Jump to content

Берлин

Мавод аз Википедиа — донишномаи озод
Шаҳр
Берлин
Berlin
Баракси гардиши ақрабаки соат, шурӯъ аз кунҷи болоии рост: Манораи телевизионии Берлин, Калисои ҷомеи Берлин, Шарлоттенбург, Дарвозаи Бранденбург, Рейхстаг, Нигористони қадимаи миллӣ
Баракси гардиши ақрабаки соат, шурӯъ аз кунҷи болоии рост: Манораи телевизионии Берлин, Калисои ҷомеи Берлин, Шарлоттенбург, Дарвозаи Бранденбург, Рейхстаг, Нигористони қадимаи миллӣ
Парчам Нишон
Парчам Нишон
Кишвар Олмон
Замин Берлин
Роҳбар Kai Wegner[d]
Таърих ва ҷуғрофиё
Таъсис 1237
Аввалин номбарӣ 1237 ва 1244
Масоҳат 4.115 км²
Высота НУМ 34 ± 1 м
Навъи иқлим мӯътадил
Минтақаи замонӣ UTC+2:00, летом UTC+3:00
Аҳолӣ
Аҳолӣ 3.669.491 тан (31.12.2019)
Зичӣ 4.115 тан/км²
Агломератсия 6 177 535
Миллият олмониҳо — 89 %,
миллатҳои дигар — 11 % (2011)[1]
Номи қавмӣ берлиниҳо, берлинӣ
Забони расмӣ олмонӣ
Шиносаҳои ададӣ
Пешшумораи телефон +49 30
Нишонаи почта 10115–14199
Коди мошин B[2]

berlin.de
 Парвандаҳо дар Викианбор

Берли́н (олмонӣ: Berlin [bɛɐ̯ˈliːn], талаффуз ) — пойтахт ва яке аз шаҳрҳои калонтарини Олмон.

Дар андароби дарёҳои Шпре ва Хафел воқеъ буда, ба воситаи наҳрҳои киштигард бо Баҳри Шимолӣ ва Баҳри Балтика мепайвандад. Аҳолиаш 3479740 нафар (2011), асосан олмониҳо (86%) ва миллатҳои гуногун (14%; полякҳо, туркҳо ва русҳо). Масоҳ. 891,85 км2. Зичии аҳолӣ 3848 нафар/км2. Маркази бузургтарини нақлиётӣ; яке аз марказҳои асосии нақлиётии Аврупо, роҳи оҳани миллӣ (15 хатти сайр) ва роҳҳои худрав, бандари муҳимми дарёии мамлакат. Дорои ду фурӯдгоҳи байналмилалӣ (Тегел, Шёнефелд) аст.

Берлин дар садаи XIII аз ду маҳалла ба вуҷуд омада, соли 1307 ба шаҳр табдил ёфтааст. Соли 1486 пойтахти Бранденбург, дертар Пруссия. Дар ҷанги сездаҳсолаи 1618–48 хароб гардид. Дар нимаи дуюми садаи XVII ва нимаи аввали садаи XVIII аз нав бунёд карда шуд. Ҳангоми ҷанги ҳафтсола (1756–63) аз тарафи сипоҳиёни русу утришӣ соли 1760 ишғол карда шуд. Дар аввали садаи XIX ҳангоми ҷанги Наполеон аз тарафи лашкариёни фаронсавӣ тасарруф гардида, соли 1833 аз нав ба дасти сипоҳиёни рус баргашт. Солҳои 1848–49 Берлин ба яке аз марказҳои асосии инқилоби Олмон табдил ёфт. Соли 1871, баъди муттаҳидшавии давлатҳои Олмон бо империяи он, Берлин пойтахти империяи Олмон гардид. Дар ибт. садаи XX ба маркази бузургтарини саноатӣ, молиявӣ ва тиҷоратии Олмон мубаддал гашт. Дар давраи инқилоби ноябрии соли 1918 ҷумҳурӣ эълон карда шуд. Солҳои 1933–45 пойтахти «рейхи сеюм»-и фашистон буд.

