Абдумалик Абдуллоҷонов
Абдумалик Абдуллоҷонов (1 январи соли 1949, Хуҷанд, ҶШС Тоҷикистон, ИҶШС) — ходими сиёсии тоҷик, сарвазири Тоҷикистон аз 21 сентябри 1992 то 18 декабри 1993.
Абдумалик Абдуллоевич Абдуллоҷонов | |
20 ноябри 1992 — 18 декабри 1993 (и.в. аз 21 сентябри 1992) |
|
Пешгузашта |
Акбар Мирзоев Ҷамшед Каримов (и.в.) |
Ҷонишин | Абдуҷалил Самадов |
1987 — сентябри 1992 | |
Таваллуд |
1 январ 1949 (75 сол) |
Таҳсилот | |
Касб | Муҳандис-технолог |
Эътиқод | Ислом |
Зиндагинома
вироишАбдумалик Абдуллоҷонов 1 январи соли 1949 дар шаҳри Хуҷанд дар як оилаи номдор таваллуд шудааст. Бобои Абдуллоҷонов — профессор Абдураҳмон ибн аш-шайх Муҳаммад Султон ал-Маъсумӣ — олими машҳури улуми динӣ буд ва соли соли 1922 ба Арабистони Саудӣ фирор карда, онҷо мушовири шоҳи саудӣ Абдул Азиз буд.
Фаъолияти меҳнатӣ
вироишСоли 1971 Донишкадаи технологии Одессаро аз рӯи ихтисоси муҳандис-технолог хатм кард. Аз соли 1971 — сардор, баъдан сарвари комбинати Қайроққум шуда кор кардааст.
Аз соли 1980 — муовини вазири аъшёи хоми ҶШС Тоҷикистон, аз соли 1986 — муовини якуми вазир, аз соли 1987 — вазири масолеҳи нонии ҶШС Тоҷикистон буд.
Аз 21 сентябри соли 1992 — иҷрокунандаи вазифаи сарвазир; аз 20 ноябри соли 1992 — сарвазири Тоҷикистон буд.18 декабри соли 1993 ба сабаби норозигӣ бо сиёсати раисиҷумҳур Эмомалӣ Раҳмон, худро ба истефоъ дод.
Солҳои 1993—1994 — сафири Сафорати Ҷумҳурии Тоҷикистон дар Федератсияи Русия буд.
Моҳи ноябри соли 1994 дар интихоботи президентии Тоҷикистон номзадии худро гузошт. Моҳи июли соли 1996 блоки сиёсии Ҳамдилии миллиро ташкил кард. Баъдан — пешвои Чунбиши мухолифини шимол барои тамаддуни миллӣ буд. Аз нимаи даҳаи 1990-ум дар муҳоҷират зиндагӣ мекунад, Абдуллоҷоновро ҳамчун ташкилкунанди нооромиҳои Хуҷанд дар соли 1998 айбдор мекунанд. Дар ҳоли ҳозир Абдуллоҷонов дар шаҳри Лос Анҷелеси Иёлати Калифорнияи ИМА зиндагӣ мекунад[1].
Адабиёт
вироиш- Кто есть кто в России и в ближнем зарубежье: Справочник. — М., Издательский дом «Новое время», «Всё для вас», 1993. — ISBN 5-86564-033-X
Эзоҳ
вироиш- ↑ Абдумалик Абдуллоҷонов дар бораи сессия, интихобот ва инноватсия — 19 ноябри 2012 Радиои Озодӣ http://www.ozodi.org/content/interview-abdumalik-abdullojonov-exclusive/24775185.html