Jump to content

Амрико

Мавод аз Википедиа — донишномаи озод
Нусхаи вироиш аз 09:09, 6 Январ 2021 тавассути VASHGIRD (баҳс | ҳисса) (ислоҳи вожаҳо using AWB)
(фарқият) ←Нусхаи кӯҳнатар | Намоиши нусхаи феълӣ (фарқият) | Нусхаи навтарин→ (фарқият)
Амрико
?
Парвандаҳо дар Викианбор

Аме́рика — қитъаи олам иборат аз ду материк; Америкаи Шимолӣ ва Америкаи Ҷанубӣ. Мафҳуми Америка маъмулан нисбати як давлати қитъа – ИМА ва барои ифодаи мансубият ба он (масалан, доллари америкоӣ, сафорати Америка, тарзи зисти америкоӣ ва ғайра) истифода мешавад.

Америка

Гарданаи Панама сарҳади байни ин ду материк аст. Дар Нимкураи Ғарбӣ, байни Уқёнуси Атлантик ва Уқёнуси Ором воқеъ гаштааст. Ба Америка калонтарин ҷазираи олам Гренландия ва якчанд ҷазираҳои дигари атроф тааллуқ доранд. Масоҳат 42,5 млн км². Аҳолиаш 890 млн нафар (2010). Кишварҳои байни Америкаи Шимолӣ ва Америкаи Ҷанубиро Америкаи Марказӣ, ҷазираҳои воқеъ дар Уқёнуси Атлантик ва Баҳри Карибро Вест-Индия (ё Америкаи Кариб) ва мамлакатҳои байни сарҳади ҷанубии ИМА ва Антарктида воқеъгаштаро Америкаи Лотинӣ меноманд.

5 аср пеш аз кашфи расмии Америка Абурайҳон Берунӣ дар Нимкураи Ғарбӣ мавҷуд будани хушкиро тахмин карда буд. Ба Гренландия ва соҳилҳои шимол шарқии Америкаи Шимолӣ дар асрҳои 10 — 11 норманнҳо омадаанд (нахустин кашфи ин ҷойҳо тақрибан ба солҳои 900-ум мансуб аст). Ҷазираҳои Антил, қисми шимолии соҳилҳои Америкаи Ҷанубӣ ва қисми ҷанубии Баҳри Кариби соҳилҳои Америкаи Шимолиро солҳои 1492—1503 Христофор Колумб кашф кардааст. Номи ин қитъаро харитасози лотарингӣ Валдземюллер соли 1507 дар асари худ «Муқаддимаи космография» ба шарафи баҳрнаварди италиявӣ Америго Веспуччӣ додааст, ки ӯ бори аввал сарзамини дар Нимкураи Ғарбӣ кашфшударо қитъаи нави олам тахмин карда буд. Мувофиқи тахмини дигар Америка аз номи тоҷири бристолӣ Ричард Америк, ки экспедитсияи трансатлантикии Ҷон Каботро (соли 1497, ду сол пеш аз Веспуччи ба соҳилҳои Лабрадор расидааст) маблағгузорӣ карда буд, бармеояд.

Аҳолии таҳҷоии Америкаи то давраи Колумб қавму қабилаҳои гуногуни ҳиндуёни америкоӣ ва эскимосҳои маҳаллӣ буданд. Аз замони дар Америка шурӯъ шудани ҳукмронии европоиҳо қисми бештари аҳолии бунӣ нобуд гардид. Аксарияти аҳолии кунунии Америка авлоди европоиҳо, африкоиҳо (ғуломони аз Африка овардашуда) ва ҳиндуҳои маҳаллӣ мебошанд.

Дар Америка шумораи америкоиҳо, англису канадагиҳо, мексикоию бразилиягиҳо, аргентинагиҳо, колумбиягиҳо, чилигию венесуэлагиҳо, кубагиҳо афзунтар аст.

Забони аксарияти аҳолии Америка ба забонҳои ҳиндуаврупоӣ мутааллиқ аст (испанӣ, португалӣ, франсавӣ).

Дар Америка асосан дини католикӣ ҳукмрон буда, адёни дигар ба ҳам даромехтаанд (мазҳабҳои протестантӣ, дини мулатҳо ва африкоиҳо).

Дар қитъаи Америка 50 мамлакат ҷойгир аст. Дар бораи табиат, таърих ва иқтисодиёти Америка нигар мақолаҳои Америкаи Шимолӣ, Америкаи Ҷанубӣ.


Қитъаҳо


Аврупо

Африқо

Амрико

Антарктида

Осиё

Уқёнусия