Рейхстаг 1945

2 майи 1945 Берлин аз тарафи сипоҳиёни шӯравӣ пурра ишғол карда шуд. 8 майи 1945 дар Берлин Созишномаи таслими бечунучарои Қувваҳои мусаллаҳи Олмон ба имзо расид. Мувофиқи ин созишномаи байни ширкатдорони иттиҳоди зиддигитлерӣ – ИҶШС, ИМА, Британияи Кабир ва Фаронса Берлин ба 4 бахш тақсим шуд. Майи 1949 дар се бахши қисми ғарбии Берлин низоми ишғолии ҳокимияти ғарбӣ ҷорӣ гардид. Дар қисми шарқии Берлин, ки сипоҳиёни шӯравӣ қарор доштанд, бо ихтиёри худи меҳнаткашон 1.10.1949 ҶДО эълон шуд ва Берлин мувофиқи сарқонун пойтахти он таъйин гашт. Шаҳр ба ду қисм ҷудо шуд: Берлини Демократӣ (пойтахти ҶДО) ва Берлини Ғарбӣ (пойтахти ҶФГ). Соли 1961 байни Берлини Ғарбӣ ва Берлини Шарқӣ силсилаи иншооти масдудкунанда (Девори "оҳанин"-и Берлин) бунёд гардида, бо қарори ҳукумати ҶДО ва роҳбарияти шӯравӣ равуои бемамониати байни шаҳрвандони ҶДО ва ҶФО манъ карда шуд. Соли 1990 баъди якҷоя гаштани Олмон ин девор аз байн бардошта шуд. Дастгоҳи Президенти Олмон соли 1994 аз Бонн ба Берлин кӯчид.

Сол Шумора
1250 1 200
1307 7 000
1400 8 500
1450 7 000
1576 12 000
1600 9 000
1631 8 100
1640 7 500
1648 6 000
1680 10 000
1685 17 000
Сол Шумора
1688 19 000 ± 0
1750 113 289
1775 136 137
1800 172 132
1801 172 988
1825 219 968
1852 401 972
1900 1 888 848
1910 2 071 257
1920 3 879 409
1930 4 332 834
Сол Шумора
1940 4 330 810
1950 3 336 026
1960 3 274 016
1970 3 208 719
1980 3 048 759
1990 3 433 695
2000 3 382 169
2011 3 326 002 [3]
2012 3 375 222
2015 3 490 105 [4]
2014 3 469 849 [5]
Сол Шумора
2016 3 574 830 [6]
2017 3 611 222 [7]
2017 3 613 495 [8]
2018 3 644 826 [9][10]
2019 3 644 826 [11]
2021 3 664 088 [11]
2021 3 677 472 [12]
2022 3 677 472 [13]
2022 3 755 251 [14]

Имрӯз Берлин яке аз марказҳои муҳими саноатӣ ва илмию фарҳангии Олмон ба ҳисоб меравад. Дар соҳаи саноати Берлин 900 корхонаҳои хурду бузург фаъолият доранд. Дар баробари соҳаҳои анъанавӣ (мошинсозӣ, электротехника, кимиё, дорусозӣ ва табъу нашр), инчунин соҳаи навтарини истеҳсолот, телекоммуникатсия, таҷҳизоти тиббӣ, биотехнология ва ВАО ривоҷ ёфтааст. Зиёда аз 30 ширкатҳои бонуфузи ҷаҳонии Олмон, ки бо тамғаи DАХ истеҳсол мекунанд, дар Берлин қароргоҳи худро доранд. Аз ҷумла «Сименс», «Телеком», «Шинулер», «Даймлер-Крайслер», «БМВ» ва ғ. Берлин маркази фаъолияти табъу нашр буда, зиёда аз 500 ширкати ин соҳа, 80 агентии тарғиботи рекламавӣ, 30 пойгоҳи радиоӣ, 12 ширкати филмсозӣ дар он фаъолият доранд. Дар соҳаи технологияи рақамӣ Берлин ба савияи баландтарин дар ҷаҳон ноил гардидааст. Нақлиёти асосии шаҳрӣ метрополитен ва роҳи оҳани байнишаҳрӣ буда, мувофиқан 180,1 ва 327,4 км тӯл кашидааст.

