Беринг (гулӯгоҳ)
Зоҳир
Беринг (англ. Bering Strait, чук. Эʼрвытгыр) — гулӯгоҳи байни қораҳои Осиё ва Амрикои Шимолӣ, ки Уқёнуси Яхбастаи Шимолӣ (Баҳри Чукот)- ро бо Уқёнуси Ором (Баҳри Беринг) мепайвандад.
Дарозиаш 96 км, бари миёнааш 134 км (кӯтоҳаш 86 км), умқи қисми киштигардаш 36-60 м. Дар ҷаз-ҳои Диомида ба 3 гузаргоҳ ҷудо мешавад. Моҳҳои окт.-авг. яхпӯш аст. Аз байни ҷаз-ҳои Диомида сарҳадди Россия ва ИМА мегузарад. Дар давраи антропоген дар ҷойи ҳозираи гул. Б. якчанд маротиба хушкӣ ба вуҷуд омадааст. Аз гул. Б. аввалин бор соли 1648 С. И. Дежнёв ва Ф. А. Попов, соли 1728 экспедитсия бо роҳбарии В. И. Беринг, ки гулӯгоҳ ба шарафи ӯ номида шудааст, гузаштаанд.
Эзоҳ
[вироиш | вироиши манбаъ]Сарчашма
[вироиш | вироиши манбаъ]- Беринг // Асос — Боз. — Д. : СИЭМТ, 2013. — (Энсиклопедияи Миллии Тоҷик : [тахм. 25 ҷ.] / сармуҳаррир Н. Амиршоҳӣ ; 2011—2023, ҷ. 2). — ISBN 978-99947-33-52-4.