Jump to content

Амир Ҳумоюни Самарқандӣ

Мавод аз Википедиа — донишномаи озод
Нусхаи вироиш аз 08:40, 15 июни 2024 тавассути VASHGIRD (баҳс | ҳисса) (иловаи Гурӯҳ:Шоирони асри XVI бо ёрии HotCat)
(фарқият) ←Нусхаи кӯҳнатар | Намоиши нусхаи феълӣ (фарқият) | Нусхаи навтарин→ (фарқият)
Амир Ҳумоюни Самарқандӣ
Навъи фаъолият: шоир

Амир Ҳумоюни Самарқандӣ (қарни XVI) — шоири форс тоҷик.

Зиндагинома

[вироиш | вироиши манбаъ]

Мувофиқи маълумоти Хоҷа Ҳасани Нисорӣ «Музаккир-ул-аҳбоб» Амир Ҳумоюни Самарқандӣ яке аз шоирони машҳури давр будааст. Аз осори боқимондаи ӯ, дар тазкираҳову баёзҳо бармеояд, ки ба забони равону сода, самимию риндона эҷод мекардааст. Абёти зерин намунае аз шеъри ӯянд:

Дӯш дастор гарав аз пайи саҳбо кардам,
Доштам дарди саре, аз сари худ во кардам.
Соф аз нақши ҷаҳон то шавад ойинаи дил,
Талаб аз майкадаҳо ҷоми мусаффо кардам.
Номи занҷири ҷунун кам шуда буд аз олам,
Дар раҳи ишқ ман ин силсила барпо кардам.