Jump to content

Энсиклопедияи миллии тоҷик: Тафовут байни таҳрирҳо

Мавод аз Википедиа — донишномаи озод
Content deleted Content added
No edit summary
Сатри 12: Сатри 12:
| ранги_замина = AliceBlue
| ранги_замина = AliceBlue
}}
}}
'''Энсиклопедияи миллии тоҷик''' — энсиклопедия ва ё донишномаи миллии [[Тоҷикистон]] мебошад.
'''Энсиклопедияи миллии тоҷик''' — [[донишнома]]и миллии [[Тоҷикистон]] мебошад.
Аз соли [[2008]] сар карда таълифу тадвини Энсиклопедияи миллии тоҷик, дар [[Тоҷикистон]] шурӯъ шудааст. Ҷилди якуми ЭМТ 5 ҳазор нусха бо сарфи 350 ҳазор сомонӣ дар шаҳри Алмаатои [[Қазоқистон]] нашр шудааст. Дар донишнома 3200 мақола ҷой гирифтааст, ки ба қалами 650 муаллиф тааллуқ дорад.<ref>[http://tojnews.org/taj/index.php?option=com_content&task=view&id=20268&Itemid=28 Нашри ҷилди аввали Энсиклопедияи миллии тоҷик дар Қазоқистон — Tojnews]</ref>
Аз соли [[2008]] сар карда таълифу тадвини Энсиклопедияи миллии тоҷик, дар [[Тоҷикистон]] шурӯъ шудааст. Ҷилди якуми ЭМТ 5 ҳазор нусха бо сарфи 350 ҳазор сомонӣ дар шаҳри Алмаатои [[Қазоқистон]] нашр шудааст. Дар донишнома 3200 мақола ҷой гирифтааст, ки ба қалами 650 муаллиф тааллуқ дорад.<ref>[http://tojnews.org/taj/index.php?option=com_content&task=view&id=20268&Itemid=28 Нашри ҷилди аввали Энсиклопедияи миллии тоҷик дар Қазоқистон — Tojnews]</ref>


Сатри 68: Сатри 68:
Аз соли 2014 вироиши интишороти Энсиклопедияи Миллии Тоҷик дар [[Википедиаи Тоҷикӣ]] шурӯъ шудааст.
Аз соли 2014 вироиши интишороти Энсиклопедияи Миллии Тоҷик дар [[Википедиаи Тоҷикӣ]] шурӯъ шудааст.


== Сомонаи ЭМТ ==
* [http://donishnoma.tj/ Сомонаи Энсиклопедияи Миллии Тоҷик]


== Нигаред низ ==
== Нигаред низ ==
* [[Энциклопедияи советии тоҷик]]
* [[Энциклопедияи советии тоҷик]]
{{commons|умумӣ}}


== Эзоҳ ==
== Эзоҳ ==
{{эзоҳ}}
{{эзоҳ}}

== Пайвандҳо ==
{{commons|умумӣ}}
* {{Сайти расмӣ|donishnoma.tj/}}


== Сарчашма ==
== Сарчашма ==

Нусха 06:17, 13 марти 2020

3 ҷилди Энсиклопедияи миллии тоҷик

Энсиклопедияи миллии тоҷик — донишномаи миллии Тоҷикистон мебошад. Аз соли 2008 сар карда таълифу тадвини Энсиклопедияи миллии тоҷик, дар Тоҷикистон шурӯъ шудааст. Ҷилди якуми ЭМТ 5 ҳазор нусха бо сарфи 350 ҳазор сомонӣ дар шаҳри Алмаатои Қазоқистон нашр шудааст. Дар донишнома 3200 мақола ҷой гирифтааст, ки ба қалами 650 муаллиф тааллуқ дорад.[1]

Ҷилди аввали ин энсиклопедия аз ҳарфи «А» шурӯъ шуда, бо калимаи «Асос»-и ин ҳарф анҷом ёфтааст.

