Бехуди Истаравшанӣ
Зоҳир
Маҳалли даргузашт: | номаълум |
---|---|
Навъи фаъолият: | шоир |
Забони осор: | тоҷикӣ |
Бехуди Истаравшанӣ (форсӣ: بیخود استروشنی ) (с. тав. ва ваф. номаълум) — шоири тоҷик (асри XVI).
Зиндагинома
[вироиш | вироиши манбаъ]Дар Истаравшан зиндагӣ ва эҷод кардааст. Аз ашъори дар баёзҳову тазкираҳо боқимондааш бармеояд, ки ӯ ба мавзӯъҳои ишқӣ, тарғиби дӯстӣ ва рафоқат, шикоят аз беадолатиҳои замона ва ғ. даст задааст. Абёти зерин аз ӯст:
- Ба худ ҳар дам ба ёди зулфи анбарфом мепечам,
- Насими субҳи иқболам ба фикри дом мепечам.
- Намедонам ба хотир гардиши чашми кӣ меояд,
- Ки сар то по ба худ чун ҳалқаҳои дом мепечам.
Эзоҳ
[вироиш | вироиши манбаъ]Адабиёт
[вироиш | вироиши манбаъ]- Бехуди Истаравшанӣ // Асос — Боз. — Д. : СИЭМТ, 2013. — (Энсиклопедияи Миллии Тоҷик : [тахм. 25 ҷ.] / сармуҳаррир Н. Амиршоҳӣ ; 2011—2023, ҷ. 2). — ISBN 978-99947-33-52-4.