Jump to content

Шоҳхалил Бенаво

Мавод аз Википедиа — донишномаи озод
Нусхаи вироиш аз 13:57, 21 май 2024 тавассути VASHGIRD (баҳс | ҳисса)
(фарқият) ←Нусхаи кӯҳнатар | Намоиши нусхаи феълӣ (фарқият) | Нусхаи навтарин→ (фарқият)
Бенаво
Шоҳхалил ибни Иброҳими Бадахшонӣ
Таърихи таваллуд: асри XVI
Зодгоҳ: Ҳиндустон
Маҳалли даргузашт: Бадахшон
Навъи фаъолият: шоир
Солҳои эҷод: асри XVI

Бенаво (форсӣ: بینوا‎), Шоҳхалил ибни Иброҳими Бадахшонӣ (қарни XVI) — шоири форс-тоҷик (асри XVI).

Зиндагинома

[вироиш | вироиши манбаъ]

Дар Ҳиндустон ба дунё омадааст. Пас аз касби камол ба Хоразм омад. Аз Хоразм ба Бадахшон сафар карда, то охири умр дар ин ҷо зиндагӣ ва эҷод намуд. Мувофиқи маълумоти тазкиранигори тоҷик Нисории Бухороӣ («Музаккиру-л-аҳбоб») Бенаво шоири хуштабъ буд. Бо Нисорӣ дӯстӣ доштааст. Намунаҳои осораш ба тавассути тазкираҳо расидаанд. Абёти зерин аз ӯст:

Ман об шудам, сароб дидам худро,
Дарё гаштам, ҳубоб дидам худро.
Огоҳ шудам, тамом дидам ғафлат,
Бедор шудам, ба хоб дидам худро.

  • Ҳабибов А. Ганҷи Бадахшон. Душанбе, 1972.