Сарредаксияи илмии Энсиклопедияи Миллии Тоҷик 20 марти соли 2013 ҷилди дуввуми донишномаи бисёрҷилдаи «Энсиклопедияи Миллии Тоҷик»-ро ба нашр расонд. 25 дарсади иттилоот марбут ба ҳарфи «А» ба ҷилди дувум гузаштааст.[2]

Таърих

Бинобар ин бо Фармони Президенти Тоҷикистон дар давлати соҳибистиқлол, куҳанфарҳанг, мутамаддин, дунявӣ ва ҳуқуқбунёди мо низ ба таҳияу тадвини энсиклопедияи миллии бисёрҷилда пардохта шуд, зеро дар китобҳои энсиклопедӣ таърихи кишвар, илм, иқтисодиёт, хоҷагии деҳот, маданият, адабиёту санъат, урфу одат, маросимҳо, ҳаёту фаъолияти шахсиятҳои бузург, ходимони маъруфи ҷамъият, намояндагони мумтози илму маърифат, адибон, ҳунармандон ва санъатварони маъруф дарҷ хоҳанд шуд. Дар айни замон дар саҳифаҳои «Энсиклопедияи Миллии Тоҷик» бахше аз матолиб оид ба таърихи ҷаҳон, муҳимтарин дастовардҳои илму техника ва фарҳанги ҷаҳонӣ, ҳаёт ва кору пайкори нобиғагони ҷаҳонӣ, ки аз ҷиҳате ба ҳаёти миллати мо иртибот доранд ва ё ибратомӯзанд, сабт хоҳад гардид. Зеро «таҷрибаи таърихӣ нишон медиҳад, ки ҳеҷ як миллат наметавонад бидуни баҳравар шудан аз тамаддуни муштараки миллатҳову қавмҳои ҳамҷавор ба сари худ миллати тавонову бофарҳанг созад ва дар тӯли ҳазорсолаҳо бобақову поянда монда тавонад».[3]

Хати машйи кишвари мо, ки тарафдори сиёсати эътироф ва эҳтироми меъёрҳои ҳуқуқи байналхалқӣ, дахолат накардан ба истиқлолияти сиёсӣ ва иқтисодии кишварҳои ғайр, рушду тавсеаи ҳамкориҳо ва робитаҳои манфиатбахши дутарафа бо мамлакатҳои дунёст, ҳамеша аз арзишҳои милливу фарҳангии тоҷикон дар тамоми сатҳҳо ва арсаҳо пуштибонӣ мекунад.

Нашри нахустини ҷилди якуми ЭМТ аз ҷониби ҳайати Сарредаксияи илмии Энсиклопедияи Миллии Тоҷик соли 2012 интишор гардида, соли 2015 ҷилди чоруми Энсиклопедияи Миллии Тоҷик нашр шудааст.

Оғози фаъолият

Сарредаксияи илмии Энсиклопедияи Миллии Тоҷик аз ибтидои оғози кори китоби бисёрҷилдаи «Энсиклопедияи Миллии Тоҷик» ба муассисаҳои илмӣ, идораҳои давлатӣ, донишгоҳ ва донишкадаҳои олӣ, иттифоқҳои эҷодӣ, мутахассисони алоҳидаи тамоми соҳаҳои илму фарҳанг ва ҳатто пажӯҳишгоҳҳои хориҷию мутахассисини ҷудогонаи бурунмарзӣ бо Лоиҳаи луғатномаи нашри мазкур муроҷиат намуда онҳоро ба ҳамкорӣ ва мадад даъват карда буд, ки дар натиҷа Луғатнома мавриди муҳокимаи васеи аҳли ҷамъият қарор гирифта то андозае такмил ёфт. Таҷрибаи нашр шудани 8 ҷилди Энсиклопедияи Советии Тоҷик мабнӣ бар тақризу нақдҳои фаровони дар васоити ахбори омма ба табърасида собит намуд, ки аксари эродҳои мутахассисон ва хонандагони одӣ ба ҷой дода шудани шахсиятҳо дар китоб оид буданд. Ба хотири минбаъд ҷилавгирӣ кор кардан аз чунин эродҳо дар Энсиклопедияи Миллии Тоҷик Қарори Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон (№ 439 аз 2 сентябри соли 2010) "Дар бораи меъёрҳои ворид намудани шахсиятҳои маъруфи таърихӣ ва муосир ба «Энсиклопедияи Миллии Тоҷик» ба тасвиб расид, ки Сарредаксия тибқи он амал менамояд.

