Ҷиорҷио Вазари
итол. Giorgio Vasari | |
Ном ҳангоми таваллуд | англ. Giorgio II Vasari |
Таърихи таваллуд | 30 июл 1511[1][2][3][…] |
Зодгоҳ | |
Таърихи даргузашт | 27 июн 1574[2][3][4] (62 сол) |
Маҳалли даргузашт | |
Кишвар | |
Пеша | рассом, меъмор, ҳунаршинос, нависанда, зиндагиноманавис, art theorist, aesthetician, architectural draftsperson, visual artist |
Падар | Antonio Vasari[d] |
Модар | Maddalena Tacci[d] |
Ҳамсар | Niccolosa Bacci[d] |
Ҷоизаҳо | |
Парвандаҳо дар Викианбор |
Ҷиорҷио Вазари (Vazari) (30.7.1512, Арессо, Итолиё – 27.61574, Валенсия, Итолиё) — мусаввир, меъмор, нависанда ва муваррихи итолиёӣ, аз пешоҳангони манеризм.
Зиндагинома
[вироиш | вироиши манбаъ]Дар наврасӣ дар назди Гилом де Марсил – наққоши витражҳои (нигар Витраж) калисои Арессо ба рассомӣ ошно шуд. Баъдан (1524) дар Флоренсия наққоширо назди Андрея дел Сарто, Микеланҷело ва Баччо Бандели омӯхта, ҳамчун наққоши пайрави сабки Микеланҷело ба камол расид. Соли 1562 дар Флоренсия Академияи рассомиро бунёд кард. Наққошиҳои В. маъмулан сарду беранг ва яъсомезанд, ҳарчанд ки ӯ рассоми хуб буд. «Дафни Масеҳ» (1532) нахустин мусаввараи ӯст, ки то замони мо маҳфуз мондааст. В., дар ҳоле ки аз ёрии чандин рассоми ҷавон баҳра мебурд, хеле зудкор буд. Комёбиҳои В. дар меъморӣ устувор набуданд; ӯ дар ороишу пардоз истеъдод дошт, аммо дар меъмориҳои муҳташам ба нокомиҳо дучор шуд. Чандин бинои сохтааш номуваффақ буданд. Аммо биноҳо барои папа Юлийи III дар Рум ва Уффитса дар Флоренсия, ки сохтмони онҳоро шурӯъ карда буд, аз истеъдоди меъмории ӯ шаҳодат медиҳанд. Муҳимтарин асари меъмории ӯ кохи Уффитсаи Флоренсия аст, ки ҳоло осорхонаи ҳунарӣ мебошад. Деворнигораҳои кохи Палассо Векко дар Флоренсия ва наққошиҳои хонааш дар Арессо (1547; ҳоло осорхонаи ӯст) низ таваҷҷуҳбарангезанд. Ҳамчунин кохҳо ва калисоҳоро дар Гиза ва Арессо тарроҳӣ кардааст. В. асосан бо асараш «Зиндагиномаи маъруфтарин наққошон, муҷассамасозон ва меъморон» (1550–1568) машҳур шуд. Ин китоб манбаи иттилоотии арзишманде аз ҳунармандони давраи Эҳёи Итолиё (асрҳои 13–16) мебошад. В. бори нахуст калимаи «rinascita» («эҳё»)-ро аз ҷиҳати забоншиносӣ исбот кард, ки он минбаъд дар таърихи ҷаҳон номи давраи нав (Эҳё) гардид.
Адабиёт
[вироиш | вироиши манбаъ]- Энциклопедический словарь Брокгауза и Ефрона. Т. 6, С.-Петербург, 1891;
- Новая российская энциклопедия. Т. III (2). М., 2007;
- دائرة المعارف هنر. چاپ ۱۱. تهران،.١٣۹٠ هـ. ش. دانشنامۀ دانشگستر. جلد ۱۷. تهران، ۱۳۸۹ هـ. ش؛ دائرة المعارف فارسی. جلد ۲. تهران، ۱۳۸۷ هـ. ش
Сарчашма
[вироиш | вироиши манбаъ]- Вазари // Боз — Вичкут. — Д. : СИЭМТ, 2014. — (Энсиклопедияи Миллии Тоҷик : [тахм. 25 ҷ.] / сармуҳаррир Н. Амиршоҳӣ ; 2011—2023, ҷ. 3). — ISBN 978-99947-33-46-0.
Эзоҳ
[вироиш | вироиши манбаъ]- ↑ Pittaluga M., autori vari Enciclopedia Treccani (итол.) — Istituto dell'Enciclopedia Italiana, 1937.
- ↑ 2.0 2.1 Bibliothèque nationale de France идентификатор BNF (фр.): платформаи додаҳои боз — 2011.
- ↑ 3.0 3.1 BeWeB
- ↑ 4.0 4.1 4.2 RKDartists (нидерл.)
- ↑ https://www.kulturarv.dk/kid/VisKunstner.do?kunstnerId=3637 (дат.)
- ↑ 6.0 6.1 Вазари Джорджо // Большая советская энциклопедия (рус.): [в 30 т.] / под ред. А. М. Прохорова — 3-е изд. — М.: Советская энциклопедия, 1969.