Jump to content

Аденовирусҳо

Мавод аз Википедиа — донишномаи озод
Нусхаи вироиш аз 07:06, 13 июли 2018 тавассути VASHGIRD (баҳс | ҳисса) (ҳазфи гурӯҳи болоӣ using AWB)
(фарқият) ←Нусхаи кӯҳнатар | Намоиши нусхаи феълӣ (фарқият) | Нусхаи навтарин→ (фарқият)
Аденовирусҳо
Микрофотографияи аденовирусҳо дар МЭУ
Микрофотографияи аденовирусҳо дар МЭУ
Табақабандии илмӣ
Номи байнулмилалии илмӣ
Adenoviridae
Группа по Балтимору
I: дцДНК-вирусы
Аденовирус дар қиёс бо дигар вирусҳо

Аденовирусҳо (лот. Adenoviridae, аз юнонӣ aden – ғадуд ва вирусҳо) — як гурӯҳи вирусҳо, ки ангезандаи бемориҳои гуногун (назлаи шадиди роҳҳои нафас, конъюнктивит, илтиҳоби шуш, илтиҳоби рӯдаҳо ва ғайра) мебошанд. Аденовирусҳо аз ҳуҷайраи аденоидҳо ва бодомакҳои одам, ки он ҷо дар ҳолати нофаъол қарор доранд, ҷудо карда шудаанд. Аденовирусҳои маймунҳо, гов, муш ва парандаҳо низ маълуманд. Аденовирусҳо аз ҷилди сафедавӣ ва ДНК, ки дар маркази вирион воқеанд, таркиб ёфтаанд. Аденовирусҳо липид надоранд. Андозаи Аденовирусҳо 70 – 90 ммк аст.