ДАЪВАТИ БАҲОРӢ. Ҷавонони шуҷои шаҳру ноҳияҳои Суғд ба хизмати ҳарбӣ гусел карда шуданд

Апрель 9, 2025 14:04

ДУШАНБЕ, 09.04.2025. /АМИТ «Ховар»/. Ҷавонони шуҷою далери  шаҳру ноҳияҳои вилояти Суғд ба сафи Қувваҳои Мусаллаҳи Ҷумҳурии Тоҷикистон гуселонида шуданд. Дар ин хусус ба АМИТ «Ховар» аз хадамоти матбуоти Раиси вилояти Суғд иттилоъ доданд.

Ҳимояи Ватан, манфиатҳои давлат, таҳкими Истиқлоли давлатӣ ва тақвияти иқтидори мудофиавӣ вазифаи муқаддаси ҳар шаҳрванд маҳсуб мешавад. Хизмати ҳарбӣ на танҳо қарзи фарзандӣ, балки мактаби мардонагӣ ва ватандӯстӣ барои ҳар ҷавонмарди баору номус мебошад.

Дар шароити имрӯза бо талошҳои пайвастаи Ҳукумати мамлакат ва Вазорати мудофиаи Тоҷикистон барои сарбозон шароити мусоиди хизматӣ ва маишӣ фароҳам оварда шудааст.

Иттилоъ дода шуд, ки дар рӯзи нахустини даъвати баҳорӣ ноҳияи Кӯҳистони Мастчоҳ ва якчанд ҷамоати шаҳру ноҳияҳо нақшаи даъватро сарбаландона иҷро намуданд.

Ёдовар мешавем, ки 29 январи соли 2021 дар заминаи меъёрҳои қонуни амалкунанда Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи уҳдадории ҳарбӣ ва хизмати ҳарбӣ» дар тарҳи нав қабул карда шуд, ки он аз 10 боб ва 62 модда иборат мебошад.

Хизмати ҳарбӣ барои ҷавонписарони аз 18 то 27-сола, ки муассисаҳои миёнаи умумӣ ва миёнаи касбиро хатм намудаанд, 24 моҳ муқаррар карда шудааст. Тибқи талаботи қонун, шаҳрвандоне, ки донишгоҳу донишкадаҳоро бо кафедраҳои ҳарбӣ хатм менамоянд, танҳо баъди 12 моҳи хизмати ҳарбӣ ба онҳо рутбаи аввалини афсарӣ дода мешавад. Зеро онҳо дар кафедраҳои ҳарбӣ ихтисосҳои гуногунро ба таври назариявӣ аз бар карда, ҳамчун мутахассис ба сафи артиш дохил мешаванд. Ҳамзамон дарсҳои назариявиро ба таври амалӣ тақвият бахшида, баъди як соли хизмат сазовори рутбаи аввалини афсарӣ, яъне лейтенанти хурд мегарданд.

АКС: Хадамоти матбуоти Раиси вилояти Суғд

Апрель 9, 2025 14:04

Хабарҳои дигари ин бахш

Имрӯз дар шаҳри Душанбе ҳаво то 32 дараҷа гарм мешавад
СОЛҲОИ РУШДИ ИҚТИСОДИ РАҚАМӢ ВА ИННОВАТСИЯ. Татбиқи инноватсия дар фаъолияти китобдорӣ муҳим аст
Дар Бадахшон даври вилоятии Озмуни ҷумҳуриявии «Илм- фурӯғи маърифат» ҷамъбаст гардид
Имрӯз дар доманакӯҳҳои Тоҷикистон ҳаво то 30 дараҷа гарм мешавад
ТАҚВИМИ АМИТ «ХОВАР»: имрӯз 20 сентябр, шанбе, 263-юмин рӯзи соли 2025 аст
Ҳамкории мақомоти ноҳияи Шаҳринав ва Сафорати Ҷопон дар самти рушди соҳаи маориф тақвият меёбад
Имрӯз дар шаҳри Душанбе ҳаво то 29 дараҷа гарм мешавад
Интернети хонагӣ бештар дастрас гардид
Имрӯз дар баъзе ноҳияҳои Тоҷикистон борони кӯтоҳмуддат меборад
ИМА барои дастгирии аҳолии Тоҷикистон 75 тонна ғизои ғанигардонида кумак расонид
Сокинони Рашт ба густариш бахшидани худшиносию худогоҳии миллӣ ва ватандӯстӣ даъват карда шуданд
«Биё! Бисоз 2.0»: тарофаи шумо — қоидаҳои шумо