистон дар ҳудуди Ҷумҳурии Тоҷикистон ягона ташкилоти миллии Ҳилоли Аҳмар эътироф шуда, фаъолияти худро дар тамоми қаламрави Ҷумҳурии Тоҷикистон амалӣ мегардонад. Номҳои «Ҷамъияти Ҳилоли Аҳмари Тоҷикистон» ва «Ҳилоли Аҳмари Тоҷикистон» ба Ҷамъияти Ҳилоли Аҳмари  Тоҷикистон тааллуқ дошта, ҳаммаъно мебошанд.

Ҷамъияти Ҳилоли Аҳмари Тоҷикистон, ки аз тарафи Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ҳамчун ҷамъияти ихтиёрӣ эътироф гардидааст, мутобиқи Конвенсияҳои Женева аз 12 августи соли 1949 дар бораи беҳбудӣ бахшидан ба сарнавишти маҷрўҳон ва беморон дар артишҳои амалкунанда, дар бораи беҳбудӣ бахшидан ба сарнавишти маҷрўҳон, беморон ва киштишикастагон аз ҳайати нерўҳои мусаллаҳ дар баҳр, дар бораи муносибат бо асирони ҳарбӣ, дар бораи ҳимояи аҳолии мулкӣ дар замони ҷанг (минбаъд — Конвенсияҳои Женева (с.1949), Протоколи иловагӣ ба Конвенсияҳои Женева аз 12 августи соли 1949 оид ба ҳимояи қурбониҳои низоъҳои мусаллаҳонаи байналмилалӣ, Протоколи иловагӣ ба Конвенсияҳои Женева аз 12 августи соли 1949 оид ба ҳимояи қурбониҳои низоъҳои мусаллаҳонаи дохилӣ (ғайрибайналмилалӣ), (минбаъд- Протоколҳои иловагӣ (с.1977) ба мақомоти давлатӣ дар фаъолияти башардўстона мусоидат менамояд. [2]

  1. Рустамбек Аҳмадзода. Маълумотҳо вобаста ба Ҷамъияти Ҳилоли Аҳмари Тоҷикистон (14.06.2022).
  2. 2.0 2.1 МММОҶТ. Қонуни ҶТ «Дар бораи ҷамъияти Ҳилоли Аҳмари Тоҷикистон». https://majmilli.tj/ (16.04.2017).
  3. ММК ҶТ. ҚОНУНИ ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН ДАР БОРАИ ҶАМЪИЯТИ ҲИЛОЛИ АҲМАРИ ТОҶИКИСТОН. https://mmk.tj/ (10.02.2020).