Ёдгориҳои меъморӣ

[вироиш | вироиши манбаъ]

Ёдгориҳои меъмории қадими Берлин: Калисои готикии Николай (1230–1470), Қасри Белвю (1785, ҳоло Қароргоҳи Президент), дарвозаи Бранденбург (рамзи Берлин, 1788–91), як қатор биноҳои охири садаи 19: сутуни Ғалаба (1872–73), Рейхстаг (1884–94).

Маорифу фарҳанг

[вироиш | вироиши манбаъ]

Дар Берлин зиёда аз 20 мактаби олӣ, аз ҷумла 4 донишгоҳ, институтҳои санъат, маҳорати актёрӣ, мусиқӣ, Институти кино ва телевизиони ба номи К. Волф, Мактаби олии католикии Берлин, Мактаби олии техникии Берлин ва ғ. фаъолият доранд. Дар Берлин 250 муассисаи таҳқиқоти илмии давлатӣ ва хусусӣ, 131 китобхона, осорхонаҳои давлатӣ: Осорхонаи таърихи халқи Олмон, осорхонаи кишваршиносӣ, осорхонаи Боде (1903), осорхонаи созҳои мусиқӣ, осорхонаи санъати амалӣ, нигористони миллӣ, 4 расадхона мавҷуд аст. Берлин ҳоло маркази бузурги сайёҳии фарҳангӣ-маърифатӣ ва намоишгоҳҳои байналхалқӣ аст.

  1. Berlin. Regionaldatenbank Deutschland. 4 май 2018 санҷида шуд.(пайванди дастнорас)
  2. http://www.europeanplates.com/information/german-city-codes.html
  3. https://www.statistik-berlin-brandenburg.de/Publikationen/OTab/2014/OT_A01-10-00_124_201311_BE.pdf
  4. http://www.statistik-berlin-brandenburg.de/publikationen/stat_berichte/2016/SB_A01-07-00_2015m12_BE.pdf
  5. https://www.statistik-berlin-brandenburg.de/publikationen/otab/2015/OT_A01-14-00_124_201412_BBB.pdf
  6. https://www.destatis.de/DE/ZahlenFakten/LaenderRegionen/Regionales/Gemeindeverzeichnis/Administrativ/Aktuell/05Staedte.html
  7. https://www.statistik-berlin-brandenburg.de/
  8. Alle politisch selbständigen Gemeinden mit ausgewählten Merkmalen am 31.12.2018 (4. Quartal)Federal Statistical Office.
  9. https://www.destatis.de/DE/ZahlenFakten/LaenderRegionen/Regionales/Gemeindeverzeichnis/Administrativ/Archiv/GVAuszugQ/AuszugGV4QAktuell.html
  10. https://www.destatis.de/DE/Themen/Laender-Regionen/Regionales/Gemeindeverzeichnis/Administrativ/04-kreise.html
  11. 11.0 11.1 https://www.statistikportal.de/de/produkte/gemeindeverzeichnisFederal Statistical Office.
  12. https://www.destatis.de/DE/Themen/Laender-Regionen/Regionales/Gemeindeverzeichnis/Administrativ/Archiv/GVAuszugQ/AuszugGV4QAktuell.html (нем.)DESTATIS, 2023.
  13. https://www.statistikportal.de/de/gemeindeverzeichnisFederal Statistical Office.
  14. Alle politisch selbständigen Gemeinden mit ausgewählten Merkmalen am 31.12.2022 (нем.)DESTATIS, 2023.