Вобаста ба татбиқи технологияи навтарини саҳифабандию ороиши китоб ва бодарназардошти сифати чопи китоб аз аксҳо ва расмҳои аксаран сиёҳу сафеди кӯҳнашуда, ки барқарор карданашон ғайриимкон буд, сарфи назар гардид. Ҳамчунин шахсиятҳое, ки акси худро пешниҳод накарданд, аз ҷилди аввал берун мондаанд. Ҳаҷми мақолаҳо вобаста ба мавқею манзалати мавзӯи пешниҳодшуда, муҳимияти он ва таклифи муаллифон бо мадди назар гирифтани маълумоти иловагӣ барои муҳаққиқони оянда муайян ва таъйин гардидааст.

Аксари мақолаҳои энсиклопедиро вобаста ба тахассусҳои гуногун олимони маъруф навишта, мақолаҳои мураттибӣ ва тарҷумавиро низ мутахассисони варзида аз маъхазу манбаъҳои мӯътамад тартиб додаанд, ё тарҷума кардаанд.

Тамоми мақолаҳои ҷилди аввали ЭМТ-ро бидуни олимон-мутахассисони ҷудогонаи соҳаҳои гуногуни илм, аъзои Шӯрои илмӣ-таҳририи аз тарафи Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон тасдиқшуда хонда маъқулу манзур ва ба чоп тавсия намудаанд. Тартиби омода кардани ҷилдҳои минбаъдаи ЭМТ низ ба ҳамин усул идома хоҳад ёфт.

Мундариҷа

Донишномаи «Энсиклопедияи Миллии Тоҷик» ҷанбаи илмию оммавӣ дошта нахуст энсиклопедияи миллист. Дар Қомуси «Энсиклопедияи Миллии Тоҷик» мақолаҳо дар бораи таърихи кишвар, илм, иқтисодиёт, хоҷагии деҳот, фарханг, адабиёту санъат, урфу одат, маросимҳо, ҳаёту фаъолияти шахсиятҳои бузург, ходимони маъруфи ҷамъият, намояндагони илму маърифат, адибон ҳунармандон ва санъаткорони маъруф дарҷ шудаанд. Дар айни замон дар Қомус бахше аз матолиб оид ба таърихи ҷаҳон, мухимтарин дастовардхои илму техника ва фарханги ҷаҳонӣ, хаёт ва кору пайкори нобиғагони ҷаҳонӣ, ки ибратомузанд оварда шудаанд.

Мутолиаи ройгон

Хонандагон имкон доранд ба таври ройгон аз сомонаи расмии Муассисаи давлатии Сарредаксияи илмии Энсиклопедияи Миллии Тоҷик нусхаи электронии ҷилдҳои нашршудаи донишномаи мазкурро боргирӣ ва мутолиа намоянд.

Ҳаҷм ва муҳтавои нашр

Ҷилд Унвон Соли

нашр

ISBN Шумораи

саҳифаҳо

Адади

нашр

1 А — Асос 2011 ISBN 978-99947-33-45-3 608 5000
2 Асос — Боз 2013 ISBN 978-99947-33-52-4 664 5000
3 Боз — Вичкут 2014 ISBN 978-99947-33-46-0 676 5000
4 Вичлас — Гӯянда 2015 ISBN 978-99947-33-77-4 660 5000
5 Ғ — Дироя 2016 ISBN 978-99947-33-67-5 664 5000
6 Дирҳам — Замин 2017 ISBN 978-99947-33-69-9 664 5000

ЭМТ дар Википедиаи Тоҷикӣ

Аз соли 2014 вироиши интишороти Энсиклопедияи Миллии Тоҷик дар Википедиаи Тоҷикӣ шурӯъ шудааст.


Нигаред низ

Эзоҳ

Пайвандҳо

Анбори Википедиа дар бораи ин мавзӯъ гурӯҳ дорад:
  • donishnoma.tj — вебгоҳи расмии Энсиклопедияи миллии тоҷик

Сарчашма